Баҳсу гуфтугӯе доир ба ин гузориши Радиои Озодӣ дар Фейсбук, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ идома дорад ва айни гапро даҳҳо писари дигар низ гуфтаанд. Аз ҷумла, Шукрулло Эгамбердиев, ки дар саҳифаи мо дар Инстаграм чунин шарҳе гузоштааст: "Ба фикри ман, ин кор нодуруст аст, ба ҷойи футбол духтарон дӯзандагӣ, ошпазӣ, ё забономӯзӣ мекарданд, хубтар мешуд."
Теъдоди дигаре аз корбарон гуфтаанд, майдони футбол барои духтарон нест ва вазифаи онҳо ба қавли ин идда таваллуд кардану дар хона нишастан аст. Фая Шукурова дар посух ба ин гуруҳ гуфтааст, "баъзеҳо занонро ҳамчун ғулом фикр мекунанд ва истифода мебаранд."
Назарҳои баръакс ва таҳсину офарин ба духтарон ҳам зиёданд ва аз худи писарон ҳам, аз ҷумла аз номи корбаре бо номи Малоҳат Назарова, ки дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст: "Он гуна, ки дар байни мардҳо мардҳои боғайрат ҳастанд, занҳо ҳам метавонанд пешбарандаи корхонаҳои бузург бошанд, олим бошанд. Монеаи футболбозии духтарон нашавед. Зан ҳам инсон аст ва барои ғуломӣ таваллуд нашудааст."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корбари дигаре, ки худро "Суннатӣ 99" муаррифӣ кардааст, тарафдори футболбозии духтарон аст, чун ба қавли ӯ, аз бекорӣ варзиш барояшон беҳтар аст. Вай дар саҳифаи мо дар Инстаграм чунин шарҳ гузоштааст: "Ман ҳамчун як инсон бозии духтаронро дастгирӣ мекунам. Назар дар кӯчаҳо гаштан, футбол 100 бор хубтар аст."
Корбари дигаре гуфтааст, варзиш барои ҳама аст ва чӣ духтару чӣ писар метавонанд ба он машғул бошанд. Шарҳи кӯтоҳи ин корбарро мехонем, ки худро "Приколтҷ" номидааст: "Чӣ фарқ дорад, духтар ва ё бача. Ё писарон Шуморо аламатон омадааст. Футбол намегӯяд, ки духтарӣ, ё писар."
Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳам назарҳо гуногун ҳастанд, ҷонибдорон ва мухолифони футболбозии духтарон дар Тоҷикистон зиёд аст.
Яке аз корбарон бо номи Фарида ба духтарони футболбоз дар Кӯлоб аҳсан хонда ва чунин гуфтааст: "Офарин, бояд дастгирӣ шаванд, чун футболи занонаро қариб ҳамаи кишварҳои дунё доранд. Аслан барои варзиш мард ва ё зан будан фарқ надорад, муҳим истеъдод, заҳмат ва иродаи мустаҳкам доштан аст. Муваффақ бошед, хоҳарони азиз."
Корбаре, ки гузориш дар бораи футболбозии духтарон дар Кӯлобро дар вебсайти Радиои Озодӣ тамошо кардааст, менависад, ҷомеаи Тоҷикистон ба озодии бештари занон зарурат дорад, дар акси ҳол пешрафт намекунад.
Шарҳи ин корбарро мехонем, ки нахостааст номаш зикр шавад: "Занон бояд озод бошанд, то ҷомеа пешрафт кунад! Ҳар ҷомеае, ки дар он зан озод аст - пешрафта аст!"
Шумо ҷонибдори футболбозӣ кардани духтарон ҳастед, ё не? Нависед, ё дар видео сабт кунеду ба мо бифиристед. Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем.