Зулм ба занон, ҳаёҳу гирди номи футболбозони тоҷик ва намоз зери жола дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Имрӯз дар бораи модаре, ки зоҳиран аз ҷабри шавҳар худу ду тифлашро дар Ҳисор кушт, суҳбат мекунем ва ҳам дар бораи ғавғое, ки дар гирди футболбозии наврасони тоҷик бардоштанд. Видеоҳои шумо дар бораи ибодат зери борону мошинҳои бадбӯй дар Душанберо ҳам мебинем.

Ҷазо гирифтани шавҳари Сайрам Холова аз деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, ки моҳи майи соли гузашта худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохту худкушӣ кард, баҳси зиёдеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук барангехт.

"Сузана Орейро" дар Фейсбук гуфтааст, "беҳтараш аз шавҳар ҷудо мешуд ва худу кӯдаконашро намекушт." Маҳбуба Забирова дар посух гуфтааст, "бечора зан аз тарси таънаи мардум худкушӣ кардааст. Ба қавли ӯ, баъзе аз мардум аз санг задан ба иззати як зани ҷудошуда аз шавҳар лаззат мебаранд ва барои ҳамин занҳои соддаи тоҷик даст ба худкушӣ мезананд."

Агар надонед, пас мегӯем, ки додгоҳ Фатҳулло Шарипов, шавҳари Сайрам Холоваро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсар ва ду кӯдакаш ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Шумо духтарро барои ҳамхобагӣ бо мард зоида тарбия кардаед?"

Фоҷиаи ин духтари 23-сола зоҳиран як корбари вебсайти Радиои Озодиро сахт озурдаву ғамгин кардааст, ки зери номи мустаори "Модар" навиштааст, "мехоҳанд духтари 17-соларо келин кунанд ва мехоҳанд, ақли зани 50-соларо дошта бошад ва хизматгор шавад." Ба қавли "Модар", "ин менталитети асри санг аст ва дар баробари шавҳар ва онҳое, ки ӯро озор додаанд, гунаҳкоранд. Эй падару модарон! Шумо духтарро барои таҳқиру ҳамхоба кардани кадом марду хушдоману хешовандони золим зоида тарбия кардаед?"

Хуб мешуд, агар шумо ҳам хомӯш набошеду назаратонро дар ин бора бигӯед.

Бармегардем ба мавзӯи хурсандкунанда ва ба бозиҳои дастаи футболбозони 16-солаи тоҷик, ки баъди пирӯзиҳои пайдарпай ба марҳилаи асосии интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ ёфтанд.

Абдусодиқ дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "офарин ба дастаи наврасон ва муборакбодӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон." Ӯ футболбозони тоҷикро барои бозии хуб бо урдуниҳо ситоиш карда ва гуфтааст, "ин бозӣ дер боз ба хоби урдуниҳо хоҳад даромад."

Шараф навиштааст, "раҳмат ба мураббиён, ки чунин бачаҳои нотарсу ҷасур тарбия карданд. Ана ҳамин хел давом диҳанд, соли оянда Худо хоҳад Ҷоми Осиё аз они мо мешавад!"

Иброҳим Давлат дар Инстаграм навиштааст, "кош, дастаи калонсолони Тоҷикистон низ ҳамингуна бозӣ мекарданд." Корбаре бо номи "Фозилкод" ҳам ба забони русӣ навиштааст, "Тоҷикистон дер боз аст, ки ақиб меравад, ҳадди ақал шумо ба пеш меравед."

Шумо чӣ мегӯед. Зери ҳамин барнома, дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Интернет, Фейсбук ва Инстаграмм нависед.

Дар барнома видеое дорем аз масҷиде дар ноҳияи Минский 63 дар шаҳри Маскав. Муаллифи видео гуфт, онро рӯзи 20-уми сентябр ҳангоми намози ҷумъа сабт кардааст. Ба қавли ӯ бо вуҷуди борону жолаи сахт, муҳоҷирон аз ҷояшон такон нахӯрданд ва ба ибодат идома доданду ба ваъзи мулло гӯш доданд.

Видеои дигарро як корбаре аз шаҳри Душанбе фиристод ва навишт, солҳои ахир Душанбе зебо шудаву тараққӣ кардааст. Аммо мошинҳои кӯҳнаи партовкаш гоҳе нороҳат мекунанд. Ба қавли ӯ, "Худое нокарда яке аз наздат гузарад, дар бӯи он тоқат карда намешавад."

Мисли ҳамеша фиристодани видеову аксу назар аз ёдатон наравад. Ба рақамҳои

+420 607 900 808;

+992 980 15 10 10,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем. То дидор дар барномаҳои дигар.