Хабари тамрини ҳафт ҳазор нафар дар Кӯлоб дар Инстаграми Радиои Озодӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, яке аз корбарон бо номи Садр ё бо шӯхӣ ва ё воқеан гуфтааст, ки “ман як донишҷӯям. Бовар кунед, аз дасти маршировка кадом рӯз раққос ё раққоса мешавем.”
Видеои дигаре, ки аз хонандагон дастрас шуд, аз дохили ҳавопаймо аст ва баёнгари шеваи рафтори баъзе аз тоҷикон дар фазо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мавзӯи дигаре, ки вокунишҳои зиёдро ба миён овард болоравии нархи орд мебошад. Сокинон мегӯянд, қимати як халта орди панҷоҳкилоӣ дар баъзе аз минтақаҳо аз марзи 200 сомонӣ гузаштааст. Мақомот мегӯянд, сабабҳои болоравии нархро меомӯзанд. Тоҷирон афзоиши қурби доллар ва камчинии орд дар Қазоқистонро далел меоранд.
Ҳусейни Абдусаттор дар Фейсбук навиштааст, қиммати тарбуз аз ҳисоби гармии ҳаво буд, акнун гаронии орд аз ҳисоби хунук омадани ҳаво бошад? Нигин Нигина ҳам дар Фейсбук гуфтааст, “сабаби қиматӣ тарозуҳо аст. Ордро аз вилояти Суғд меоранд. Шаш тарозу аз камаз пул мегирад. Соҳибони орд маҷбур ҳастанд, ордро қимат кунанд.” Маруся гуфтааст, гӯштро қимат карданд, ки ба саломатӣ зарар доштаст. Орд ба куҷои инсон зарар мекарда бошад?” Убайд Фахриддинов бадоҳатан дар ҷавоб гуфтааст, “ба меъда зарар дорад. Фарбеҳ мекунад.”
Корбаре Беном дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “Хадамоти зиддиинҳисорӣ бояд хама вақт вазъро омӯзад, на инки вақте нарх боло рафт. Баъдан ҳамон доллар арзон ҳам шавад, нархи орд арзон намешавад.”
Хонанди дигаре бо "Бадайбо" гуфтааст, Тоҷикистон бояд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайваст шавад, ки ҳам ба иқтисод ва масъалаи муҳоҷират ҳалли худро меёбад. Бар илова миллион ҷои корӣ барои муҳоҷирон”.
Як хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи онки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон боиси қафомондагии соҳаи мухобирот, аз ҷумла Интернет дар кишвар шудааст, баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Корбаре бо номи "Логично" дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “дар инҷо на бобои Бек Сабур гунаҳгор аст ва на хадамоти алоқа. Ин худ як сиёсати давлат аст, ки ба ҳар восита алоқаи мардумро бо берун маҳдуд мекунанд, чунки мардум ба воситаи Интернет зиндагии серу пури дигаронро дида дар сарашон як савол ба вуҷуд меояд: Чаро мо аз ҷиҳати захираҳо аз бисёр давлатҳо бой ҳастему аз ҳамма қашшоқтар зиндагӣ мекунем?”
Мусофир гуфтааст, “Бонки Ҷаҳонӣ дуруст мегӯяд. Тоҷикистон аз ҳама кишварҳои ҳамсоя ҳатто аз Афғонистони ҷангзада ҳам ақиб мондааст дар соҳаи алоқаву мухобирот”.
Комрон гуфтааст, “ин айби сиёсати Русия мебошад. Низоми алоқаи Тоҷикистон як ҷузъи воҳиди низоми алоқаи Россия аст.”
“Барои мо тамос ва иртибот танҳо ба спутникҳои русӣ ва қазоқӣ дода мешавад, дастрасӣ ба дигар моҳвораҳо қатъиян мамнуъ аст”, -- гуфтааст ӯ.
Баҳсҳо дар ин бора зиёд аст ва шумо ҳам метавонед ба он ҳамроҳ шавед, дар вебсайти Радиои Озодӣ, ё саҳифаҳои мо дар Фейбсук, Инстаграм ва ё Одноклассники.
Ду видеои дигаре, ки ин ҳафта ба мо фиристоданд яке дар бораи шарҳи ҳоли муҳоҷирон аз Русия аст ва дуввумӣ аз садамаи пурқурбоние дар ҳудуди вилояти Хатлон.
Худу хонаводаҳоятонро эҳтиёт кунед ва мо интизори видеоҳои ҷолибу саршор аз хушии шумо ҳастем. Видеоро ба ин рақамҳо фиристед,
+420 607 900 808;
+992 980 15 10 10,
+420 724 056 681;
+420 724 053 959.
аз тариқи Вотсапп Вайбер, Телеграм ва ё ИМО. То дидор дар барномаи оянда!