Мушкили интиқоли пул ва баҳсҳо дар атрофи духтарони атласпӯш. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Мушкил дар интиқоли пул ба Тоҷикистон, суҳбат бо милиса аз паси панҷара, нақби тираву тор ва пургарду ғубори "Истиқлол" ва баҳсҳо дар атрофи духтарони атласпӯш дар зимистони сард аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.

Як ҷавони тоҷик аз Русия видео фиристод ва гуфт, ӯро мақомоти пулис бе сабаб дастгир карда, паси панҷара андохтанд. Ин ҷавон баъдан ба Радиои Озодӣ гуфт, барои раҳоияш аз ӯ пул хостаанд ва чизе надода, дар ниҳоят аз шуъбаи умури дохилӣ берун рафтааст.

Воқеан, мо чанд шарҳ гирифтем, ки чаро фақат видеоҳоеро намоиш медиҳем, ки вазъи ногувори муҳоҷиронро нишон медиҳанд ва бо ин кор падару модарони онҳоро ғамгин мекунем. Видеое, ки як муҳоҷири дигар фиристод, баръакс баёнгари вазъи хуби ӯ дар Русия аст. Наворро дар барнома бинед.

Дар бораи мушкили интиқоли пул ба Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки рӯзи 3-юми декабр шуруъ шуд. Меҳроб Назриев дар Инстаграм мақомотро танқид кардааст, ки фикри муҳоҷиронро намекунанд.

Ӯ навиштааст: "Оё ҳукумати мо фикри муҳоҷиронро намекунад? Берун аз кишвар якчанд рубл бо арақи ҷабин ба даст овардаанд ва мехоҳанд, бо харҷи кам ба хона бифристанд, аз ҳамин имконият маҳрум карданианд. Магар ин ғамхорӣ ба халқи худ аст?"

Баҳси доғе дар бораи ин масъала дар Фейсбук ҳам идома дорад ва корбаре бо номи Беҳрӯз Раҳмат навиштааст, "Золотая корона" яке аз системаҳоест, ки 87 дар сади муҳоҷирон ба воситаи он пул мефиристанд. Бигзор ҷонибҳо зудтар роҳи ҳалро пайдо кунанд ва муҳоҷирони бечора, ки бо сад азобу машаққат пул кор мекунанд, сарсону саргардон нашаванд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Дар хонаи мо барои нон ҷанг аст, инҳо роҳи пулро бастаанд"

Яке аз муҳоҷирони тоҷик бо номи Суҳроб Ҷобиров аз Русия ба мо занг зад ва гуфт, "дар хонаи мо барои нон ҷанг аст, инҳо роҳи фиристодани пул ба Тоҷикистонро бастаанд."

Шояд ин ҳафта аксҳои духтарони тоҷикро дидед, ки даст пеши бар раиси ноҳияи Темурмаликро пешвоз гирифтанд.

Корбаре ба номи Аскаралӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "раисони ноҳияву вилоятҳо аз маросими истиқболи президент ибрат гирифта ва гуфтаанд, ки чаро ба ӯ мумкин будаасту ба мо не. Шумо оё дидаед, ки дар бузургтарин кишвари дунё – Амрико – Обама, Буш, Клинтон ва ё Трампро муҳассилон бо гулу шеърхониву либоси чакану атлас пешвоз гирифта бошанд?"

Корбаре бо номи Ардашери Бобакон навиштааст, "бигзор, монанди он ки ришу рӯймол ва маъракаҳоро танзим карданд, истифодаи донишӯёнро барои пешвози намояндагони мақомот ҳам ба танзим дароранд. Кадом ҳукумати ноҳия талабаҳоро барои пахтачинӣ ва рақсу бозиву пешвозгирӣ дар пеши мансабдорон истифода мекунад, ҷарима шавад."

Дар Инстаграм ҳам баҳс дар ин бора бисёр зиёд аст ва яке аз корбарон бо номи "Тоир 1992" навиштааст: "Ба ин кор бояд хотима дода шавад, ҳамон раис, агар духтари худашро онҷо тасаввур мекард, мумкин ин духтаронро бо либоси тунуки остинкӯтоҳ дар ҳавои сард барои истиқбол намеоварданд."

Шумо ҳам агар назару андешае доред, пас ба мо нависед. Ё видеову аксҳоятонро бифристед. Вайберу Телеграму Вотсап ва ИМО дорем. Видеои онҳое, ки нашр нашуд, дар барномаи оянда ҳатман ҷо медиҳем. То дидор дар барномаҳои дигар.