"Душанбе фақат шаҳри сарватмандону мансабдорон нест." Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Фирори ҷавонон ба кӯҳ аз тарси хидмат дар артиш, мурғпарварии муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ ва манъи чорвопарварӣ дар қаламравҳои нави Душанбе аз видеову мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.

Дар оғози барнома видеоеро мебинем, ки бачаҳо зоҳиран аз минтақаи кӯҳистонии Рашт фиристодаанд ва нақл мекунанд, ки аз тарси даъвати иҷборӣ ба хидмат дар як ҷойи дурдаст, ба қавли худашон, "гуреза шудаанд".

Ба он ҷавонони тоҷик, ки ба Кореяи Ҷанубӣ рафтаанду дар онҷо кор мекунанд, хатари боздошт ва ба артиш бурдан таҳдид намекунад. Яке аз ин ҷавонон видеои маҳалли корашонро дар ин кишвари дур аз Тоҷикистон ба мо фиристод.

Манъи мурғу чорвопарварӣ дар гӯшаҳои нави Душанбе дар чанд рӯзи гузашта дар вебсайти Радиои Озодӣ, саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм баҳси зиёдро ба по кард. Бисёре аз онҳое, ки гузориши моро дар бораи манъи парвариши гову гӯсфанду мурғ дар маҳаллаҳои нави Душанберо хонда ва ё дидаанд, ё хурсанд шудаанд, ё асабонӣ.

Шуруъ мекунем аз асабониҳо ва бо назари Амирҷон Аминҷонӣ. Ӯ дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: "Ҳавлии худашон аст, ҳарчӣ хоҳанд, нигаҳ медоранд. Касе ҳаққи манъ кардан надорад. Дар Хуҷанд дар назди биноҳои баландошёна гову гӯсфанд нигаҳ медоранд. Душанбе танҳо шаҳри сарватмандону мансабдорон нест. Халқро бо кор ва маоши хуб таъмин карда наметавонед, бимонед, ақаллан аз ҳисоби чорвопарварӣ зиндагиро пеш баранд."

Барномаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Аз рӯзи омадани ӯ, рӯзи мо сиёҳ шуд”

Нусратулло Мирзоев гуфтааст, "аҷиб аст, чорводорӣ дар бисёре аз оилаҳои тоҷик сарчашмаи асосии пешбарии зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Офарини мардуми бечора."

Далер Элмуродов ҳам дар Фейсбук навиштааст, "мурғу гову парранда чӣ халал мерасонанд? Магар ширу тухми саҳар барои кӯдакон аз хонаи худат хуб нест?"

Теъдоди тарафдорони манъи парвариши чорвои хонагӣ дар Душанбе кам нест ва яке аз тарафдорон корбаре бо номи Мунираи Иноят аст, ки дар саҳифаи мо дар Фейсбук чунин навиштааст:

"Бисёр кори хуб кардаанд. Пеш дар шаҳр пашша ва ё магас кам буд. Ҳоло агар ҳушёр набошӣ пашша мебардорад. Дар ҳамсоягии падарам як марди чорвопарвар омад. Аз рӯзи омадани ӯ рӯзи мо сияҳ шуд. Дар ҳавлии танг то 40-50 гӯсфанд нигаҳ медорад. Ҷойи танг, ифлосӣ, бӯи ғализ ва ғайраю ғайраҳо. Ман ҷонибдори иқдоми пешгирифтаи ҳукумат ҳастам."

Мадина Гулмамадова дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: "Чаро дар Душанбе хона мехаред ва гов мепарваред? Айни меъёрҳо, яъне манъи чорвопарварӣ дар тамоми шаҳрҳои бузург ва ҷаҳони мутаммадин ҳаст. Ҳар касе, ки гову мурғпарвариро дӯст медорад, пас, дар канори шаҳр хона мехарад ва оромона ба ҳамин кори дӯстдоштааш машғул мешавад."

Бармегардем ба вебсайти Радиои Озодӣ, ки корбаре бо номи "Инсоф" дар он навиштааст, "вақте мехоҳед чизеро манъ кунед, ҳатман роҳи ҳалли ҷойгузине барояш пайдо кунед. Дар Тоҷикистон мо фақат аз мақомот ин калимаҳоро мешунавему халос: накунед, дуруст нест, ин кор ҷиноят аст ва дигар калимаҳои монанди он."

Корбаре бо номи "kurban_tjk_mali" дар Инстаграм гуфтааст, "шаҳр покизаву зебо бошад, вале мардум шикамаш гурусна гардад? Коратон дуруст, ки шаҳрро покиза нигаҳ медоред, лекин мардум ҳам илоҷ надорад."

Мехоҳед ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шавед, пас, саре бизанед ба вебсайти мо ва ё саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм. Ё видеову хабаре ё назаре доред, ба мо фиристед аз тариқи Вотсаппу Вайбер, Телеграм ва ё ИМО. То дидор дар барномаи дигар.