Боздошти муҳоҷирон дар шаҳри Новосибирски Русия, занозании маргбори донишҷӯён ва баҳсҳо дар бораи боғи ҳайвоноти Душанбе аз мавзуъҳоест, ки дар бораашон гап мезанем.
Аммо барномаро бо видеое аз Олмон оғоз мекунем. Муаллиф мегӯяд, наворро дар маркази шаҳри Ҳаген гирифтааст, ҷое, ки кабутарҳои зиёд ҷамъ омадаанд. Вай муносибати мардум ба табиатро дар Тоҷикистону Олмон муқоиса кардааст.
Видеои дигаре, ки ба дасти мо расид, аз шаҳри Новосибирски Русия аст. Бино ба он, пулис рӯзи 11-уми октябр дар маркази савдои “Восток” чандин муҳоҷири тоҷик ва намояндагони кишварҳои дигари Осиёи Миёнаро тафтишу дастгир кардааст. Мақомот онҳоро ба дуруст набудани санади будубош муттаҳам намудаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, дар ҳаққашон ноадолатӣ шуд.
Аз ин бигзарем, ҷанҷоли донишҷӯён дар Душанбе, ки бо марги яке аз онҳо анҷомид, баҳсҳои зиёдеро дар сомонаи Радиои Озодӣ ба по кардааст. Корбаре бо номи “Зиндонӣ” гуфтааст, “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ. Қонуне бояд дуруст кард, ки ба куштор ва суиқасд ба куштор 30-40 сол ҳабс таъйин кунад. Он вақт чунин корҳо хеле кам хоҳад шуд.”
“Педагог” менависад, “кӯдакон аз хурдӣ дар хонаву мактаб бо “дафъ шав”-у “гум шав” калон мешаванд. Аз куҷо ҳурмати якдигарро омӯзанд. Мактабу муаллимон ба либоспӯшӣ ва мӯйи сари кӯдакон – овора.”
Адолат пешниҳод кардааст, ки мақомот посбонҳои мактабу донишгоҳҳоро бо дастгоҳи оҳансанҷ таъмин кунанд. “Албатта, меҳнатталаб аст, вале барои муътадил нигоҳ доштани вазъ ва орӣ кардани ҷамъият аз ҷиноят хуб аст”, -- гуфтааст ӯ.
Хонандагон ба фавти гавазну шутурмурғ дар Боғи ҳайвоноти Душанбе, ки ҳоло аз тарафи мақомот санҷиш мешавад, низ бетараф набудаанд. Баъзеҳо пешниҳод доранд, ки ҷонваронро озод карда, боғро бибанданд. Масъулони боғ мегӯянд, сабаби марги ҷонварон табиӣ аст ва набояд воҳима кард.
“Саодат 0712” боғи ҳайваоноти Душанберо ба зиндон ташбеҳ карда ва гуфтааст, “ҳайвоноти мо дар он ҷо дар азобанд.” Инсоф ҳам дар сомонаи Озодӣ навиштааст, “Боғи вуҳуши Душанбе ба як зиндони ҳайвоноти безабон мубаддал гаштааст. Меҳмонони хориҷӣ ин боғро дида, ба инсофу одамгарӣ ва раҳму шафқат ва маданияти халқ баҳо медиҳанд. Наход ҳамин қадар харҷҳои калон ва худнамоиҳо бас набошанд?”
Муҳаммад дар Инстаграм иддао кардааст, ки дар 15 соли ахир дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ҳеч тағйиротеро надидааст. Шерзод Мирзозода гуфтааст, “вақте ҳайвонҳоро нигоҳубин карда наметавонед, монед дар табиат гарданд, раҳояшон кунед.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корбаре “Беном” дар торнамои Озодӣ гуфтааст, “гавазну шутурмурғ аз гуруснагӣ мурдаанд. Агар ба тамошои Боғи ҳайвонот равед, ҳоли ҷонваронро дида, раҳми кас меояд, пӯсту устухон ҳастанд. Ин қадар маблағе, ки ҷамъ мешавад, ба куҷо сарф мешуда бошад?”
Ин баҳсҳо дар сомонаи Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Инстаграму Фейсбук ва Одноклассники идома дорад, бе ибо ба он ҷо ворид шавед ва назари худро бигӯед.
Дар поёни барнома видеои дигаре дорем, ки онро ҳам аз Русия фиристодаанд, аз метрои “Марино”-и шаҳри Маскав. Муаллиф мегӯяд, даҳҳо муҳоҷири роҳрӯбро дар як ҷо ҷамъ кардаанд, то санадҳояшонро тафтиш кунанд.
Шумо ҳам фиристодани видеоҳои худро фаромӯш накунед. Ба ин рақамҳо: