Барномаро бо видеое оғоз мекунем, ки Сироҷиддин Ҳакимов, сокини ноҳияи Ҳисор, аз сохтмони боғи наве аз Маскав фиристодааст.
Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар суҳбати телефонӣ бо мо гуфт, як сол боз дар пойтахти Русия муҳоҷир аст ва аз кори зиёд хаста шудаву мехоҳад ба назди оилааш баргардад, вале феълан ин корро карда наметавонад.
"Чаро? Дар Русия кор мекунем, то оилаи худро таъмин намоем. Ватани мо ватани беҳтарин аст ва дар он ҷо низ кор ёфт мешавад. Аммо миёнаравҳо бисёранд ва пулатро намедиҳанд, фиребат мекунанд", -- афзуд ӯ.
Видеои дувуми барномаро низ аз Русия гирифтем ва аз лаҳзаи кори як муҳоҷири тоҷик. Муаллиф мегӯяд, бо вуҷуди он ки борон мебораду ҳаво сард аст, муҳоҷирон барои аз даст надодани кор ва пеш наомадани мушкил "вазифаашонро иҷро мекунанд, ҳарчанд гоҳе ба зарари онҳо ва саломатиашон анҷом меёбад."
Вале бо вуҷуди сахтиҳое, ки муаллифони ду видеои аввал ба мо нақл карданд, баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, хонавода ва зодгоҳи худро фаромӯш накардаанд. Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз деҳаи Калфи Болои ноҳияи Ёвон бо ирсоли видео гуфтанд, роҳи деҳаро на мақомот, балки онҳо бо пули худ мумфарш кардаанд.
Ҳоло ба шарҳи хонандагон мепардозем. Иддаои як оила дар шаҳри Исфара, ки мегӯянд, маъмури милиса дар дохили синф писарашонро беасос задааст, бо мавҷи вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд.
“Нодон” гуфтааст, “маъмури милиса ҳақ надорад, ки вориди синф шавад”. Сайфиддин ҳам дар сайти Радиои Озодӣ навишт, “ростӣ, дар ноҳияҳои кӯҳистон дахолати беҷои маъмурони милиса ба соҳаи маориф хеле зиёд аст. Кор ба ҷое расида, ки милисаҳо конспекти муаллимро тафтиш мекунанд. Шояд як сабаби аз мактаб рафтани муаллимони соҳиби эҳтиром низ ҳамин бошад.”
Видеои барномаро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонандае бо номи “Лев” гуфтааст, “пас, мардум чӣ гуна ба милисаҳо бовар кунанд? Беадолатӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад.”
“Омӯзгор” ин эҳтимолро сарфи назар накардааст, ки “шояд хонанда рафтори бад карда ва чунин ҷавоб гирифта бошад”
Ин баҳс дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста нашудааст ва шумо ҳам имкон доред ба он ҳамроҳ шавед. Ҳамчунин метавонед назари худро дар бораи кори Саид Носеҳ Толибов, тоҷири тоҷик дар Эквадор нависед, ки гулҳои парвардааш дар 30 кишвари дунё ба фурӯш мерафтаанд.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фазову шароити Эквадор дар муқоиса ба Тоҷикистон барои тиҷорат бисёр муносиб аст. “Максалиндар” дар Инстаграм навиштааст, “агар ин тоҷир дар ватан мебуд, кайҳо корашро мегирифтанд ва худашро ҳабс мекарданд.” Ашӯралӣ пурсидааст, “ягон имконияти кору зист бошад, тайёрем дар гулхонаҳои бародар кор кунем.”
Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:
Одил дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт, “ба кишварҳои дигар низ биравед, ҷаҳонбиниатон васеъ ва вазъи молиатон хуб мешавад. Қурбони касе ҳастам, ки аз ғарибӣ наметарсад. Танҳо бо Русия маҳдуд нашавед, кишварҳои дигарро низ фатҳ кунед.”
Саттор гуфтааст, “аз ин ҷумла бисёр хушам омад, ки мегӯед, "дурӣ аз Ватан сахт мегузарад”. Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан. Пас, Шумо ҳамеша бо Ватан ҳастед.”
Бо ин шарҳҳо ва бо умеди хушии шумо барномаи Озодӣ Онлайнро ба поён мебарем. Навиштани шарҳу фиристодани видеоҳоро фаромӯш накунед. Ба ин рақамҳо:
+420 607 900 808;
+992 980 15 10 10,
+420 724 056 681;
+420 724 053 959.
То барномаи оянда!