Баъди кашмакашҳои сеҳафтаина, зиёни пулии ба ҳисоби телефони мобили Анӯшервон воридшуда бартараф ва пул ба суратҳисоби ин муштарӣ баргардонида шуд.
Дар бораи вуҷуди чунин мушкил Анӯшервон, як сокини Душанбе ва хонандаи сайти радиои Озодӣ тавассути занги телефонии Скайп ба Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, ки ҳамагӣ як рӯз пас аз пардохти пули якмоҳаи телефон – тақрибан 15 доллари амрикоӣ, ба ӯ гуфтаанд, ки ҳаққи якмоҳаи истифодаро харҷ кардааст ва агар Интернет мехоҳад, бояд пули иловагӣ пардозад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Анӯшервон, ӯ "аз ин ҳисоб аслан тине ҳам харҷ накарда буд".
Рӯзи чоршанбеи 17-уми апрел намояндаи ширкати мухобиротии «Билайн» аз шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки воқеан ҳам рӯзи 6 апрел маблағи яке аз муштариёни онҳо иштибоҳан аз сурат-ҳисоби ӯ ба нафъи ширкати мазкур гузаштааст. Намояндаи «Билайн» илова кард, ки таҳқиқи онҳо муайян намуд, ки зиёни пулӣ на танҳо ба Анӯшервон, балки ба муштариҳои дигар ҳам ворид шуд ва сабаби ҳамаи ин, иштибоҳи фаннӣ будааст. Масъулини "Билайн" аз гуфтани шумори дақиқи муштариҳои зарардида худдорӣ карданд ва таъкид намуданд, ки ҳаққи муштариҳо барқарор шуд ва маблақҳои аздастрафтаи онҳо дубора ба сурат-ҳисобҳои телефонҳояшон ворид гардид.
Радиои Озодӣ дар бораи ин қазия ба намоядагони ширкати «Билайн» ва раиси Иттиҳодияи дастраскунандагони алоқаи мобилӣ Ғафур Эркаев тавассути барномаи Скайп як сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад