Директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.
Озодӣ: Хонум Маҳкамова, лутфан мегуфтед, ки чӣ тавр ба созмони Шумо даст дод, ки миқдори қобили мулоҳизаи сармояро ҷалб кунед?
Маҳкамова: "Соли 1999 мо нахустин бастаи маблағҳо барои барномаи ироаи қарзҳои тиҷоратӣ дар ҳаҷми 600 ҳазор долларро аз ҳукумати ИМА (тавассути USAID) дарёфт кардем. Ин маблағҳо зуд ба кор андохта шуда, барои анҷоми тарҳҳои соҳибкорӣ равона гардид. Баъди ҳашт моҳи ин тарҳ мо тавонистем, ки худкифо шавем ва ба муваффақиятҳои молӣ ҳам даст ёфтем. Ва баъдан ҳамин сохтори мо ҳам дар таҳияи қонунҳои марбут ба ироаи қарзҳои хурд ширкат кард. Натиҷааш ин шуд, ки соли 2004 нахустин қонун оид ба ироаи қарзҳои хурд қабул шуд. Кори мо аз назари даромади молӣ пешрафт кард, чун мо баъдан дар самти ҷалби қарзҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорон муваффақ шудем. Танҳо дар соли ҷорӣ “Имон Интернешинал” 26 миллион доллар сармояро аз берун барои қарздиҳӣ ҷалб карда тавонист."
Озодӣ: Хонум Гулбаҳор, ҳарфҳои Шуморо кас мешунаваду ба сахтӣ бовар мекунад, ки ин гапҳоро аз забони як хонуми тоҷик мешунавад. Шуморо чӣ касе пуштибонӣ мекунад? Вақте дар гирду атроф аз ҳар кас мешунавед, ки дар Тоҷикистон пешбурди тиҷорату соҳибкорӣ, бидуни ин ки пуштибону ҳимоятгаре дошта бошӣ ва ё барои ҳифзи кору манофеат ба касе ришваву пул бидиҳӣ, ҳеҷ имкон надорад, шумо дар бораи чунин муваффақиятҳо ҳарф мезанед.
Маҳкамова: "Бовар кунед, ман худам ҳам ҳар рӯз аз худам чунин савол мекунам. Воқеан ҳам, шароити кор хеле сахт аст, аз ин рӯ, аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ мекунам. Бояд гӯям, ки мо ба ин мавқеи худ на дар як рӯз, балки тадриҷан, пай дар пай даст ёфтем. Мо аз дигарҳо бисёр омӯхтем ва талош кардем, ки донишҳои гирифтаамонро дар Тоҷикистон татбиқ кунем. Агар қонунҳо муносиб набуданд, талош кардем, ки қонунҳои барои кори мо муносиб қабул шаванд. Аз наздик бо парлумон, Бонки миллӣ кор кардем. То ҳол мо бо Кумитаи андоз даъво мекунем. Ҳар сол мо бо Кумитаи андоз дучори мушкил ҳастем."
Аксҳо: Гулбаҳор Маҳкамова: дар кор ва оила
Озодӣ: Чаро? Яъне даъвоҳои судиро дар назар доред?
Маҳкамова: Бале. Дар асл, шароити зиндаву пойдор мондани бизнес дар Тоҷикистон хеле сангину сахт аст. Ширкатҳое, ки таҷрибаи беш аз даҳсолаи кор доранд, ангуштшуморанд. Ман ҳанӯз шоҳиди рушди тадриҷиву босуботи бизнес нашудаам.
Озодӣ: Мушкил чист?
Маҳкамова: Мушкил зиёд аст. Пеш аз ҳама фасоду коррупсия. Моро ҳам баъзан таъна мезананд, мегӯянд, ки шумо ҳам пуштибони қавӣ доред. Мегӯем, на, мо ҷонибдори тиҷорати шаффоф ҳастем. Ман ошкор мегӯям, ки танҳо имсол мо 26 миллион сармояе ҷалб кардем, ки барои қарз равона мешавад. Сармояҳо ҷое намераванд, ки он ҷо фасоду коррупсия ҳаст. Сармоя ҷое меравад, ки шаффоф асту ҷараёни корро пайгирӣ карда мешавад ва эътимод ба бозгардони ин пулҳо вуҷуд дорад. Сармоягузор пеш аз додани қарз ба салоҳияту савияи мудир баҳоАссотсиатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон медиҳад, ба худи
система баҳогузорӣ мекунад ва мо ҳам барои он ки лоиқи ин қарзҳо шавем, аз болои худ кор мекунем. Яъне кори мо комилан шаффоф буда, мо аз ҳимояи касе бархӯрдор нестем ва ба касе ришва намедиҳем. Дар ин аст заъф ва тавони мо.
Озодӣ: Шумо ҳоло самимона мегӯед, ки ҳеҷ гоҳ ба касе ришва надодед? Ман фикр мекунам, ки на ҳама ба шумо бовар мекунанд.
Маҳкамова: Бигузор бовар накунанд, вале ин принсипи мо ҳанӯз 15 сол пеш ба вуҷуд омадааст. Медонед, вақте зербинои қонун хеле ҳассос аст ва қонунҳо ба шакли мухталиф татбиқ ва риоя мешаванд ва илова ба ин, судҳои бефоида амал мекунанд, ин як даҳшат аст. Судҳо дар ҳолатҳои хеле кам дар баҳсҳо аз ширкатҳо ҳимоя мекунанд.
Сӯҳбати радиоии Гулбаҳор Маҳкамоваро ин ҷо гӯш кунед:
Озодӣ: Бо вуҷуди ин ки ин озмуни "Фараҳ" боварҳои иштибоҳиро дар мавриди нотавонии занҳо дар тиҷорат рад мекунад, ҳамоно бонувон натавонистанд дар кишвар як бахши қавии иқтисод шаванд. Ҳамоно дарсади ҷиддии тиҷорату соҳибкорӣ дар ихтиёри мардон аст, ё шумо андешаи дигар доред?
Маҳкамова: "Занҳое, ки бо кори тиҷорату бизнес машғуланд, ҳоло хеле зиёд шудаанд, бахусус дар сатҳи аввалияи тиҷорат, яъне дар сатҳи фурӯшгоҳу бозорҳо, майдафурӯшиҳо, кори ателеву дигару дигарҳо. Вале дуруст аст, ки дар бахши соҳибкории ҷиддиву бузург занҳо қариб ки ба чашм намехӯранд. Гап дар ин ки дар оғози кор мавқеи занҳо ва мардҳо аз ҳам тафовут дорад. Аксари бонувон дар оғоз аз як фурӯшанда шурӯъ карда, каме пул ҷамъ карда, ба зинаи баландтар мебароянд. Вале мардон аз оғоз бо маблағи муайян, бо моликияти хусусӣ, бо робитаву шиносҳои муайян дар сатҳи мақомот корро шурӯъ кардаанд. Инро набояд фаромӯш кард, ки аксари занҳо аввал марҳилаҳои хусусӣ, яъне оиладоршавӣ, таваллуди фарзандро гузашта, танҳо дар синни 35-солагӣ тоза ба кори тиҷорат шурӯъ кардаанд. Дар ин синну сол малакаи касбиву дониш ва ҳавсалаи шахс ҳам назар ба 20 соли пеш фарқ мекунад. Яъне шароити оғози кор барои зану мард комилан фарқ мекунад."
Озодӣ: Дар Тоҷикистон аз инҷову онҷо дар бораи шумо ва хонум Санавбар Шарипова, раҳбари кулли “Имон Интернешинал” мегӯянд, ки шумо нахустин бонувони миллионер дар кишвар ҳастед. Шумо дар бораи даромадҳову сарвати худ сӯҳбат мекунед?
Маҳкамова: "Бале. Мо дар ин корхона коргари кироя ҳастем. Мо дар сармоя саҳм надорем. Мо бо маоши худ зиндагиро мечархонем. Мо ширкатҳои офшору хонаву кӯшк надорем. Хонае, ки дорам, бо қарзи 30-солаи бонк гирифта шудааст."
Озодӣ: Ҳамон хонае, ки дар Амрико гирифтаед?
Маҳкамова: "Бале, ҳамон хона. Хонае, ки ин ҷо дорам, якеашро падарам тӯҳфа карда, дигарашро ҳамроҳи ҳамсарам ба даст овардаем. Бале, овоза хеле зиёд аст, вале ин гап ҳақиқат надорад. Қисми хеле зиёди даромади ман барои таҳсили фарзандонам сарф мешавад. 70 % сади даромадам гӯям, иштибоҳ намешавад."
Аз Озодӣ: Гулбаҳор Маҳкамова, директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон аст. Соли 1999 нахустин барномаи пешкаши қарзҳои хурд барои шурӯи тиҷорату соҳибкорӣ дар миёни бонувонро роҳандозӣ кардааст, ки баъдан бар пояи он созмони “Имон Интернешинал” таъсис ёфтааст. Масъулин мегӯянд, ин созмон 60 ҳазор муштарии фаъол дошта, 50 % онҳоро бонувони соҳибкор ташкил медиҳанд. Бастаи куллии қарзҳо (кредитный портфель)-и “Имон Интернешнал” то имрӯз ба 70 миллион доллар наздик шудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд буда, ҳамсараш дар Амрико, дар як ширкати истеҳсолукунандаи имплантантҳои тиббӣ бо ихтисоси муҳандиси соҳаи радиоэлектроника кор мекунад.

Тибқи омори расмӣ, то соли 2011 дар Тоҷикистон беш аз 121 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қариб 15 дар сад, яъне ҳар нафари шашуми онҳо зан будааст. Шумори занҳои корфармо ё раҳбари корхона, тибқи пурсишҳо, 12 дар садро ташкил медодааст. Масъулони озмуни «Фараҳ» мегӯянд, ки шароити ба кори соҳибкорӣ гузаштани занҳо дар Тоҷикистон аз ҳам тафовут доранд. Аксарияти онҳоро соҳибкорони маҷбурӣ ташкил медиҳанд, ки бо сабабҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии хонавода аз ночорӣ рӯ ба тиҷорату бизнес овардаанд. Гурӯҳи дуюми соҳибкорон ба хотири пеш омадани имконият ва шароити мусоид ва гурӯҳи сеюм, ки шуморашон ангуштшумор аст, бонувоне мебошанд, ки соҳибкориро як кори ҷиддиву муҳим арзёбӣ карда, бо омодагии тамом ба ин ҷода по ниҳодаанд.
система баҳогузорӣ мекунад ва мо ҳам барои он ки лоиқи ин қарзҳо шавем, аз болои худ кор мекунем. Яъне кори мо комилан шаффоф буда, мо аз ҳимояи касе бархӯрдор нестем ва ба касе ришва намедиҳем. Дар ин аст заъф ва тавони мо.
Озодӣ: Шумо ҳоло самимона мегӯед, ки ҳеҷ гоҳ ба касе ришва надодед? Ман фикр мекунам, ки на ҳама ба шумо бовар мекунанд.
Маҳкамова: Бигузор бовар накунанд, вале ин принсипи мо ҳанӯз 15 сол пеш ба вуҷуд омадааст. Медонед, вақте зербинои қонун хеле ҳассос аст ва қонунҳо ба шакли мухталиф татбиқ ва риоя мешаванд ва илова ба ин, судҳои бефоида амал мекунанд, ин як даҳшат аст. Судҳо дар ҳолатҳои хеле кам дар баҳсҳо аз ширкатҳо ҳимоя мекунанд.
Сӯҳбати радиоии Гулбаҳор Маҳкамоваро ин ҷо гӯш кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад