Нимароҳ. Оё мо "истиқлол"-ро дуруст мефаҳмем?

Марди роҳ...

Дар остонаи 9-уми сентябр садҳо нафар Рӯзи Истиқлолро ба ҳамдигар ё ҳатто ҳамагон шодбош мегӯянд. Агар ҳамагирии COVID-19 сар намезад ва боис ба нигарониҳо намебуд, дар Тоҷикистон ҳатман иду ҷашнвораҳои зиёде баргузор мегашт. Акнун табрикҳо фосилавӣ шудаанд. Онҳое, ки беҳтарин паёмҳоро менависанд, шояд касоне ҳастанд, ки маънии истиқлолро ба хубӣ дарк мекунанд. Аммо оё то охир? Солҳои охир ин шиква ҳам садо медиҳад, ки агар истиқлол ин аст, зинда бод Шӯравӣ! Решаҳои ин ҳолатро донишманди ҷавон Талабшоҳи Салом талош кардааст, дар ин матлаб ба намоиш оварад.

Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор

Талабшоҳи Салом

Нимароҳ. Оё мо "истиқлол"-ро дуруст мефаҳмем?

9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати мустақил эълон шуд. Имсол аз 29-умин солгарди эълони истиқлол таҷлил мешавад.

Истиқлол барои миллатҳо, хоса он миллатҳое, ки зери султаи кишваре буданд, аз муҳимтарин рукни сиёсӣ барои ҳастӣ, рушд ва шукуфоӣ шумурда мешавад, зеро он мафҳум ва нерӯест, ки барои ҳамаи ин фазоро фароҳам меорад. Ба ин сабаб аст, ки барои истиқлол баъзе миллатҳо садҳо, гоҳе ҳазорон ҷон ва бештар аз он қурбонӣ медиҳанд.

Ҳамон соли 1991 тазоҳуркунандагони истиқлолхоҳ аз Тимори Шарқӣ кушта шуданд ва ба ин хотир хости онҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Соли 2001 ин кишвар мутақил шуд. Намунаҳо дар таърихи гузаштаи ҷаҳон зиёданд.

Аммо барои он ки истиқлол аз ҷониби ҷомеа ба унвони муҳимтарин унсури рушди як миллат дарк шавад, қабл аз он ки он ба даст биёяд, бояд дар зеҳни мардум шакл гирад ва баъдан ба марҳалаи амал расад. Зимнан як матлаб наметавонад кулли мароҳили истиқлолро фаро бигирад, ба ин хотир ишора ба баъзе аз ҷузъиёте, ки гоҳе аз назарҳо дур мемонанд, дар солгарди истиқлол бамаврид аст.

Бо вуҷуди истодагарии як даста фарҳангиёни тоҷик дар даврони Шӯравӣ, ба сурати умум раванди шаклгирии истиқлол дар зеҳни ом дар Тоҷикистон бегона буд. Қабули Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи августи соли 1990 ва натиҷаҳои раъйпурсӣ барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи марти соли 1991 гувоҳ аз он аст, ки мақомоти вақти Тоҷикистон ва ҷомеаи кишвар омодаи истиқлолият набуданд. Ҳарчанд ин раъйпурсӣ бо бархӯрдҳое аз тарафи шахсиятҳо ва нерӯҳои мухолифи сиёсати вақт рӯ ба рӯ шуда буд, вале ин гуна бархӯрдҳоро наметавон омодагии комили як миллат ба истиқлол гуфт, зеро раванди омодагӣ ба истиқлол тӯлонитар аз он бархӯрдҳо аст.

Дигар ин ки ҷомеаҳои шӯравие, ки заминаи бештари истиқлолхоҳӣ доштанд, раъйпурсии мазкурро баргузор накарданд. Арманистон, Гурҷистон, Латвия, Литва, Молдова ва Эстония аз раъйпурсӣ даст кашиданд.

Мақомоти ин кишварҳо Кумитаи марказии раъйпурсӣ созмон надоданд. Вале баъзе аз шӯроҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии баъзе аз корхонаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ бо таваҷҷуҳ ба бандҳои 3 ва 5-и Қарори Шӯрои Олии ИҶШС “Дар бораи ҷараёни иҷрои қарори Шӯрои Олии ИҶШС барои ташкил ва фароҳам кардани шароити баргузории раъйпурсии 17 марти соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ” ҳавза ва участка созмон дода, ин раъйпурсиро баргузор карданд. Ин кумисюнҳо тобеи Кумисюни марказии раъйпурсии ИҶШС буданд. Бо вуҷуди ин ҳама мизони камтарини ҷонибдорони ҳифзи Иттиҳодӣ Шӯравӣ дар ин кишварҳо сабт шуд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз истиқлоли расмии Тоҷикистон вазъ дар ростои ташаккули зеҳнияти мустақил кам тағйир кардааст. Барои мисол, чанд сол пеш Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё созмон ёфт. Суолҳое зиёде аз ёру дӯстони муҳоҷир барои пайвастани кишвар ба ин иттиҳод матраҳ мешуд.

Албатта, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳанӯз он ИҶШС-и қаблӣ нест, балки як иттиҳодест, ки аз ҷиҳати сохтор мутафовит аз Иттиҳоди Шӯравист. Аввалӣ иттиҳоди федеративӣ буд, иттиҳоди баъдӣ бошад, конфедартивӣ аст. Вале дар баъзе маворид тобеъ кардани кишварҳои заиф рабте ба чигунагии сохтории иттиҳодҳо надорад. Бинобар ин замони ташкили Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё назарҳое дар иртибот ба ҳадафи сиёсӣ будани он ба назар мерасид.

Барои мисол, моҳи январи соли 2015, баъди ба имзо расидани созишномаи ташкили Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё миёни Русия, Белорусия ва Қазоқистон Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Ӯзбакистон тайи як суханронияш дар парлумон ин иттиҳодро ба Иттиҳоди Шӯравӣ шабеҳ дониста, гуфта буд, ки Узбекистон вориди он намешавад. "Ба ман бигӯед: магар истиқлоли сиёсӣ бе истиқлоли иқтисодӣ мешавад?" Ҳадафи раисҷумҳури собиқи Узбекистон он буд, ки вуруди кишвараш ба ин иттиҳод истиқлоли сиёсии кишварашро зери суол мебарад.

Зимнан бурду бохти кишварҳо аз узвият дар ин созмон ё дохил шудани кишварҳое ба мисли Тоҷикистон ба он мавриди баҳс аст. Ҳамчунин он муҳоҷирон, ки хоҳони вуруди Тоҷикистон ба ин иттиҳоданд, ба имтиёзҳо дар Русия тааҷҷуҳ мекунанд, ҳол он ки на ҳама коршиносон пайвастани Тоҷикистонро ба ин иттиҳод ба манфиати коргарони муҳоҷир медонанд.

Баррасии бурду бохти Тоҷикистон аз Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мавзӯи дигар аст, аммо боиси ҷалби таваҷҷуҳ шудани ин аст, ки истиқлол натавонистааст манфаитҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус қишри коргари онро таъмин намояд. Бинобар ин қишри коргари тоҷикистонӣ, ки танҳо ҳадафи он пайдо кардани ҷойи кор ва дарёфти шароити инсонӣ аст, ҷӯёи роҳҳале барои ин мушкилот аст. Ба ибораи дигар агар амиқтар бингарем, ҳалли он ба истиқлоли комил гиреҳ мехӯрад, ки тасмими ҷиддитареро тақозо менамояд.

Агар истиқлол аз як тараф эътирофи кишваре дар ҷаҳон ба унвони субъекти мустақил дар сиёсати байналмилалӣ аст, ки ҳарфи худро бидуни вобастагӣ ба ҳич кишвари дигаре мегӯяд ё дар робита ба тасмимгирии сиёсию иқтисодӣ озодии комил дорад, аз тарафи дигар қудратест, ки мушкили дохилии худро бидуни вобастагӣ ба кишвари дигаре ҳал мекунад. Ва яке аз ин мушкилот дар ҷомеаи Тоҷикистон дарёфти ҷойи кор ва маоши кофӣ аст, ки дар тӯли истиқлол дар ҳалли он дасткӯтаҳ будаем. Агар қабл аз истиқлол қишри коргар дар Ватан бо дастури миллати ғайр кор мекард, имрӯз худ суроғи корфармои ғайр берун аз Ватан меравад, то коре барояш бидиҳанд.

Гузашта аз ин, тавре вуҷуди артиши бегона дар кишвари мустақил хатар ба истиқлол дониста мешавад, вобастагии қишри коргар ба кишвари ғайр низ чунин як хатар аст. Зеро борҳо собит шудааст, ки коргарони муҳоҷири кишварҳои шӯравии собиқ аз ҷониби Русия ба унвони василаи фишор истифода шудаанду мешаванд.

Ба ибораи дигар ин қудрат танҳо дар шиор зоҳир гаштааст, ҳол он ки беҳтарин роҳи дарки истиқлол ва ба вуҷуд овардани он дар зеҳн эҳтироми амалии манофеи ҳама қишрҳои ҷомеа будааст. Аммо адами таҳаққуқи ин манфиат аст, ки васфи истиқлолро беасар кардааст. Имрӯз фард-фарди миллат вобастагии иқтисоди кишвар аз коргарони муҳоҷирро медонанд ва чун умдатарини коргарони муҳоҷир дар Русия фаъолият менамоянд, гоҳе дар мабоҳисе атрофи русгароӣ сухан меравад.

Вале агар амиқтар бингарем, таъмини манофеи моддӣ ва ҷилваи зиндагии беҳтаре, ки аз дохили Ватан маншаъ бигирад, муассиртарин шеваи талқини мафҳуми истиқлол аст. Чун дар ин замина заъф вуҷуд дорад, истиқлолро дар мағзҳо беш аз як эъломия муаррифӣ накардааст ва ин боис мешавад, ки тамғазаниҳое ба чашм бихӯранд.

Ба ҳамин тартиб, истиқлол равандест, ки дар қабули як эъломия хулоса намешавад. Ин раванд ба ибораи кӯтоҳтар аз эъломиярезӣ дар зеҳни миллат оғоз ва ба воситаи таъмину ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии миллат дар дохилу хориҷи кишвар хотима меёбад, ки ин масир тӯлонӣ хоҳад буд. Агар ин роҳ тай шавад, истиқлол такмил мешавад, вагарна он дар нимароҳ хоҳад монд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!