Парлумони Тоҷикистон изҳороти Жириновскийро маҳкум кард

Парлумони Тоҷикистонр ба унвонии Думаи давлатии Русия дар иртибот ба изҳороти ахири Владимир Жириновский муроҷиатнома қабул кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 24-уми апрел зимни қироати ин муроҷиатнома дар парлумон, гуфт «ки вақтҳои ахир тӯҳмату таҳқири шахсиятҳо ва мардуму давлати Тоҷикистон дар расонаҳои расмии Русия зиёд ба мушоҳида мерасанд. Мубоҳисаи Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатии Русия дар телевизиони расмии ин кишвар «Россия-1» бо Владимир Анпилов, аз ҳамин қабил маводҳо аст.»

Ҷаноби Зуҳуров афзуд, ки вакилони Маҷлиси Намояндагон суханҳои ин сиёсатмадори русро якдилона маҳкум мекунанд.

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 24-уми апрел бо нигаронӣ аз изҳороти Владимир Жириновский оғоз шуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни ифтитоҳи иҷлосияи навбатӣ, гуфт, ки «суханҳои Владимир Жириновский дар чорчӯбаи ҳеҷ одобу сиёсат намеғунҷад.»

Дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, изҳороти Владимир Жириновский дар телевизионҳои расмии Русия нашр шудааст ва ӯ муовини раиси думаи давлатии Русия мебошад. Аммо бо ин ҳам Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Тоҷикистон ва Русия шарики стратегиӣ ҳастанд.»

Рӯзи 24 апрел инчунин раҳбарияти ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳам суханҳои ахири Жириновскийро маҳкум кард.

Коммунистҳои Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Фраксияи коммунистҳо дар Думаи давлатии Русия, хоҳиш кардаанд, ки матни баёнияи онҳоро дар мавриди таҳқирҳои Владимир Жириновский, раиси ҳизби ЛДПР, барои ҳамаи вакилони Дума қироат намоянд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 24 апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки аъзои Ҳизби коммунист дар рӯзи таваллуди Владимир Ленин дар ду рӯзи қабл, изҳори назари Жириновскийро, ки дар ҳаққи миллати тоҷик ҳарфҳои носазо гуфтааст, муҳокима карда ва онро мақкум намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур тасмим гирифта шуда буд, ки номаи ҷавобӣ ба таҳқирҳои Жириновский омода шуда ва ба Фраксияи коммунистҳои Думаи давлатии Русия фиристода шавад то матни онро ба самъи вакилони Дума бирасонанад. Ба қавли Исмоил Талбаков, коммунистон ин номаи худро рӯзи 23-юми апрел ба унвони Думаи давлатии Русия ирсол доштаанд.


Аз ин қабл Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Влидимир Жириновскийро таҳқири миллати тоҷик номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ба он аксуламал нишон диҳад.