"Таҳлука"-и Отамбоев ва муттаҳидонаш аз шикасти эҳтимолӣ дар интихобот

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва муттаҳидонаш дар "ҳарос"-анд, ки дар интихобот президентии дар пешистода, ба шикаст рӯбарӯ мешаванд. Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр баргузор мешавад.

Мунтақидон мегӯяд, ки президенти кунунии Қирғизистон бо пешниҳод намудани як номзади заъф, мехоҳад ки пас аз тарки маъмурияташ, қудратро аз пушти саҳна идора кунад.

Мунтақидон мегӯянд, ки раиси ҷумҳури кунуни Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва муттаҳидонаш ҳама талошро доранд, ки аз шикасти номзади мавриди назарашон дар интихоботи президентии ин ҳафта, ҷилагирӣ кунанд. Тарафдоронаш ҳамзамон мегӯянд, ки Отамбоев танҳо дар фикри нигаҳдошти мувозинати қудрат ва ҷилавгирӣ аз бозгашти истибдод дар яке аз демократитарин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Дар интихоботи президентии рӯзи 15-уми октябр намояндаи Ҳизби ҳокими сотсиал-демократ Сооронбой Ҷеенбеков ва Омурбек Бабанов, рақобат мекунанд. Қирғизистон таҷрибаи ками интиқоли осоиштаи қудратро дорад, ҳарчанд дар соли 2011 баъд аз 19 моҳи ҳукумати интиқолии президент Роза Отунбоева, президенти кунунӣ Алмазбек Отамбоев раиси ҷумҳур интихоб шуд ва интиқоли қудрат мусолиматомез сурат гирифт.

Ду номзади аслии интихоботи президентии Қирғизистон-- Омурбек Бабанов ва Сооронбой Ҷеенбеков.

Ҳоло ҳама чашмҳо ба Қирғизистон дӯхта шудааст- кишваре, ки бо дастовардҳои демократиаш дар миёни кишварҳои минтақа, фарқ мекунад. Кишваре, ки шоҳиди ду инқилоб дар солҳои 2005 ва 2010 буд ва бо барканории Аскар Оқоев ва Курмонбек Боқиев анҷомид. Тасмими Отамбоев барои канор рафтан аз қудрат пас аз як давраи шашсолаи ҳукмронӣ, аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ҳамчун нишонаи ислоҳоти демократӣ, истиқбол мешавад.

Аммо иддаҳоҳо дар бораи фишор ба раъйдиҳандагон дар ҷараёни маъракаҳои интихоботи феълӣ ва ҳамчунин гузоришҳо аз он чи мунтақидон мегӯяд, барномаи Отамбоев аст, ки пас аз рафтан аз қудрат мехоҳад аз пушти саҳна ҳукмронӣ кунад, нигарониҳоеро дар бораи ояндаи ислоҳоти демократӣ дар он кишвар, ба миён овардааст.

Даниел Кадурбеков, коршиноси муқими Токио мегӯяд, “аз соли 2014 ба ин тараф ҳама талошҳои Отамбоев ва тими вай ба он нигаронида шудааст, ки қудратро пас аз поёни ин маъмурият, дар даст нигаҳ доранд”. Ба гуфтаи ин коршинос, Отамбоев талош дорад як нерӯе барои барқарории қудрати сиёсии худ бунёд намояд, то аз пушти саҳна қудратро идора кунад ва Ҷеенбеков дар ҳоли ҳозир ҳамин нақшро бозӣ мекунад.

Аммо Отамбоев ва тарафдоронаш ин идеяро, ки гӯё талош дорад ҳукмронии худро баъд аз канорагирӣ аз қудрат, ҳифз кунад, рад мекунанд ва мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи низоми порлумонӣ дар кишвар дар баробари аҳзоби дигар аст, ки мехоҳанд дар ин кишвар низоми президентиро барқарор кунанд.

“Отамбоев мехоҳад, низоми сиёсие, ки ӯ таъсис додааст - яъне низоми порлумониро ҳифз кунад, низоме, ки дар он раиси ҷумҳур бар ҳама шохаҳои ҳокимият назорати комил надорад, ҳамчунон, ки дар гузашта мо доштем”,- мегӯяд Кубан Абдумен, таҳлилгари сиёси муқими Бишкек ва раҳбари хабаргузории “Кабар”. “Вай мехоҳад, ки системаи назорат ва таъодул байни ҳама шохаҳои давлатро рушд диҳад ва аз ин рӯ, аз ҳокимияти мутлақ ҷилавгирӣ кунад.

Абдумен ҳадс мезанад, ки барои ҳифозат дар баробари ҳар гуна ҳаракат ба сӯи низоми президентӣ, Отамбоев мехоҳад ҷонишинаш аз аъзои ҳизби собиқи худ, яъне сотсиал-демократ бошад, ки мухолифи чунин тағйир аст.

Ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз раъйдиҳӣ, назарсанҷиҳо нишон дод, ки номзади ҳизби ҳоким Ҷеенбеков аз пуштибонии кофӣ барои пирӯзии интихобот дар даври якум бархӯрдор нест. Бо вуҷуди он ки иддао мешавад, аз имконоти давлатӣ ба нафъи ӯ истифода мешавад ва матбуоти расмӣ ба нафъи ӯ таблиғот мебаранд ва мақомоти вафодор ба ӯ, донишҷӯён ва коргаронро фишор меоваранд, ки ба тарафдорӣ аз номзади ҳизби ҳоким раъй бидиҳанд.

Бабанов гуфтааст, ки назарсанҷиҳои онҳо нишон додааст, ки ӯ аз тарафдории 65 дарсади интихобкунандагон бархӯрдор аст. Аммо назарсанҷиҳои дафтари Отамбоев мегӯянд, ки на Ҷеенбеков ва на Бабанов наметавонанд беш аз 40 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст биоранд ва ғолибан интихобот ба даври дувум кашонида мешавад.

Таҳлилгарон пешбинӣ мекунанд, ки агар номзади ҳизби ҳоким Ҷеенбеков дар даври аввал беш аз 50 дарсади раъйҳоро ба даст оварда натавонад, 10 номзади дигари мухолифон дар сурати роҳ ёфтани Бабанов ба даври дувум, аз ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Номзади заиф

Қодирбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, Отамбоев “шахсан” номзадии Ҷеенбековро бо се сабаб баргузид – аввал вафодорӣ ба Отамбоев, дигар, зарурати нигоҳ доштани таъодул дар ҳукумат бо иштироки намояндагони ҳама минтақаҳо ва аз ҳама муҳим, Отамбоев мехоҳад қудрати худ пас аз интихоботро ҳифз кунад.

Қодирбеков гуфт, мақомот дар Бишкек хостори радди салоҳияти Бабанов набуданд, барои он, ки ин метавонист боиси нооромӣ ва таркиш дар фазои сиёсӣ шавад. Аммо онҳо ҳоло ба таҳлука афтодаанд, ки Ҷеенбеков наметавонад бидуни мудохилаи мақомот, дар интихобот пирӯз шавад. “Ғолибан Ҷеенбеков иддаои пирӯзӣ хоҳад кард, ҳарчанд ин дуруст ё нодуруст бошад”,-гуфт Қодирбеков

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон.

Дар таърихи 10-уми октябр Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон барои қонуншиканӣ дар корзори интихоботӣ, Бабановро барои бори савум, ҳушдор дод. Аз сӯи дигар, ситоди Бабанов рӯзи 10-уми октябр Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистонро ба тарафдорӣ аз Ҷеенбеков муттаҳам кард ва ӯро рақиби пешбаринамуда аз сӯи мақомот номид.


Одил Байсалов, таҳлилгари сиёсӣ муқими Бишкек ва аз мунтақидони Отамбоев мегӯяд, ки раиси ҷумҳури кунунӣ сар аз моҳи апрел бо пуштибонӣ аз номздаии Ҷеенбеков, маҳбубияти худро аз даст дод. Дар замоне, ки Ҷеенбеков аз сӯи ҳизби сотсиал-демократ ба мақоми президентӣ пешниҳод шуд, назарсанҷиҳо гуфтанд, ки ӯ ҳамагӣ 5 дарсади раъйи интихобкунандагонро метавонад ба даст биёрад.

Ҷеенбеков дар соли 2010 ҳокими вилояти Ӯш таъин шуд ва дар соли 2015 дар Бишкек ба мақоми мудири Хадамоти хизмати давлатӣ расид. Дар моҳи марти соли 2016 муовини аввали раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва як моҳ баъд нахуствазири Қирғизистон таъйин шуд ва то моҳи августи ҳамон сол дар ин мақом монд. Таҳлилгар Байсалов мегӯяд, ки Отамбоев бо пешниҳод кардани Ҷеенбеков ба унвони номзади Ҳизби сотсиал-демократ, муртакиби иштибоҳи сиёсӣ шуд.