Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, тавофуқи оташбасро "хабари хуб" хонда, таъкид кард, ки акнун барои оташбас дар Ғазза талош мекунад.
Кобинаи амниятии Исроил рӯзи 26-уми ноябр пас аз суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар ва эълони ҳимояташ аз тарҳи оташбас, онро пазируфт.
Бар асоси тарҳи созиш, нерӯҳои исроилӣ давоми ду моҳ бояд мавзеъҳои худро дар хоки Лубнон тарк карда, ба Исроил бозгарданд. "Ҳизбуллоҳ" низ вазифадор аст, ки ба ҳузури низомиёни худ дар ҷануби Лубнон поён диҳад. Ҳайати байнулмилалӣ бо раҳбарии Амрико низ риояи оташбасро назорат хоҳад кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ҳангоми суханронӣ дар Кохи Сафед созишро "далерона" ва хабари хубе донист, ки боис ба оғози нав дар Лубнон хоҳад шуд. Ӯ гуфт, оташбас тавре тарҳрезӣ шудааст, ки "доимӣ" бошад.
Байден афзуд, "Ҳизбуллоҳ" ва Исроил бо тарҳи оташбаси пешниҳодшуда аз сӯйи Амрико мувофиқат карданд ва ин тарҳ аз соати чаҳори субҳи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ ба иҷро медарояд.
Президенти Амрико ҳамчунин хабар дод, ки бо сарвазирони Лубнон ва Исроил тамос гирифт ва ҳар ду таъйид кардаанд, ки ҳукуматҳояшон ин тавофуқро пазируфтаанд. Ӯ аз талошҳои Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ барои дастёбӣ ба ин созиш, қадрдонӣ кард.
Байден сипас таъкид кард, ки ҳукумати ӯ акнун барои даст ёфтан ба созиши оташбас дар Ғазза талош мекунад ва дар ин миён эҳтимоли одисозии робитаҳои Арабистони Саудӣ ва Исроил ҳам вуҷуд дорад. Вай гуфтааст, "Амрико ҳамроҳи Туркия, Миср, Қатар, Исроил ва кишварҳои дигар талошҳои худ барои даст ёфтан ба созиши оташбас дар Ғаззаро бештар хоҳад кард".
Вай ҳамчунин хоҳони озодии гаравгонҳои исроилӣ шуд, ки дар асорати гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" мебошанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гурӯҳро созмони террористӣ медонанд.
Пештар, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар суханрони телевизионии худ эълон карда буд, ки ба се далел аз ин тарҳи оташбас ҳимоят мекунад. Ӯ гуфт: "Таваҷҷуҳ ба таҳдиди Эрон, ки дар ин марҳила ҷузъиёти бештаре аз онро ироа намекунам; зарурати тамдиди қувваҳои низомӣ ва ғалаба бар монеаҳои таслиҳотӣ, ки ба зудӣ бартараф хоҳад шуд. Далели севум, қатъи робита миёни "Ҳамос" бо ҷабҳаҳои дигар ва танҳо гузоштани "Ҳамос" аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳам танҳо мондааст".
Ҷеенин Ҳеннис, ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар Лубнон бо нашри баёнияе аз созиши оташбас истиқбол кард ва аз тарафҳо ташаккур кард, ки фурсатро барои ба поён расондани ин фасли вайронгар ғанимат шумурданд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ ҳам ибрози умедворӣ кард, ки ин оташ "ба хушунат вайронӣ ва ранҷҳое, ки мардуми ҳар ду кишвар таҷриба кардаанд, поён диҳад". Дабири кулли Созмони Милал аз тарафҳо хост, то гомҳои фаврӣ барои иҷрои комили қатъномаи 1701-и Шӯрои Амният бардоранд. Ин қатънома даргириҳои хунини қаблии соли 2006 байни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроилро поён дод.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо созиши оташбас миёни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроилро бо таваҷҷуҳ ба вазъияти буҳронии Ховари Миёна "мояи оромиши хотир" донист. Ӯ зимни сипосгузорӣ аз Амрико ва Фаронса барои миёнравияшон гуфт, "акнун зарур аст, ки оташбас барқарор бимонад, то амнияти шаҳрвандони Лубнон ва Исроил тазмин шавад ва оворагон битавонанд ба хонаҳояшон бозгарданд".