Намояндаи САҲА: "Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдори бастани созмон нест"

Туула Юрёла, раҳбари Дафтари барномаҳои САҲА.

Мақом ё мандати нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, ки ба “Дафтари барномаҳои OSCE” тағйир ёфтааст, рӯзи 1-уми июл расман ба кор оғоз хоҳад кард. Масъулини созмон гуфтанд, ки тағйири мақоми намояндагӣ ба маънии маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст.

"Ҳукумат дар фикри бастани созмон набуд"

Туула Юрёла, раҳбари Дафтари барномаҳои САҲА, рӯзи 30-юми июн дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, панҷ дафтари ин созмон дар Рашту Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Шаҳритус низ баста хоҳанд шуд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, созмон ҳақ дорад, ки ба иҷрои барномаҳои гуногун дар минтақаҳои кишвар идома диҳад. Аммо Юрёла гуфт, "ҳукумати Тоҷикистон манфиатдори бастани созмон дар кишвар набуду нест, балки хоҳони ҳамкорӣ аст. Танҳо мавзӯъ тағйири мандати САҲА аст, на чизи дигар".

Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз соли 2002 боз дар Тоҷикистон кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир Дафтари Барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон 217 корманд дорад, ки аз он 24 нафар хориҷӣ ҳастанд.

Туула Юрёла мегӯяд, фаъолиятҳои ин созмон аз "рушди демократия, мурооти ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ" ба се самти асосӣ - "арзёбии вазъи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ – экологӣ ва амнияти инсонӣ", равона хоҳад шуд.

Тағйири мандат аз куҷо сарчашма мегирад?

Тағйири мақоми Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо тасмими Шӯрои доимии САҲА аз 1-уми июни имсол ва дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ин масъала замоне матраҳ шуд, ки соли гузашта гурӯҳе аз аъзо ва тарафдорони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Лаҳистон ё Полша ворид шуда, нисбат ба боздошту зиндонӣ кардани аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон эътироз карданд.

Пас аз ин, ҳайати Тоҷикистон бо ин гуфта, ки созмон “ифротгароёну террористонро ба ҷаласа роҳ додааст”, ҳамоишро тарк кард. Дар Тоҷикистон ҳам гурӯҳе аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷамъ омада ва ба дару девори он санг андохтанд.

Тазоҳуроти ҷавонон дар назди дафтари САҲА. Тобистони соли 2016.

"Ҳодисаи моҳи сентябр ин равандро суръат бахшид"

Туула Юрёла, раҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, “ҳарчанд музокирот дар мавриди тағйири мандат миёни созмон ва ҳукумати Тоҷикистон ҷараён дошт, аммо ҳодисаҳори моҳи сентябри соли гузашта дар Варшава ин равандро суръат бахшид. Метавон гуфт, ки ин ҳаводис ба раванди музокирот таъсири сиёсӣ кард, то мандати САҲА ҳар чӣ зудтар тағйир кунад".

Қаблан Олим Салимзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳам эътироф карда буд, ки сабабҳои сард шудани равобити Тоҷикистон бо САҲА ширкати гурӯҳҳои мухолифони давлат дар ҷаласаи солонаи ин созмон дар шаҳри Варшава дар моҳи сентябри соли гузашта буд.

Дилшод Муллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ, гуфт, ки САҲА барои Тоҷикистон дар тӯли беш аз ду даҳсола кумаки зиёд кардааст ва тағйири мақомаш на ба нафъи созмон ва на ба фоидаи кишвар хоҳад буд. Ӯ гуфт, дар ин маврид бояд қарсак аз ду тараф бошад. “Ҳоло ду тарафро зарур аст, ду нуктаи муҳими муносибатро риоя кунанд. Аввал, Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА ба худ масъулиятҳоеро, ки гирифтааст, онро риоя кунад. САҲА принсипи ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи мудохила накардан ба корҳои дохилии як давлатро. Агар инҳо риоя шавад, тарафҳо аз якдигар розӣ хоҳанд буд”, - хулоса кард Муллоев.

САҲА ва Тоҷикистон

Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо солҳо боз дар Тоҷикистон кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир Дафтари Барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон 217 корманд дорад, ки аз он 24 нафар хориҷӣ ҳастанд.

Бо тағйири мандати САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз буҷаи иҷрои тарҳҳояш мушаххас нашудааст. Тибқи иттилои созмон соли гузашта манобеи молӣ барои иҷрои тарҳҳо 7 миллиону 756 ҳазор ва имсол 7 миллиону 554 ҳазору 800 евроро ташкил додаанд. Ҳамчунин тарҳҳои ғайрибуҷавӣ дар соли 2016 2 миллиону 710 ҳазор евро буданд.