"Паёми сиёсӣ"-и САҲА аз таъсиси маркази нав чист?

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе "Маркази таълимии минтақавӣ оид ба хавфҳои муҳимоти таркандаи вазорати дифои Тоҷикистон"-ро таъсис хоҳад дод. Имзои ёддошти тафоҳуми дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе бо Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуд.

Марказе бо буҷаи 400 ҳазор евро дар ҳоле бунёд мешавад, ки равобити Душанбеву САҲА дар як соли охир мушкилотеро пушти сар кард ва сарусадое дар мавриди эҳтимоли боздошта шудани фаъолиятҳои ин созмон дар Тоҷикистон ба гӯш мерасид.

Мақомоти Тоҷикистон сентябри соли 2016 аз шеваи кори САҲА интиқод карда, гуфтанд, ки дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Варшава соли гузашта ин созмон ба мухолифон ва созмонҳои мамнӯъ ва террористӣ дар хоки Тоҷикистон, минбар дод.

Ба иттилои мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон, санади таъсиси Маркази вижаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва аз ҷониби САҲА раҳбари дафтари намояндагӣ Туула Юрёола имзо карданд. Ин тарҳ бахше аз талошҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ҳамкорӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна барои расидагӣ ба нигарониҳо ва чолишҳои бархоста аз хатарҳои васоили тарканда мебошад.

Дар ин мулоқот вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки санади ёддошти тафоҳум ҳамкориҳои САҲА ва Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби ин марказ тақвият мекунад. Вай ҳамчунин ёдовар шудааст, ки ин вазорат таҷрибаи хубе дар заминаи хунсо кардани маводи таркандаро дорад. .

Сафири САҲА хонум Туула Юрёля дар дидор бо вазири мудофиаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин созмон шарики доимии Тоҷикистон мебошад ва аз ҳамкорӣ бо вазорати дифои Тоҷикистон барои тақвияти нерӯи ин ниҳод дарбартараф сохтани хатарҳо аз мина қадр кардааст.

Акс аз бойгонӣ

Вай афзудааст, ки аз соли 2013 ба ин сӯ САҲА беш аз 170 мутахассиси миллии Тоҷикистон дар умури минарӯбиро омӯзиш додааст. Дар давраҳои омӯзишии ин созмон дар Душанбе ҳамчунин мутахассисони минарӯб аз Афғонистон, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Муғулистону Туркманистон ширкат кардаанд.

Дар ҳоле, ки хабари таъсиси Маркази таълимии минтақавӣ оид ба хавфҳои муҳимоти таркандаи САҲА-ро бархе чун як барномаи дигари кори ин созмон дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, бархе коршиносон мегӯянд, ки ифтитоҳи муассисаи нав бештар як паёми сиёсӣ аст, ки дар бораи идома ва тавсеаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва САҲА гувоҳӣ медиҳад.

Лола Олимова, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик аз хабари тавофуқоти миёни САҲА ва вазорати дифои Тоҷикистон истиқбол кард ва гуфт, ки ин амр баёнгари рӯ ба беҳбудӣ овардани муносибатҳои Душанбе бо ин созмони байналмиллалӣ мебошад. Хонум Олимова афзуд, ки таваҷҷӯҳи САҲА маҳз ба ин тарҳи пешниҳодии вазорати дифои Тоҷикистон идомаи талошҳои ин созмон ба мусоидат дар масоили амниятии Тоҷикистон аст.

Лола Олимова.

Вай гуфт: "Дар гузашта низ САҲА дар арсаи ҳифозати марзҳои Тоҷикистон ва аз байн бурдани хатарҳои мина барномаҳоеро сармоягузорӣ мекард. Тасимими САҲА барои бунёди чунин як марказ идомаи ҳамкориҳои қаблии Тоҷикистон бо ин созмон мебошад. Эҳтимол дорад баъд аз ин барнома САҲА тарҳҳои дигареро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад."

Мақомоти Тоҷикистон сентябри соли 2016 аз шеваи кори САҲА интиқод карда гуфтанд, ки дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Варшава соли гузашта ин созмон ба мухолифон ва созмонҳои мамнӯъ ва террористӣ дар хоки Тоҷикистон минбар дод. Ин фаъолон мақомоти тоҷикро барои поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ҳам зиндонӣ шудани аъзои ҳизбҳои сиёсии мухолифин интиқод карданд.

Нороҳатии Тоҷикистон боис шуд, ки баъди ин мақоми САҲА дар кишвар маҳдуд шуд. Дар остонаи ҷаласаи имсолаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава оҷонсии давлатии “Ховар” матлабе нашр кард, ки дар он гуфта шуд, дар сурати такрори ҳаводиси порсола, дафтари ин созмон дар кишвар баста мешавад.

Эътирози гурӯҳе аз занони тоҷик дар назди дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе. Моҳи майи соли 2016.

Бархе мегӯянд, даъватҳои батакрори бархе шарикони стратегии Тоҷикистон, назири Иттиҳодияи Аврупо, метавонист дар нармиши равобити Душанбев ва САҲА сабаб шавад. Моҳи октябр дар Душанбе дар ҷараёни ҷаласаи навбатии масъулини ИА ва Тоҷикистон, намояндагони Брюссел аз Тоҷикистон аз ҷумла даъват карданд, ки равобит ва ҳамкориро бо САҲА тавсеа бахшад ва мурооти ҳуқуқи башарро ҳам фаромӯш накунад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз соли 1994 дар Тоҷикистон кор мекард, соли 2008 фаъолиятҳояшро тавсеа дод ва марказро ба дафтар табдил дод. Будҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманд аз дохили Тоҷикистон кор мекарданд.