Банкоматҳои "Ориёнбонк" ҳам бепул монд?

Муштариёни “Ориёнбонк» яке аз чор бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ду моҳ инҷониб банкоматҳои ин бонк аксаран пул надоранд ва онҳо дар гирифтани маблағҳои хеш мушкилӣ мекашанд.

Радиои Озодӣ тайи ду рӯзи охир ҳадди ақал аз се муштарии ин бонк дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба ин мазмун шикоят дарёфт кард. Муштариён мегӯянд, пас аз касод шудани баъзе аз бонкҳо ва холӣ

Баъдан соли 2015 Кохи муҳташами Наврӯзро дар Душанбе сохт, ки 1 миллиард сомонӣ ба қурби он замон беш аз 200 миллион доллар ҳазина дошт. Ҳамаи ин масрафҳо, ки барои бонк қариб ҳеҷ боздеҳе надоранд, ба вазъи молиявии бонк бетаъсир намемонад

шудани хазинаи дигарҳо, сурат-ҳисоби худро ба “Ориёнбонк” кӯчонида қартаи ин бонкро гирифта буданд, то сари вақт музди маошро дастрас кунанд.

Банкоматҳо пул надорад

Як корманди идораи давлатӣ, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи сентябр инҷониб бонкоматҳои ин бонк умуман холӣ аст ва онҳо дар дарёфти пули маош ба мушкил дучор мешаванд. Ӯ гуфт:

“Ман дар идораи давлатӣ кор мекунам. Ҳамроҳ бо 38-40 нафари дигар ҳамагӣ муштарии “Ориёнбонк” ҳастем. Корхонаи мо нимаи моҳ санаи 15-ум нисфи маош ва баъдан ҳамаашро ба корти бонкиамон мегузаронад. Аммо дар шаҳри Кӯлоб ин бонк ду банкомат ва ду пос-терминал дорад. Аз ягонтои инҳо мо маошамонро гирифта наметавонем. То моҳи сентябр мо ягон мушкил надоштем. Аз сентябр ба ин сӯ дар банкоматҳои бонк дар шаҳри Кӯлоб умуман пул нест”.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, дар идораи ин бонк дар Кӯлоб дар гирифтани пул маҳдудият ҷорӣ шудааст ва агар шахс то нисфи рӯз худро ба ин идора расонад, метавонад 500 сомонӣ дарёфт кунад.

“Вагарна баъд аз нисфирӯзӣ кормандони бонк мегӯянд, ки пул тамом шуд”, гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Муштариёни дигари «Ориёнбонк» дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ ҳам гуфтанд, бисёр вақт банкоматҳои ин бонк пул надорад. Муштариёни ин бонк дар Душанбе мегӯянд, бисёре аз банкоматҳои ин бонк дар пойтахт низ муддатҳо пул надоранд, ба ҷуз аз бонкоматҳои назди бинои асосӣ ва идораи филиалҳои бонк.

"Ориёнбонк": Ҳеҷ мушкиле нест

Аммо дар идораи марказии “Ориёнбонк” дар Душанбе вуҷуди мушкили молиро дар бонк рад кард. Отабек Рӯзиев, як масъули бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи “Ориёнбонк” рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бонк ягон мушкили молиявӣ надорад ва шояд бинобар сабаби сар задани ягон мушкили техникӣ ҳамин хел ҳолат рух дода бошад”.

Дар ҳоле, ки масъулон мегӯянд, бонк ягон мушкили молӣ надорад, як назар ба гузориши аудити молии он кофист, ки дида мешавад вазъияти бонк мисли ду соли қабл нест.

Бинобар гузориши худи “Ориёнбонк”, ки дар сомонаи расмиаш ҷо дода шудааст, дороиҳои ин бонк танҳо дар соли 2016 нисбат ба соли пеш наздик ба 23 миллион сомонӣ кам шудаанд.

Бинобар гузориши Бонки миллӣ, ки дар маҷаллаи “Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ” нашр шудааст, даромади ин бонк дар ним соли ҷорӣ 54 фисад камтар аз соли гузашта будааст.

“Ориёнбонк” дар ним соли гузашта агар каме беш аз 80 миллион сомонӣ фоида ба даст оварда бошад, дар соли равон ҳамагӣ 36 миллион сомонӣ суд дидааст.

Харҷҳои ҷашнӣ бетаъсир набуд?

Бепул мондани банкоматҳои бонкро ҳам коршиносон як аломат аз вазъи нохуби бонк медонанд. Чун буҳрон дар ду бонки дигар – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» маҳз бо ғайб забани пул аз сандуқи банкоматҳояшон шурӯъ шуда буд.

Нур Сафаров, як иқтисоддони мустақил мегӯяд, вазъияти “Ориёнбонк” аз бонкҳои дигар фарқ мекунад ва якчанд омил ба вазъи молии ин бонк таъсири бад расонидааст. Ӯ гуфт:

“Ориёнбонк дар соли 2011 аз маблағҳои худаш як чойхонаро дар Данғара бунёд кард. Баъдан соли 2015 Кохи муҳташами Наврӯзро дар Душанбе сохт, ки 1 миллиард сомонӣ ба қурби он замон беш аз 200 миллион доллар ҳазина дошт. Ҳамаи ин масрафҳо, ки барои бонк қариб ҳеҷ боздеҳе надоранд, ба вазъи молиявии бонк бетаъсир намемонад”.

Сафаров афзуд, суратҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” ҳам аз ин бонк ба «Амонатбонк» кӯч дода шуд, ки мутаносибан боиси кам гаштани даромадҳояш шуд.

Ин коршинос мегӯяд, бо ин вуҷуд вазъияти “Оринёбонк” ба мисли дигар бонкҳо нест, чунки манбаъҳои даромади ин бонк хеле зиёд аст ва яке аз муассисонаш ширкати аллюминиюми тоҷик “Талко” мебошад.

“Ориёнбонк” яке аз чаҳор бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар садри он Ҳасан Асадулозода, додарарӯси президент ва аз соҳибкорони пурнуфузи кишвар қарор дорад. Асадуллозода ба ҷуз аз ин бонк молики ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” аст.

Охиран Зарина Раҳмон духтари раисиҷумуҳари Тоҷикистон низ ба сифати муовини раис дар ин бонк ба кор пардохт.

Бинобар гузориши Бонки миллӣ саҳмиядорони бузургтар ва ё судбародорони аслии ин бонки бузурги Тоҷикистон панҷ ширкат - Tajik Aluminium Company Limited, Gurgin Tehnology LTD, ЧДММ «Фируз-ЛТД», ЧДММ «Ориён-Тоҷ,», ЧДММ «Лоҷвар» ҳастанд. Ин ширкатҳо ҳар кадоме аз 5 то 10 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр доранд. Аммо исми моликони ин ширкатҳо, ки аз судбардорони аслии “Ориёнбонк” низ ба ҳисоб мераванд, ошкор нашудааст.