Ниссои Лутфишо - барандаи озмуни "Ориоке". САДО

Як сокини ҷавони Душанбе - Ниссои Лутфишо барандаи озмуни таҷрибавии овозхонӣ шуд. Ниссо бо ихтисоси филологи забони англисӣ ҳеҷ гоҳ дар мактаби мусиқӣ таҳсил накардааст, вале чанд рӯз пеш тавонист дар як озмуни нави мусиқӣ баъди се даври озмун дар миёни 16 ширкатдор баранда ва соҳиби ҷои аввал шавад. Дар даври ниҳоии озмуни "Ориоке" Ниссо оҳанги Miley Cyrus “The Climb”-иҷро ва беҳтарин унвон шуд.

Дар сӯҳбати телефониаш бо радиои Озодӣ Ниссо гуфт, ин озмун зиндагӣ ва ҷаҳонбиниашро дигар кард ва баъди ин ӯ ҷиддан дар фикри карйераи

Ба ман ҳар хел одамҳо мегуфтанд, ки “ту як духтари тоҷик ҳастӣ, ба ту намезебад. Вале ба ман муҳим, ки падару модарам маро дастгирӣ мекунанд, ба фикри дигарон кор надорам. Маниша Назарова

мусиқӣ мешавад. Вай гуфт, дар Тоҷикистон озмунҳои мусиқӣ ва мусиқии замонавӣ зиёд барпо намешавад ва шояд аз ҳамин сабаб ҳам вақте ба ӯ як дӯсташ машварат дод, ки дар озмуни ғайриоддие иштирок кунад, ин пешинҳодро пазируфт: “То он замон ман дар бораи мусиқӣ ҷиддӣ фикр намекардам. Вале баъди он дар фикр мондам, дидам, ки аз дастам кори зиёде меомадааст ва баъди ин ман дар фикри овозхонӣ мешавам”.

Ниссои Лутфишо мисли дигар ширкатдорони озмун суруди худро бидуни кӯмаки техникӣ ё ороишоти фаннӣ ба таври зинда зери мусиқии аз пеш сабтшуда иҷро кард. Шарти озмун ҳам ҳамин буд, ки ҳар довталаб ҳунари воқеии овозхонии худро ба намоиш гузорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озмуни "Ориоке" истеъдодҳои навро кашф кард

Таҷрибаи аввал

Озмуне, ки барои нахустин бор ва ба таври таҷрибавӣ аз ҷониби як гурӯҳи ташаббускор ташкил шуд, бо ҳадафи кашфи истеъдодҳои нав дар ҳунари овозхонии замонавӣ дар миёни сокинони ҷавони Душанбе барпо гардид. Муаллифон мегӯянд, дар Тоҷикистон озмунҳои зиёди ҳунарии ба истилоҳ расмӣ баргузор мешавад, ки дар онҳо сурудҳо маъмулан аз рӯи жанрҳову маълум ва қабулшудаи мусиқӣ ва ё фолклории миллӣ садо медиҳанд.

Собир Собиров, раҳбари гурӯҳи наворбардории ин озмун дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, дар номгузории озмун калимаҳои “ори” (аз русии “дод зан”) ва “караоке” (ҳамовозӣ бо оҳанги аз пеш сабтшуда) истифода шудааст. Озмуни таҷрибавӣ дар хонаи мӯди тарроҳи маъруф Мавлуда Ҳамроева ва бо истифода аз намунаҳои либосҳои дӯхтаи ӯ ташкил шуд. Дар маҷмӯъ дар нахустин озмун 16 довталаб ва ё онҳое иштирок карданд, ки ба ҳунари овозхонии худ эътимод доштанд.

Собир Собиров мегӯяд, ки озмун маълум кард, ки дар миёни ҷавонҳо нафарони хеле зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд бо шакли замонавӣ, шикастани қолабу анъанаҳо дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ садои худро бисанҷанд.

“Озмун омехтаи мӯд ва фарҳанги овозхонӣ шуд. Тоҷикистон ҳамеша бо вижагиҳои ҳунарии худ фарқ мекард. Идеяи озмун ҳам ҳамин буд, ки ҳар ширкатдори озмун либоси омодашударо ба бар карда ба саҳна мебарояд ва суруди худро муаррифӣ кунад. Дар натиҷа, ҳар довталаб ба рӯи саҳна баромада овози худро санҷид ва аъзои ҳакамон танҳо ба ҳунари овозхонии ин шахс баҳо доданд, ҳеҷ кӯмаки фаннӣ дар таҳрири садои овозхон роҳ дода нашуд”.

Қадами баъдӣ, мегӯяд ӯ, ташкили озмунҳои нави ҳунарӣ бар асоси консепсияи таҷрибашуда мешавад ва то фарорасии Наврӯз шаклҳои дигари ин озмун дар жанрҳои мусиқии ҳам замонавӣ ва ҳам суннатии мисли “Шашмақом” баргузор мекунанд. “Ин кор ҳама озмоиш ва кӯшиши боз кардани роҳу василаҳои нави кашфи истеъдодҳо дар миёни ҷавонҳо аст”, мегӯянд ташаббускорон.

Маниша Назарова – исми тоза дар Hip hop ва R&B-и тоҷикӣ

Яке аз кашфиётҳои озмуни “Ориоке” – овозхони 17-сола Маниша Назарова буд. Маниша, ки муҳассили соли аввали консерваторияи милии Тоҷикистон дар бахши мусиқии опера аст, дар озмуни “Ориоке” бо суруде дар жанри Hip hop ва R&B иштирок кард ва сазовори ҷои дуюм шуд. Вай мегӯяд, як умр ба мусиқӣ шавқ дошт ва вақте шунид, ки чунин як озмуни ғайриоддие баргузор мешавад, зуд аризаи худро барои иштирок фиристод.

Мегӯяд, ошиқи R&B, hip hop ва ин навъ жанрҳои нави стайли амрикоии овозхонӣ аст. Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон чӣ гуна метавонад ҳунари овозхонии ғайрианъанавии худро пеша кунад, гуфт: “Албатта, лаҳзаҳое зиёд буд, ки ба ман ҳар хел одамҳо мегуфтанд, ки “ту як духтари тоҷик ҳастӣ, ба ту намезебад. Вале ба ман муҳим, ки падару модарам маро дастгирӣ мекунанд, ба фикри дигарон кор надорам”. Вай мегӯяд, то омадан ба озмун, одатан дар ҳалқаи наздикону дӯстонаш ҳунари овозхониашро ба намоиш мегузошт ва аз вокунишҳои онҳо медонад, ки тарафдораш кам нест.

Маниша мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон мактаби мусиқии замонавии муносиб ба ӯ вуҷуд надорад, ҳоло мувофиқ ба тавонмандиҳои садоиаш, дар бахши операи консерваторияи миллӣ таҳсил ва ҳунарнамоӣ мекунад.

"Дар фикри кашфи истеъдодҳои нав ҳастем"

Масъулини озмуни “Ориоке” мегӯянд, дар пеши худ кадом ҳадафи барҷаставу бузурге нагузоштаанд, вале агар ин озмун тавонад истеъдодҳои навро дар миёни насли ҷавон кашф кунад, бурди онҳо ва ҳам ҳунари мусиқии замонавии тоҷик мешавад. Собир Собиров гуфт, аксари ширкатдорони озмун барои нахустин бор рӯи саҳна баромада бо овози баланд дар баробари мустахассисони мусиқӣ овозхонӣ карданд. Онҳо назари мутахассисонро шуниданд ва баъди шунидани ин назарҳо дигар интихоб бо онҳо аст, ки шояд бархе тавонанд дар фикри сайқал додани ҳунари овозхонии худ ва ҷиддан дар андешаи карераи мусиқӣ шаванд.

Дар ташкили озмуни таҷрибавии овозхонии “Ориоке” овозхон Алишер Холиқназаров, радиои маҳаллии AFM ва “Столичное радио” ва дар баҳогузории овозхонҳо собиқадорони мусиқии замонавии касбӣ, назири Зураб Кокоев иштирок карданд.