"Путин такрори онро намехоҳад." Оқибати ҳамлаи Украина ба Русия чист?

Вилояти Курск

Мақомоти расмии Русия мегӯянд, қариб ҳамаи аҳолии ноҳияи Краснояружро дар вилояти Белгород ба ҷойи амн кӯчондаанд, чун нерӯҳои Украина ҳаракатро аз вилояти Курск ба ин самт идома медиҳанд. Аз миёни 14 ҳазор аҳолии ноҳия 11 ҳазор нафарро ба ҷойҳои дигар бурдаанд.

Ҳамлаи ғофилгиронаи Украина ба Русия дар ҷанги дувунимсола як тағйири чашмгирест. Ба гуфтаи коршиносон, агарчӣ он Русияро дар ғафлат гузошт, барои Украина хатари ҷиддӣ ҳам дорад.

Марион Мезмер, коршиноси амнияти байнулмилалӣ аз муассисаи таҳқиқотии "Chatham House" дар Лондон дар ин ҳамла чанд стратегияро мебинад.

"Ба назари ман, Украина аз як тараф мехоҳад, Русияро ақиб занад, то дар музокироти оянда абзоре барои фишор дошта бошад. Аз тарафи дигар зоҳиран мехоҳад, таваҷҷуҳи нерӯҳои Русияро, ки ба дохили Украина ҳаракат мекунанд, ба дигар тараф кашад. Ва ин кор зоҳиран натиҷа додааст," – гуфт ӯ.

Маркази Курск, 12-уми августи 2024

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард. Киев то кунун қаламравҳояшро аз даст медод. Мезмер мегӯяд, ҳаракати нерӯҳои Украина ба қаламрави Русия хатарнок ҳам ҳаст.

Ӯ афзуд: "Як хатараш ин аст, ки теъдоди сарбозони Русия назар ба Украина зиёд аст. Агарчӣ Украина тавонист, нерӯҳои Русияро камтар кунад, талафоти худаш зиёдтар аст. Эҳтимол Русия зарбаҳои сахти ҷавобие хоҳад зад, чун ҳамла обрӯяшонро бурд. Ва ин чизест, ки Путин такрори онро намехоҳад. Аз ин рӯ, ҳамла ба Русия метавонад, сабаби талафоти зиёд дар артиши Украина шавад, ки таҳаммулаш барои он сахт хоҳад, баръакси Русия, ки низомиёни зиёд дорад."

Нерӯҳои украинӣ

Ба қавли Марион Мезмер, коршиноси амнияти байнулмилалӣ, ҳамлаи ҷавобии Украина барои муддате ҳам бошад, сарбозони Украинаро рӯҳбаланд кардааст.

"Ба андешаи ман, ҳамлаи ҷавобӣ ба рӯҳияи онҳо таъсири зиёд гузошт. Яъне, украиниҳо медонанд, ки агар ин ҷанг хуб анҷом наёбад, барояшон бад мешавад. Аз ин рӯ, азмашон қавӣ аст ва дар пушти ҳукуматашон истодаанд. Ба фикри ман, ин ҳамлаи ҷавобии муваффақ нишондиҳандаи он аст, ки онҳо фикр мекунанд, Украина ҷангро мебарад. Аз тарафи дигар, мумкин аст, дар сурати шиддат гирифтани ҳамлаҳои Русия натиҷа дигар шавад," -- шарҳ дод коршинос.

Фармондеҳи артиши Украина рӯзи душанбе гуфт, нерӯҳои онҳо аз замони ҳуҷум ба вилояти Курск дар ҳафтаи гузашта ҳазор километри мураббаи Русияро таҳти назорат даровардаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оқибати ҳамлаи Украина ба Русия чӣ хоҳад буд?