Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба як бинои истиқоматӣ дар Харков

24-уми сентябр. Дар пайи таркиши бомбаи ҷиҳатёб ё ҳидоятшаванда як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Харкови Украина вайрон шуд. Ба иттилои раиси шаҳр Мҳор Терехов, дастикам се нафар ҷон бохтаанд.

Девори афтодаи олуда бо хун. Русия ба ин бино камаш панҷ бомбаи ҷиҳатёб партофтааст. 

Акси бомбаи ҷиҳатёб ё бомбаи ҳидоятшавандаи Русия ҳангоми парвоз (аз бойгонӣ). 

Артиши Русия захираҳои кӯҳнашудаи бомбаҳои сангинашро ба ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷиҳатгир пайваст намуда, ба истифода мебарорад. Халабонҳои рус то ҳол тавонистаанд бомбаҳои дорои 500 кило вазнро ба ҳадафҳои муайян дар масофаи то 70 километр партоб кунанд.

Оқибатҳои таркиши бомбаи ҳидоятшаванда дар рӯзи 24-уми сентябр

Амалиёти наҷот дар ҷойи таркиши бомба. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар зери вайронаҳои бино сокинон боқӣ мемонанд

Бахши харобшудаи бинои истиқоматӣ дар Харков. 

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳамин бино баъд аз шурӯи ҷанг дар соли 2022 бори дуюм мавриди ҳадафи Русия қарор мегирад. Тереков дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки баъд аз ҳамлаи аввал ин бино бори дуюм ҳадаф қарор гирифт, дар ҳоле ки баъди ҳамлаи якум тақрибан пурра барқарор шуда буд.

Бозии кӯдакона дар рӯйи овори бинои истиқоматӣ. Президенти Украина Владимир Зеленский аксҳоро аз Харков дар саҳифааш нашр карда, бори дигар аз ҳампаймонҳои Киев хост, ки дар "хатми террор" мусоидат кунанд.

Дар пайи таркиши бомбаи ҷиҳатёб ё ҳидоятшавандаи Русия рӯзи 24-уми сентябр як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Харкови Украина вайрон шуд. Камаш се нафар ҷон бохтаанд. Амалиёти наҷот ва поккорӣ ҷараён дорад.