Баъди таҳримҳо. Эрон ба Тоҷикистон бо чӣ бармегардад?

Таҳлилгарон мегӯянд, лағви таҳримҳои байналмилалӣ ба Эрон имкон медиҳад, ки дубора тарҳҳои бузургеро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон рӯи даст бигирад.

Ҷон Бреннан, раиси CIA, ё Хадамоти марказии кашфи Амрико, изҳор намуд, ки Амрико фишангҳои зиёдеро барои ҷилавгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон дар ихтиёр дорад. Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News гуфт, раисиҷумҳур Барак Обама паёми рӯшан дод, ки Амрико ба Эрон барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаии дилхоҳаш имкон доданӣ нестем.

Аз нигоҳи Ҷон Бреннан, дар Теҳрон хуб мефаҳманд, ки агар ин роҳ, яъне талоши дарёфти силоҳи ҳастаиро идома диҳанд, ин корро дар ҳоли тарсу тардид анҷом хоҳанд дод. Раиси СIA мутмаин аст, новобаста ба он ки дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон созиш ҳосил мешавад ё на, бояд Вошингтон фишорро болои Теҳронро идома диҳад, то Эрон, кишвари пуштибон аз терроризм, вазъи баъзе аз кишварҳои минтақаро ноором накунад.

Изҳороти Ҷон Бреннан дар ҳоле пахш шуд, ки Эрон ва “панҷ ба изофаи як”, яъне панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин) ба изофаи Олмон ба даври ҳалкунандаи музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон омодагӣ мегиранд. Музокирот рӯзи 26 март дар шаҳри Лозаннаи Швейсария аз сар гирифта мешавад ва қарор аст, ки дар поёни он - 31 март созиш миёни Теҳрон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи маҳдудсозии барномаи ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон ба ивази лағви бархе таҳримҳои байнулмилалӣ имзо шавад.

Чанд рӯз пеш дар Лозанна давраи навбатии гуфтушуниди Теҳрон ва “панҷ ба изофаи як” баргузор шуд ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки ҳанӯз на ҳама ихтилофи назарҳо аз байн бурда шудаанд, ҳарчанд “пешрафтҳои қобили мулоҳиза” ба даст омадааст. Ба гуфтаи дипломатҳое, ки дар музокирот ширкат доранд, ҳам мақомоти амрикоӣ ва ҳам эронӣ ба ҳалли ихтилоф ва имзои созиш хушбинанд. Ҳасан Рӯҳонӣ 21 март дар сӯҳбат ба хабаргузории давлатии Эрон ИРНА гуфт, ки пешрафтҳо дар даври ахири музокирот ӯро ба натиҷаҳои мусбати он хушбин мекунад. “Дар ин даври музокирот дар баъзе аз мавзӯъҳо нуқтаи назарҳо бо ҳам мутобиқ омадааст, ки дар даврҳои гузашта роҷеъ ба онҳо ихтилофи назар вуҷуд дошт”. Ҳасани Рӯҳонӣ афзудааст, “масъалае нест, ки ҳал нашавад”.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд бархе аз гурӯҳҳо дар Эрон ҳукумати Ҳасани Рӯҳониро барои “ақибнишинӣ” дар мавзӯи барномаи ҳастаӣ маҳкум мекунанд, раҳбарони давлат ва аксар қишрҳои ҷомеъа интизори имзои ин созишанд, зеро баъди лағви таҳримҳо Теҳрон метавонад аз зону ба пой хезад ва на фақат иқтисоди кишварро аз бӯҳрон берун кунад, балки дар пайи таҳкими нуфузаш дар минтақа ва роҳандозии тарҳҳои нав дар Осиёи Марказӣ шавад.

Фаридун Хованд

Фаридун Хованд, таҳлилгари сиёсии муқими Порис мегӯяд, маҳз бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ, ки иқтисоди Эронро заъиф кардаанд, ва пойин рафтани қимати нафт Теҳрон ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва аз ин рӯ ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳаш ба бархе кишварҳо, аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Марказӣ кам шудааст. Раисиҷумҳури пешин Маҳмуди Аҳмадинажод пайваста ба минтақа, аз ҷумла, ба Тоҷикистон сафар мекард ва маҳсули ин сафарҳо тарҳҳои зиёде, аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳи “Сантуда-2” ва идомаи сохтмони нақби “Истиқбол” дар ағбаи Анзоб буд, ҳарчанд ахирӣ, аз тарҳҳои номуваффақи Теҳрон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аммо дар сафари ахири Ҳасани Рӯҳонӣ ба Туркманистон қабл аз Наврӯз гап на сари тарҳҳои Эрон дар ин кишвар, балки сари мавзӯи интиқоли гази Туркманистон ба дигар кишварҳои тавассути хоки Эрон рафт. Фаридун Хованд дар шарҳи ин вазъият мегӯяд, “дар давраи Маҳмуди Аҳмадинажод имкони Эрон хело зиёд буд ва аз ҷумла, аз содироти нафт ҳамасола тақрибан 700 миллиард доллар фойида мегирифт ва бахше аз ин пулҳоро дар ростои сиёсати хориҷӣ масраф мекард”.

Нерӯгоҳи Сангтуда-2 дар рӯдхонаи Вахш

Мусоҳиби мо меафзояд, “бӯҳрони молиявӣ дар поёни қудрати Аҳмадинажод шурӯъ шуд ва ин мушкилро ба давлати Рӯҳонӣ мерос гузошт. Чун дар давраи раёсатҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ қимати нафт ҳам пойин омад, дар ҳоли ҳозир Эрон ба ин хотир ва бар асари тарҳимҳо фурӯши нафтро кам кардааст, бино бар ин имконоти молиявии Эрон барои роҳандозии тарҳҳои нав дар минтақа маҳдуд шудааст.”

Фаридун Хованд мегӯяд, “агар ин вазъ ислоҳ шавад ва ба хусус агар бори таҳримҳо аз дӯши Эрон бардошта шавад, чун барои Теҳрон Осиёи Марказӣ ва Афғонистон манотиқи стратегӣ ва ҳассосе ҳастанд, нуфузаш ба ин минтақаҳо бармегардад”.

Аммо Эрон дар Осиёи Марказӣ аз кадом тарҳҳо метавонад кор бигирад? Аз нигоҳи Фаридун Хованд ҳоло дар бораи тарҳҳои мушаххасе ҳарф задан каме барвақт аст ва ҳадди аққал лағви таҳримҳои байнулмилалиро интизор бояд шуд. Аммо, аз нигоҳи ӯ, ин тарҳҳо марбут ба ҳамлу нақл, бунёди роҳи оҳану ҷодаҳо, эҳтимолан ширкат дар тарҳи Роҳи бузурги абрешим, ки чиноиҳо алҳол дар тадорукаш ҳастанд, ҳамчунин дар арсаи нафту энерҷӣ, тавлиди нерӯи барқ, бунёди манзил ва истихроҷи маъдан хоҳанд буд. Аз нигоҳи таҳлилгарон, шояд мавзӯи содироти нафти арзони Эрон ба Тоҷикистон ҳам ҳалли худро пайдо кунад. Бархе аз манбаъҳои огаҳ мегӯянд, ки Эрон бунёди манзилҳои замонавӣ ва ҳатто шаҳракеро дар пойтахти Тоҷикистон дар нақша дорад.

Ба гуфтаи Фаридун Хованд, лағви таҳримҳои байналмилалӣ ҳамчунин ба Эрон имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ду кишвари форсизабон - Тоҷикистону Афғонистон дар арсаҳои фарҳангиву донишгоҳиро тақвият бубахшад.