Манбаъ: Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов бар асоси феҳристи Бонки миллӣ боздошт шуданд

Фаъолони “Гурӯҳи 24” мегӯянд, ду узви боздоштшудаи ин созмон дар Туркия дар мӯҳлати се моҳ дар ҷараёни таҳқиқи иттиҳоми зидди онҳо ба Тоҷикистон истирдод намешаванд.

Дар ин бора рӯзи 23 март ба Радиои Озодӣ Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ашӯров гуфт, ки бар асоси ҳукми додгоҳ аз рӯзи 21 март, Суҳроби Зафар (Суҳроб Тӯраев), раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насим Шарипов, як фаъоли ин созмон дар боздошт мемонанд ва мақомоти тафтишотии Туркия дар ин муддат таҳқиқии дурустии

Ҷараёни истирдод метавонад паёмадҳои номатлубе ба бор орад ва ба хотири омӯзиши қазия тасмим шуд ба таври муваққатӣ истирдоди онҳо ба кишварашон боздошта шавад. Додраси додгоҳи конститутсионии Туркия

иттиҳоми зидди онҳо пешгузошташуда дар ин кишварро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Ду узви созмоне, ки худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон меномаду дар қаламрави ин кишвар экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шудааст, рӯзи 19 март аз дохили манзили зисташон дар Истамбул боздошт шуданд.

Хабари адами истирдоди аъзои “Гурӯҳи 24”-ро ба Радиои Озодӣ муҳаққиқи Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch Стив Свердлов ҳам рӯзи 23 март тасдиқ кард.

Дар қарори додгоҳи конститутсионии Туркия бо имзои додрас Энгин Йилдирим гуфта шудааст, ки тасмими боздошта шудани ҷараёни истирдоди ин ду шаҳрванди Тоҷикистон “ба хотири таҳқиқи қазия” гирифта шуда, барои омӯзиши ин парванда маълумот ва санади бештар тақозо мешавад. “Ҷараёни истирдод метавонад паёмадҳои номатлубе ба бор орад ва ба хотири омӯзиши қазия тасмим шуд ба таври муваққатӣ истирдоди онҳо ба кишварашон боздошта шавад”, омадааст дар қарори додгоҳ.

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҳеҷ иттилое дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия надоранд. Аз ҷумла, дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара рӯзи 21 март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки танҳо баъди муроҷиати сохторҳои давлати Туркия ваё худи боздоштшудаҳо сафорати Тоҷикистон дар бораи дастгир шудани шаҳрвандонаш хабар меёбад. Пеш аз ин вазорати дохилаи Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки дар бораи ин ҳодиса аз матбуот хабар ёфта, дурустии ин хабарро тасдиқ карда наметавонад.

Боздошти чандсоатаи Меҳрубон Сатторов

Рӯзи баъд аз боздошти ду узви “Гурӯҳи 24” дар Туркия, дар Маскав ҳам барои чанд соат барандаи барномаҳои видеоии ин созмон Меҳрубон Сатторов ҳам боздошт шуд. Саидалӣ Ашӯров рӯзи 23 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Сатторовро ба идораи додситонии маҳаллӣ бурда, баъди омӯзиши санадҳояш озод карданд. Сатторов, ки аз Русия ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ хостааст, давоми як сол бо талаби Тоҷикистон дар ин кишвар дар боздошт буд ва баъдан озод шуд.

Боздоштҳо бар асоси рӯйхати Бонки Миллӣ

Дар ҳамин ҳол, Саидалӣ Ашӯров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати Туркия бо назардошти сиёсӣ будани иттиҳомоти ин ду нафар дар ниҳоят Суҳроби Зафар ва Насим Шариповро озод мекунад:

“Ин бори аввал нест, ки Суҳроби Зафар боздошт мешавад. Ӯ дар солҳои 2014, 2015 ва ҳоло бар асоси дархости ҷониби аввал (Тоҷикистон) дастгир мешавад. Ҳар дафъа бо иттиҳоми гуногун боздошт мекунад. Ҳукумат ҳар дафъа кӯшиш мекунад, ки садди роҳи озодандешон ва мухолифон бошад”.

Ба гуфтаи Ашӯров, тавре ба Меҳрубон Сатторов дар Маскав гуфтаанд, ба Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов ҳам гуфтаанд, ки як далели боздошти онҳо – вуҷуди исмашон дар рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм" аст, ки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ба ин феҳрист, ки аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ таҳия шуд, 1372 шаҳрванди Тоҷикистон шомиланд. Дар ин феҳраст инчунин исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзноманигори мунаққиди ҳукумат Додоҷони Атовулло, фаъоли фейсбукӣ Саидюнуси Истаравшанӣ ва бисёр дигарҳо мебошанд.

Ин департаменти Бонки Миллӣ бо FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ҳамкорӣ дорад. Феҳристи созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви ин созмон дастрас хоҳад буд.

​Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳи Туркия хоста шудааст, ба ҳеч ваҷҳ раҳбарони боздоштшудаи “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон таслим накунанд. Вай гуфт:

“Онҳо вакилони дифоъ доранд. Ба Додгоҳи Туркия дархост додаанд, ки ин афродро ба Тоҷиктсон надиҳанд. Онҳо дар Тоҷикистон бо нақзи густурдаи ҳуқуқашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”, - афзуд ӯ.

Бо айни чунин тақозо Эдвард Лемон, як пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ ҳам ахиран ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Боздошти даҳҳо нафар дар дохилу хориҷ

Суҳроб Зафари 40-сола, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо тахаллуси “Шом” низ маъруф аст, аз охири соли 2015 ба ин тараф раёсати “Гуруҳи 24”-ро бар уҳда дорад. Вай дар пайи як тағйироти кадрӣ, ки онро шохаи дигари “Гуруҳи 24” табаддулот меноманд, ин масъулиятро аз Шарофиддин Гадоев ба ихтиёри худ гирифт. Суҳроб Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард.

Насим Шарипов ҳам, ба гуфтаи Ашӯров, як зодаи вилояти Хатлон буда, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошад.

Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд.

Собир Валиев

Вале дар баъзе ҳолатҳо, кишварҳо баъди таҳқиқи қазияҳояшон аз таслими онҳо ба мақомоти Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, солҳои 2015 ва 2016 Собир Валиев дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус беш аз 8 моҳро дар боздошт сипарӣ карда, баъдан озод шуданд. Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо рад карданд.

Муассис ва раҳбари ин гуруҳ – соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.