Ойниҳол Бобоназарова номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки бинобар камбуди иимзоҳо аз тарафи КМИРТ сабти ном нашуд, аз ширкат дар маъракаи раъйдиҳии интихоботи президентии кишвар худдорӣ кард.
Ойниҳол Бобоназарова субҳи имруз ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳеҷ кадоме аз минтақаҳои раъйдиҳӣ нарафтааст ва хоҳиши рафтан низ надорад.
«Ман ҳамчуноне, ки аз қабл тасмим гирифтам, ки дар рузи раъйдиҳии интихоботи президентӣ ширкат намекунам ва дар ҷамин мавқеъи худ собит ҳастам» - гуфт Ойниҳол Бобоназарова.
Раиси Ҳизби Сотсиал демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров, ки ёаӣлан интихоботро бойкот карда буд, гуфт, ки ҳамчунон дар тасмими қаблии худ устувор аст ва дар интихоботи раёсати ҷумҳур иштирок намекунад. «Ин интихоботи беинтихоб аст ва мо ин интихоботро бойкот кардем, инро расман эълон кардем. Натанҳо ман, балки ҳамаи ҷонибдорони ҲСДТ имруз ба раъйдиҳи намеравад» гуфт ҷаноби Зоиров.
Ҷаноби Зоиров афзуд, "дар сурате, ки ҳукумат тавони мубориза бо як зани шоистаро надорад ва аз бими ӯ фишорҳоро болои тарафдорони ИНИТ афзоиш дод ва коро ба ҷое кашонид, ки хонум Бобоназарова сабти ном нашуд, чӣ гуна ин маъракаро демократӣ ва шаффоф номид?"
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, як ҳизбе, ки гуфта мешавад, аз ҷиҳати теъдод баъди ҳизби ҳоким дар ҷойи дуввум қарор дорад, низ аз иштирок дар интихобот даст кашид ва феълан дар Туркия ба сар мебарад. Ҷонидорони ин ҳизб низ аз иштирок дар интихобот худдорӣ кардаанд.
Талошҳои ИНИТ барои пешбарии номзади ягонааш – Ойниҳол Бобоназарова - ҳанӯз дар марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо тамом шуд. Ситоди Бобоназарова ба ҷои 210 000 имзое, ки КМИРТ аз ҳар номзад тақозо мекард, танҳо 202 000 имзо ҷамъ овард ва ба ин далел аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд. Мухолифон аммо ин тақозои КМИРТ-ро як садди сунъӣ барои тоза кардани майдон аз рақибони номзади ҳизби ҳоким хонданд.
Мунтақидон мегӯянд, бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова аз сабқати интихоботӣ интригаи интихоботи имсола аз байн рафт ва майдонро барои президенти кунунӣ берақиб гузошт. Чунки ба бовари бисёриҳо, 5 номзади дигар низ амалан аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ мекунанд ва дар асл танҳо барои алтернативӣ ҷилва додани ин маърака номзад шудаанд.