Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ва аз сиёсатмадорони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 8 октябр дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони милиса имрӯз вориди манзили ӯ дар рустои Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар тақрибан 5-километрии ғарби Душанбе шуда, аъзои хонаводааш - ҳамсар ва ду фарзанди ӯро “рӯйхат” кардаанд.
Иззат Амон дар як номаи саркушода ба вазири умури дохила, ки дар шабакаи Фейсбук нашр кардааст, мустақиман аз Рамазон Раҳимзода хостааст, то ин “ташриф”-и кормандонашро шарҳ диҳад. Ба ақидаи ӯ, ин "ташриф"-ҳову "пурсиш"-ҳо ғолибан ба даъватҳо ба як намоиши эътирозӣ дар Душанбе рабт дорад ва мақомот бо ин роҳ сиёсатмадорони мухолифи ҳукуматро тарсондан мехоҳанд.
Иззат Амон, ки феълан дар Маскав ба сар мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ин маъмурони милиса аз тариқи телефон сӯҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, бевосита бо амри вазири дохила омадаанд, то “бо вазъи зиндагии хонаводаи Иззат Амон ошно шаванд” ва аъзои ин хонаводаро “рӯйхат” кунанд. Яке аз ин маъмурони милиса, ба гуфтаи ин сиёсатмадори мухолиф, худро Диловар Абдураҳимов, нозири минтақавӣ ва дувумӣ капитан Салим Давлатов аз шӯъбачаи милисаи воқеъ дар шаҳраки Коммунизми ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ кардаанд.
Иззат Амон мегӯяд: “Вақте ман гуфтам, ки наход вазири умури дохила шахсан ба як капитану нозири минтақавӣ амр диҳад, онҳо иқрор карданд, ки ин амрро шахсан аз Рамазон Раҳимзода нею аз сардори мустақими худ гирифтаанд, вале амр аз ҳамон болост.”
Иззат Амон ба ин далел дар номааш аз вазири корҳои дохила хостааст, то шарҳ бидиҳад, ки оё маъмурони милиса дар манзили ӯ дар Чоряккорон чӣ мекофтанд? Ва ҳадаф аз ин, ба таъбири оқои Амон, “маъракаҳои кофтукоб ва тарсафканӣ чист?”
Аммо дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки раҳбари шӯъбачаи воқеъ дар шаҳраки Коммунизм дар ин шабурӯз барои адои фаризаи Ҳаҷҷ дар Маккаву Мадина қарор дорад ва ҳеҷ наметавонист амри кофтукоби хонаи Иззат Амонро бидиҳад. Мусоҳиби мо гуфт, "агар касе ҳам рафта бошад, худсарона рафтааст, на бо супориши вазорат ё шӯъба."
Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар Тоҷикистон шабакаи Фейсбук дастнорас шудааст, онҳо ҳанӯз ба матни номаи Иззат Амон дастрасӣ пайдо накардаанд. Масъулони ин ниҳоди вазорати дохила тавассути Озодӣ ба Иззат Амон пешниҳод доданд, то номаашро аз тариқи эмейли расмии вазорат - vkd.tj@mail.ru - бифиристад ва Рамазон Раҳимзода дар чунин сурат ҳатман онро мутолиа ва вокуниш хоҳад кард. Ин емейл махсус барои ирсоли шикоятҳо ба вазир сохта шуда, ба гуфтаи дафтари матбуоти вазорати дохила, оқои Раҳимзода ҳамаи номаҳои расида ба ин почтаи электрониро шахсан мутолиа ва расидагӣ мекунад.
Иззат Амон раҳбари Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, яке аз созмонҳои машғули ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик буда, нисбат ба ҳукумати кунунӣ дар Душанбе мавқеи мухолиф дорад. Ӯ дар ин авохир бо нашри як силсила номаҳои саркушода дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, фаъолияти ниҳодҳои давлативу дипломатии Тоҷикистон дар Русия дар амри дифоъ аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро башиддат ба боди интиқод кашида буд.
Иззат Амон дар ҳоле дар бораи манзилаш даромадани маъмурони милиса ба хотири “ошноӣ бо вазъи зиндагӣ”-и ӯ ва “рӯйхат” кардани аъзои хонаводаи ин сиёсатмадори мухолиф ба вазири умури дохила нома навиштааст, ки рӯзи 7 октябр наздикони Шарофиддин Гадоев, як соҳибкори фирории тоҷик, ки дар Испания паноҳ бурдааст, аз сӯи мақомоти амниятии ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Наздикони Гадоев мегӯянд, ки модари ӯро баъди ним соат раҳо карданд, вале се хоҳар ва ду домодашро тақрибан то соати нӯҳуними шаб нигоҳ доштаанд.
Аммо Сафаралӣ Тағоев – сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзи 7 октябр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ сарусадоҳо дар бораи гӯё боздошт шудан пайвандони соҳибкори фирорӣ Шарофиддин Гадоевро рад кард ва гуфт, онҳо танҳо барои “сӯҳбат” даъват шуда, баъди ҳамагӣ ним соат ба манзилашон баргаштаанд.
Ин мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле мавриди пурсишу кофтукоби мақомоти интизомии Тоҷикистон қарор гирифтаанд, ки ахиран дар пайи баргузории силсилаи таҷаммӯъҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар чанд шаҳри Русия, аз ҷумла дар Маскаву Самара ва Екатеринбург, дар Интернет аз тарафи “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки Умаралӣ Қувватов, яке аз ёрони наздики Шарофиддин Гадоев, таъсис додааст, даъватҳо ба баргузории як намоиши эътирозӣ дар шаҳри Душанбе алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон баланд мешаванд.
Дар посух ба ин даъватҳо додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 октябр эълон кард, ки аз Додгоҳи олӣ созмони ифротгаро шинохтану манъ кардани фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро дархост кардааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 8 октябр баррасии ин масъаларо оғоз карда, эълон дошт, ки ҳукмаш дар мавриди ин созмонро 9 октябр эълон мекунад. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 7 октябр гуфт, ба чунин эътироз дар пойтахт роҳ нахоҳанд дод ва мардум ҳам, ки сабақи талхи ҷанги солҳои 90 то ҳол аз машомаш нарафтааст, ба ягон гирдиҳамоӣ нахоҳад пайваст.
Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, дар тобистони соли 2012 тарки ин кишвар карда, созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд. Онҳо иддао доранд, ки тиҷоратҳояшонро дар Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз худ кардааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон алайҳи онҳо бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ парванда кушода, ҳардуро таҳти таъқиби байналмилалӣ қарор доданд.Бо дастури Интерпол Умаралӣ Қувватовро моҳи декабри соли 2012 дар Дубай ва Шарофиддин Гадоевро тобистони соли ҷорӣ дар Мадрид дастгир карданд, вале дар ҳарду маврид додгоҳҳои Имороти Араб ва Испания аз супурдани онҳо ба дасти мақомоти Тоҷикистон худдорӣ карданд.