Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи сешанбе бо пахши як хабарнома эълон кард, ки нерӯҳои давлатӣ субҳи имрӯз амалиёти бозпас гирифтани шаҳри Кундузро оғоз карданд ва то ба ҳол бинои фармондеҳии амният ва зиндони Кундузро ба тасарруф дароварданд.
Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта шудааст, ки нерӯҳои тозанафас аз Тахор, Балх ва Кобул ба Кундуз расидаанд ва нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд. Нерӯҳои байналмилалӣ низ таъйид кардаанд, ки амалиёти бозпасгирии шаҳри Кундуз оғоз шудааст.
ХАБАРИ ОҶИЛ: Шаҳри Кундуз ба дасти Толибон афтод
Ҳукумати Афғонистон ҳамлаи рӯзи душанбе ба Кундузро як ҳамлаи террористӣ хонда ва эълон кардааст, ки дар он ҷангҷӯёни шабакаи Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ даст доштаанд.
Генерал Муродалӣ Мурод, муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон низ гуфтааст, ки ҳамла ба шаҳри Кундузро на танҳо ҷангиёни Толибон, балки шуморе аз ҷангҷӯёни тундрав ва ифротии гурӯҳҳои мухталифи хориҷӣ созмон дода ва ба Толибон кӯмак кардаанд.
Муҳаммад Аюби Солангӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ҷанҷӯёни Толибон пас аз суқути шаҳр вориди тиллофурӯшиҳо, дӯконҳо ва хонаҳои мардум шуда, ба ғоратгарӣ даст задаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад