Маблағи сарфу харҷи корзони интихоботӣ тибқи қонун дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат ҷудо карда мешавад.
Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр, сарфу харҷи корзори пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро муайян кард. Ба асоси итилоияи кумиссиён барои ҳар номзад аз ҳисоби буҷаи давлат 25 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад ва ҳар яки онҳо ҳақ доранд, то 200 ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби худ барои тарғибу ташвиқи худ ва дигар чорабиниҳо харҷ намоянд. Дар умум ин маблағ муодили 45 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин чопи плакатҳо бо барномаи пешазинтихоботӣ, тарҷумаи ҳол ва расми номзад ба мансаби президентӣ барои ҳамаи номзадҳо аз ҳисоби буҷаи давлат сурат мегирад. Вай гуфт ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд, аз ҳисоби маблағҳои ҳизб, барои мисол аз ҳисоби аъзоёнаш, ҷонибдоронаш ки дар ҳисоботаш ҳаст метавонад, ин маърака то 200 ҳазор сомонӣ сарф кунад. Вале ҳизбҳо наметавонистаанд аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои хориҷӣ чорабиниҳои пешазинтихобтиро баргузор кунанд.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё маблағе, ки кумиссиёни марказии интихобот барои баргузории чорабиниҳо, аз ҷумла, таблиғи номзад, мулоқот бо мардум дар саросари кишвар ихтисос медиҳад, кофист?
Саидҷаъфар Исмонов, раис ва номзади ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, 25 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлат пули кам аст. Ба гуфтаи вай, ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди демократияи кишвар саҳми назаррас доранд ва мебоист барои ҳар як номзад на камтар аз сад ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешуд. Аммо Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, ҳизбаш барои барномаҳои пешазинтихоботӣ мушкили молӣ надорад, зеро то имрӯз онҳо аз ҳисоби кумаки дӯстон ва ҳаводорони ҳизбашон фаъолият доранд. Ба андешаи вай барои як ҳизби сиёсӣ пайдо кардани 200 ҳазор сомонӣ душвор нест. Вай мегӯяд вақте як ҳизб 200 ҳазор сомонӣ маблағ пайдо карда наметавонад, чигуна ӯ 8 млн. аҳолиро таъмин мекунад ва даъвои номзадӣ мекунад? Ҷаноби Исмонов гуфт кӯмакҳое, ки ба ҳизби ҲДТ мешавад аксарият аз ҷониби дустони худи онҳост.
Масъулони ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маблағгузории корзори интихоботии худ мушкиле надорад. Амир Қарақӯлов, роҳбари ин ҳизб гуфт, аслан ҳизби онҳо ба кумаки молӣ ё дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ ниёз надорад. Онҳо барномаҳои пешазинтихобиятшонро бо такя ба маблағҳои тарафдорони ҳизбашон амалӣ мекардаанд. Ҳарчанд аъзои ҳам ҳизби демократӣ ва ҳам ҳизби аграрӣ зиёд нестанд ва аъзоҳаққие, ки аъзои ин созмонҳо бипардозанд, ночиз аст.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, ки аз тарафи мухолифони ҳукумат ва ба бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзад ба мақоми раиси ҷумҳур муаррифӣ шуд, 25 ҳазор сомонӣ барои ҳар як номзадро барои корзори интихоботӣ нокофӣ медонад ва мегӯяд, аъзои Ҳизби наҳзат омодаи кӯмак дар сармоягузории маъракаи пешазинтихоботии ӯ ҳастанд. Вай гуфт он 200 ҳазоре ки ҳизбҳо бояд дошта бошанд, инро ҲНИТ дорад. Зеро тарафдорони ин ҳизб барои кумаки як дафъаина омода будаанд ва алакай ваъда ҳам кардаанд.
Ҳарчанд аксар аҳзоби сиёсӣ мегӯянд барои сарфи маъракаи интихоботӣ ба маблағи созмонҳои хориҷӣ ва ё сармоядорон эҳтиёҷ надоранд, аммо мақомотро мебоист, маблағгузории маъракаҳои пешазинтихобтиро барои номзадҳо зиёдтар аз 25 ҳазор сомонӣ таъин мекард. Дар Тоҷикистон сармоягузории корзори интихоботӣ аз тарафи тоҷирони алоҳида ва ё созмонҳои хориҷӣ мамнӯъ аст.
Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки зимни корзори тарғиботӣ ба номзадҳо дар телевизионҳои давлатӣ ним соатӣ вақти ҳатмӣ дода хоҳад шуд ва шахсони боэътимоди онҳо 20 дақиқа метавонанд аз ин минбари саросарӣ истифода кунанд.
Аммо дар ҳоле ки таблиғи номзадҳои дигар бо 25 000 сомонӣ ва 30 дақиқа барои суханронӣ маҳдуд шудааст, мунтақидон мегӯянд, барои раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки низ номзадиаш пешбарӣ шудааст, ҳеҷ маҳдудияте пешбинӣ нашудааст ва ҳар рӯз аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ соатҳо барои таблиғи сафарҳои ӯ ба ин ё он ноҳия сарф мешавад. Дар ҷараёни ин гузоришҳо мардум беибо аз номзадии Раҳмон пуштибонӣ ва дигаронро низ ба ҳимоят аз ӯ даъват мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳо ҷараён дорад. Феълан ба мансаби президентӣ Ҳизби наҳзати исломӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, Ҳизби коммунистӣ - Исмоил Талбаков, Иттифоқи ҷавонон ва касабаҳо - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ-Олим Бобоев, Ҳизби сотсиалистӣ-Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрӣ-Толиббек Бухориев ва Ҳизби демократ-Саидҷаъфар Исмонов пешниҳод кардааст.