Кумитаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ танҳо исму асари се довталаб барои дарёфти ин ҷоизаи арзишмандро дар соли 2014 эълон кардааст.
Раҳмат Назрӣ, котиби Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ рӯзи сешанбе, 25-уми март, зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар нахустин ҷаласаи умумии Кумита ҷоизаҳои Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика як силсила асарҳои довталабон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар натиҷа танҳо се асар ба муҳокимаи оммавӣ пешниҳод гардид."
Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, ба муҳокимаи оммавӣ барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, асари сеҷилдаи тадқиқоти "Уфуқҳои тозаи наср"-и доктори илмҳои филология, Атахон Сайфуллоев ва маҷмӯаи ашъори "Гулхори чида - чида"-и шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ, асари дуҷилдаи меъмории "Энсиклопедияи ёдгориҳои маданияти ориёӣ дар Осиёи Марказӣ"-и доктори улуми меъморӣ Рустам Муқимов пешниҳод гардиданд.
Асарҳои Атахон Сайфуллоев ва Мирзо Файзалӣ аз ҷониби Иттиҳоди нависандагон ва асари Рустам Муқимов тавассути иттифоқи меъморони Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Раҳмат Назрӣ мегӯяд, ин асарҳо тариқи матбуот ва маҳфилҳои эҷодӣ муддати се моҳ ба муҳокимаи оммавӣ гузошта мешаванд ва пас аз он ҳайати кумитаи Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ барандагонро эълон хоҳад кард.
Эълони довталабони ҷоизаи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки солҳои гузашта барои дарёфти ин ҷоиза асарҳое дар соҳаҳои санъат (мусиқӣ) ва журналистика низ пешниҳод мешуд шумори барандагонаш ҳам хеле бештар буд.
Аммо котиби Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мегӯяд, ҳарчанд дар ин соҳаҳо низ баъзе асарҳо пешниҳод шуданд, аммо азбаски ҷавобгӯи талаботи низомномаи ҷоизаи Рӯдакӣ набуданд, рад шуданд.
Раҳмат Назрӣ меафзояд, азбаски солҳои пеш шикоятҳо зиёд буд, ки ҷоизаи Рӯдакӣ камэътибор шудааст, имсол шумори довталабонашро коҳиш доданд. Ба таъбири Раҳмат Назрӣ, "кам бошаду хуб бошад ва асарҳои нодир ва арзишманд барандаи ин ҷоизаи сатҳи олӣ гарданд."
Ҷоизаи Рӯдакӣ дар замони шӯравӣ таъсис шуда, дар он замон мӯътабартарин ҷоизаи адабиву ҳунарии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Номгӯи барандагони ин ҷоиза дар он даврон бузургоне, чун Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ, Бозор Собир ва амсоли ононро дар бар мегирад.
Бо пош хӯрдани Шӯравӣ шумори барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ хеле афзуд, вале обрӯи ҷоиза баръакс батадриҷ пойин рафт. Ҳатто бархеҳо мегуфтанд, ки ҷоизаи ба номи Рӯдакиро муваққатан барҳам бояд дод.
Он ҳам дар ҳоле ки рақобат, бахусус байни адибони тоҷик барои ба даст овардани ҷоизаи Рӯдакӣ ҳамеша шадид будааст.
Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1964 таъсис ёфта, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву мусиқӣ ва ҳунар дода мешуд. Вале ҳоло ин ҷоиза дар ду сол як бор дода мешавад. Маблағи ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст. Ҷоизаи Рӯдакӣ маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дода мешавад.