Пиёзфурӯшон мегӯянд, айби онҳо нест, балки айби муноқиша дар Украина ва айби Русия аст, ки тайи моҳҳои ахир саросемаву ҳарисона пиёзи Тоҷикистонро харида мебарад ва ин боиси боло рафтани ин намуди маҳсулот шудааст.
Ҳоло дар бозорҳои Душанбе Хуҷандва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон мегӯянд, пиёз аксаран ба Русия меравад ва барои ҳамин дар бозори дохилӣ қимат шудааст. То як ё ду моҳ пеш, як кило пиёзро дар бозорҳои пойтахт аз якуним сомонӣ то ба 2 сомонӣ мефурухтанд, аммо ҳоло як килои онро бо нархи на камтар аз 3 сомонӣ мегиред. Агар ба фурӯшанда бигӯед, ки арзон кунад, ин ҷавобро мегиред, ки “мегирӣ гир, намегирӣ рафтан гир.”
Одилҷон Розиқов, яке аз пиёзпарварони ноҳияи Қумсангир, аз бузургтарин ноҳияи пиёзпарвари вилояти Хатлон имсол ҳосили хуб ва аз ҳар гектар 40 тонна пиёз гирифтааст. Ӯ рӯзи 23-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз мо бисёртар тарафи Русия меравад ва харидороне, ки аз берун меоянд, барои мо беҳтар аст. Барои онки ҳосили як гектарро мегирад ва бо сифати хубу нархи беҳтар мехарад.”
Ба қавли Одилҷон Розиқов, бори онҳоро аксаран ширкатҳои миёнарав аз Суғд мехаранд ва сипас ба Русия содир мекунанд. Пиёзи Қумсангир ҳамчунин ба Қазоқистон содир мешавад ва мақомоти ноҳия гуфтаанд, ният доранд, истеҳсоли пиёзро то 16 ҳазор тонна расонанд.
Як намояндаи созмони ғайридавлатии “Суғдагросерв Мушовир”, ки қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои вилоятро мушоҳида мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин минтақа ҳам ҳоло қимати яклухти як кило пиёз аз 2 то 3 сомонӣ мерасад, ки назар ба гузашта баланд аст. Ӯ афзуд, сабаби болоравии нархро ба “овозаҳо вобаста аст, ки ба сабаби санксияҳо вазъи Русия вазнин шудааст,” барои ҳамин аз Тоҷикистон зиёд пиёз мехаранд.
Бар тибқи гуфтаи Оҷонси омор, қимати пиёз дар бозорҳои Душанбе танҳо дар ду ҳафтаи ахир тақрибан 22 дар сад боло рафтааст. Дар ҷадвали муқоисавии нархҳои оҷонсӣ омадааст, ки ду ҳафта пеш нархи миёнаи як кило пиёз 2 сомониву 30 дирам буд, аммо рӯзи 20-уми октябр аз 2 сомониву 80 дирам гузаштааст. Зуҳуриддин Кенҷаев, сардори сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ дар вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таркиби содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тақрибан 50 дар сади онро пиёз ташкил медиҳад. Вале ба гуфтаи ӯ, тайи 9 моҳи гузашта, содироти маҳсулоти кишоварзӣ кам шудааст: “Аз моҳи январ то сентябр содироти меваву сабзавот 142 ҳазор тонна содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст.”
Вилояти Суғд яке аз вилоятҳои дигари аслии пиёзпарвар дар Тоҷикистон танҳо то моҳи августи имсол ба хориҷ тақрибан 60 ҳазор тонна пиёз фурӯхтааст, ки фоида аз он бештар аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад. Як сабаби дигари боло рафтани нархи пиёзро дар кишти ками он иртибот медиҳанд ва мегӯянд, соли гузашта зиёд кишт карданд, вале харидор наёфтанд, вале имсол баръакс шуд. Тоҷикистон 80 дар сади маҳсулоти кишоварзиашро ба Русия мефурӯшад ва танҳо дар 6 моҳи имсол ба он кишвар бештар аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхтаанд. Аҳмадҷон Қодиров, намояндаи вазорати кишоварзӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ба Русия пиёз, меваи тару хушк, маҳсулоти полезӣ ба мисли тарбузаву харбуз, содир мекунем, аз меваи хушк бештар зардолуи хушк ва амсоли он содир мешавад.”
Баъди онки Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳрим эъмол кард ва Русия ҳам аз хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои узви он иттиҳодия даст кашид, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, омадаанд, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро зиёд кунанд. Сергей Лисовский, муовини раиси Кумитаи аграриии Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия рӯзи 11-уми август гуфт, Тоҷикистон омода аст, содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Русия аз 200 ҳазор тонна дар сол то ба як миллион тонна дар як сол бирасонад.
Аммо содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар ҳолест, ки кишоварзони тоҷик барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ ба қадри кофӣ пиёзу картошкаву себу ноку ангуру дигар анвои маҳсулоти полезӣ истеҳсол намекунанд ва бозорҳои Тоҷикистон пур аз себу ноки чиниву покистонӣ шудааст. Дигар ин ки ба инобат нагирифтани талаботи бозорӣ дохилӣ ва таъмин кардани Русия ва ё “шарики стратегӣ” бо маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳамёни мардуми оддии Тоҷикистон зарба мезанад ва беҳтар аст, мақомот бар тибқи масали “аввал хеш баъд дарвеш” амал кунанд.