Як соли зиндон барои "хунукназариву бепарвоӣ"

Марде, ки занги хатми имтиҳони дохилшавӣ ба як коллеҷи Чинро пеш аз мӯҳлат задааст, ба як соли зиндон маҳкум шуд.
Марди 54-солае бо исми Сяо Юлонг рӯзи 8 июн занги хатми имтиҳонро қариб 5 дақиқа пеш аз мӯҳлати муқарраршуда зада, беш аз як ҳазор довталаби таҳсил дар коллеҷи вилояти Ҳунон (қисмати марказии Чин)-ро маҷбур кардааст, ки аз синфхона берун шаванд. Додгоҳ имрӯз ҳукм кард, ки ин амали Юлонг “иштибоҳан” рух дода, ӯ бояд барои ин “хунукназариаш” як солро дар зиндон сипарӣ кунад.

Худи айбдоршуда ҳам эътироф кардааст, ки занги хатми имтиҳонро иштибоҳӣ, на огоҳона задааст. Натиҷа ин шуд, ки аксари 1050 ҷавони ширкатдори имтиҳон ва волидони онҳо ба мақомоти маорифи кишвар шикоят карда, талаби таҳқиқ шудани ин ҳодисаро пеш гузоштанд.

Додгоҳ гуфт, ки занги хотимавӣ “4 дақиқаю 48 сония пеш аз мӯҳлат” садо додааст. Аз рӯи ҳукми додгоҳ, мӯҳлати ба иҷро даромадани қарори суд як сол ба таъхир андохта шудааст ва ин маънои онро дорад, ки ӯ шонс дорад аз зиндон халос шавад.

Дар гузориши додгоҳ гуфта мешавад, ки Юлонг ба кораш муносибати “дилгарм надошт ва иштибоҳи ӯ паёмадҳои иҷтимоӣ дар пай доштааст”.

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Чин аз муҳимтарин ва пуррақобаттарин озмунҳо миёни довталабон ба ҳисоб меравад, чун имкони дохил шудан ба коллеҷу донишгоҳҳо ба маънои шонси беҳтар кардани шароити иҷтимоии ҷавонон дар оянда арзёбӣ мешавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!