Даргузашти чоргоникҳои Сулҳия Норинова

Акс аз бойгонӣ.

Ҳамаи 4 тифли чоргонике, ки рӯзи 22 май дар Душанбе ба дунё омада буданд, аз олам чашм пӯшидаанд. Табибон мегӯянд, онҳо шанси зинда мондан надоштанд.

Ҳамаи 4 тифли чоргонике, кисокини 23-солаи Душанбе Сулҳия Норинова рӯзи 22 май дар таваллудхонаи рақами яки пойтахти Тоҷикистон ба дунё оварда буд, вафот кардаанд. Матлуба Ҳақназарова, сартабиби таваллудхонаи рақами як рӯзи 9 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин кӯдакон- се духтар ва як писар - норасид таваллуд шуданд ва вазни хеле кам доштанд.

Ба ин далел, ба гуфтаи Матлуба Ҳақназарова, имкони ҳифзи онҳо амалан вуҷуд надошт: “Норасоии хеле зиёди вазни бадан доштанд. Ҳатто кило набуд вазнашон, грамм буд.Хеле хурд буданд. Болои ин норасид таваллуд шуданд. Ҳатто 30 ҳафта ҳам нашуда буд мӯҳлати ҳомилагии модари онҳо. Ҳол онки 40 ҳафта бояд давом кунад ҳомилагӣ. Байни таваллуду бачапартоӣ (выкидыш) буд ҳолати онҳо.”

Аз ин чоргоник аз ҳама бузургтаринаш 1 килою 350 грамм ва дигаронаш то 1 килою 100 грамм вазн доштанд ва аз рӯзи аввал табибон аз вазъи саломати онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд.

Матлуба Ҳақназарова афзуд, табибон тамоми талошашонро барои ҳифзи ин 4 кӯдак карданд ва баъди таваллуд ҳам онҳоро таҳти табобат нигоҳ доштанд. Вале ӯ мегӯяд, ҳифзи ҳаёти навзодон бо чунин вазни хеле кам ҳатто дар кишварҳои хориҷӣ низ хеле мушкил буд.

Аммо табибон вазъи саломати чоргоники дигари низ 3 духтар як як писарро, ки сокини дигари Душанбе Гулшан Маҷнунова рӯзи 30 январ дар таваллудхонаи рақами сеюми пойтахт ба дунё овард, хуб арзёбӣ мекунанд.

Светлана Гулаҳмадова, сартабиби таваллудхонаи рақами 3 рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин чоргоник кайҳо аз таҳти масъулияти онҳо баромада, зери назари поликлиникаи маҳаллӣ гузошта шудаанд, вале “азбаски мо ҳар тифли дар таваллудхонаамон ба дунё омадаро мисли фарзанди худ мешуморем, аз вазъи ин тифлон пайваста хабар мегирем. Вазъи саломати онҳо, ки аллакай шашмоҳа шудаанд, хеле хуб аст.”

Гулшан Маҷнунова дар пайи таваллуди чоргоник аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як манзили нави сеҳуҷрагӣ дар маркази Душанбе қадрдонӣ шуд. Шаҳрдории пойтахт барои кумак дар нигоҳубини чоргоник барои Гулшан Маҷнунова як дояи вижа ҷудо кард. Худи Гулшан мегӯяд, кӯдаконашро бо хоҳиши ӯ худи президент Эмомалӣ Раҳмон Фотима, Зӯҳро Хадича ва Фирдавс ном гузоштааст.