Ошӯби зиндониён дар Русия бо марги як маҳбус поён ёфт

Зиндони гирифторони сил дар Омск

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар натиҷаи ошӯбе дар зиндоне, як маҳбус кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар натиҷаи ошӯбе дар як зиндон, як маҳбус кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса дар бахши нигаҳдории беморони гирифтори сили яке аз зиндонҳои вилояти Нижний Новгород рух додааст.

Рӯзи 7 май Елена Никишова, сухангӯи бахши вилоятии Хадамоти федеролии зиндонҳо гуфт, як нафар, ки ҷароҳат бардошта буд, дар ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ фавтид. Ба иттилои Никишова, 8 зиндонӣ ҷароҳати сангин бардоштаанд. Дар ин ҳодиса, ба иттилои расмӣ, нафаре аз масъулони низомӣ ё оддии зиндон кушта нашудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар як ҳодисаи рӯзи 6 май тахминан 100 зиндоние, ки дар муассисаи ислоҳию табобатии рақами 3-и Нижний Новгород (ЛИУ-3) ду сохтмони дохили зиндонро оташ заданд, дурбинҳои назоратӣ ва таҷҳизоти дохилиро шикастанд ва ба маҳбусони дигар ҳамла карданд.

Хабаргузории “Интерфакс” ба нақл аз як масъули комиссиюни ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби ҳукумат таъйин шудааст, мегӯяд, дар гузашта зиндониён аз рафтори “ғайриқонунӣ”-и масъулони зиндон шикоят кардаанд. Сомонаи “Медиазона”, ки дар бораи азияту озори зиндониҳо гузориш медиҳад, менависад, ки зиндониёни гирифтори силро маҷбур мекунанд, то 12 соат дар рӯз кор кунанд.

Дар маҳбаси Русия

Ҳамин сомона аз қавли Кумитаи тафтишот менависад, ки таҳқиқи ин қазия аз рӯи моддаи “беназмӣ дар муассисаи ислоҳотӣ” шурӯъ шуда, гунаҳкорон бо 5 то 15 соли зиндон муҷозот хоҳанд шуд.Кумитаи тафтишот сар задани ошӯбро дар зиндон рад карда, гуфтааст, ки шоми рӯзи 6 май баъзе аз зиндониҳо нисбати дигар маҳбусон бадрафторӣ кардаанд ва сабабаш ҳам дар ҳамкории баъзе зиндониҳо бо масъулони ин муассисаи ислоҳотӣ будааст. Дар натиҷа тахминан 20 нафар маҷрӯҳ ва аз миёни онҳо 14 нафарашон бистарӣ гаштаанд. Марди дар ҳуҷраи ҷарроҳӣ даргузашт 44-сола будааст.

“Медиазона”, ки масоили марбут ба вазъи зиндонҳо ва риояи ҳуқуқи маҳбусон дар Русияро бозтоб медиҳад, чанд соат пеш аз пахши ошӯб, аз қавли маҳбусоне, ки телефонӣ ба он хабар додаанд, навишт, ки зиндониёни муассисаи ислоҳию табобатӣ даст ба гуруснанишинӣ заданд, баъдан ошӯб карда яке аз утоқҳоро ба оташ кашиданд. Ҳама чиз аз он ҷо шурӯъ шуд, ки зиндонбонҳо маҳбусони навро латукӯб кардаанд.

“Дар ин ҷо бо одам мисли ҳайвон рафтор мекунанд, барои ҳамин мардум муқовимат карданд. Баъди расидани полис бисёриҳоро заданд. Талаби асосии зиндониҳо аз Хадамоти федеролии муассисаҳои ислоҳӣ ин аст, ки маҳбусонро зудтар бо муолиҷа фаро бигиранд, онҳоро латукӯб накунанд ва гирифторони сил то 10-12 соат дар рӯз кор накунанд”, -- гуфт як зиндонии ЛИУ-3.

Баъзе аз зиндониҳо дар гузашта ба хешовандонаш бо шикоят аз бадрафтории зиндонбонҳо гуфтаанд, ки маҳбусонро пайваста мезананд, баъзеҳоро таҷовуз мекунанд. Дар ин бора раиси шабакаи иҷтимоии “Гулаг.Нет” Владимир Осечкин ҳам хабар додааст. Ба гуфтаи ин фаъоли ҳуқуқи инсон, шикоятҳои батакрори зиндониён бенатиҷа монд ва ниҳоят онҳо даст ба ошӯб заданд. Ҳоло ин шабака мехоҳад қазияро мустақилона таҳқиқ кунад.

Зиндонҳои Русия пайваста мавриди интиқоди фаъолони ҳуқуқи башар қарор мегиранд. Дар ин муассисаҳо азияту озор ва бадрафторӣ нисбати зиндониён аз ҷониби зиндонбонҳо падидаҳои маъмулӣ буда, рӯзи корӣ маъмулан тӯлонӣ ва кори онҳо сангин аст. Ингуна вазъ ҳамчунин дар зиндонҳои занона ҳам мушоҳида мешавад, ки ба шаҳодати Надежда Толоконникова, як маҳбуси сиёсии собиқ, ба хотири шикастани рӯҳияву равони инсон ба кор бурда мешавад.

Ба иллати муҳоҷирати густарда, бемаърифатии ҳуқуқӣ ва номуташаккилӣ ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар маҳбасҳои Русия ба сар мебаранд. Намояндаи расмии Хадамоти федероли иҷрои ҷазои Русия Валерий Зайтсев шумораи онҳо аз 10 000 нафар бештар аст. Як сол пеш даҳҳо маҳбуси зиндони рақами 6-и вилояти Омски Русия, баъд аз ошӯби марбут ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон, бо фишор ва бадрафтории нозирони маҳбас рӯбарӯ шудаанд. Мақомоти Русия дар вилояти Омск дар як изҳороти расмӣ хабари Радиои Озодиро дар бораи ошӯби маҳбусон баъд аз куштори шаҳрванди Тоҷикистон Беҳзод Отабобоев рад кард, аммо гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз заъфи сахти дил даргузаштааст.

Рӯзи 13-уми майи соли 2014 баъд аз хабари ҳалокати Беҳзоди 25-сола зиёда аз 100 маҳбуси тоҷику ӯзбаки ин зиндон даст ба шӯриш заданд ва аз маъмурияти зиндон талаб карданд, куштори Беҳзод таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазо гиранд. Ба гуфтаи онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи сардори бахши амнияти маҳбас ва ходимони ӯ шиканҷа шуда, ба ҳалокат расидааст. Аммо тарафи Русия ин иттиҳомро рад кард ва ҳамзамон зиндонбонҳо саркардагони эътирозро ҷазо доданд.