"Президент меояд, поятонро аз хона берун накунед"

Истиқболи сокинони Кӯлоб аз Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти рӯзи 29 октябри соли 2013 дар варзишгоҳи марказии шаҳр

Ҳудуди 20 тан аз сокинони шаҳру навоҳии Кӯлоб аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҳушдор гирифтанд, ки дар ҷараёни сафари зудраси президенти Тоҷикистон ба минтақа ба ӯ “наздик” нашаванд.

Ҳудуди 20 тан аз сокинони шаҳру навоҳии Кӯлоб аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Тоҷикистон ба минтақа ба ӯ "наздик" нашаванд. Ин сокинон аслан онҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон солҳо боз аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ноадолатӣ мебинанд ва сӯҳбат бо раисиҷумҳурро ягона роҳи ҳалли мушкили худ медонанд. Замира Мӯъминова, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳамроҳ бо даҳ тан аз ҳаммаҳаллаҳояш тасмим дорад, ҳангоми сафари президент аз зиндагии сангинашон ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят кунад.

Аммо ӯ мегӯяд, аз ҳоло нозири минтақавӣ аз ин тасмимашон огоҳ шуда, онҳоро ҳушдор додааст, то бо ин амалашон "табъи президентро хира накунанд". Замира Мӯъминова дар як хонаи кӯчак бо се писари хонадор ва 15 набера зиндагии сахте дорад, аммо солҳо боз наметавонад як қитъа замин бигирад, то фарзанди бузургаш бо оилаи бузургаш ҷудо зиндагӣ кунанд. Ин сокини Кӯлоб мегӯяд, чаҳор соли пеш як масъули ҳукуматӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин аз ӯ ва ҳамсояҳояш пул гирифт, вале на пулашонро баргардониду на барояшон қитъаи замин ҷудо кард.

Давоми чор сол ӯ бо даҳ тан аз ҳамсоягонаш ба тамоми мақомот муроҷиат карданд, вале то кунун мушкилашон ҳал нашудааст. “Мо маслиҳат кардем, ки президент ба Кӯлоб биёяд, арзамонро ба ӯ мерасонем, зеро касе ба арзамон дар ин ҷо нарасид. Лекин аз ҳоло милисаи маҳаллаамон таъкид дорад, ки "рӯзи омадани президент поятонро аз хона берун намонед". Ба ғайри президент дигар ҳеч ҷой намонд, ки арз накарда бошем," -- мегӯяд Замира Мӯъминова. Аксари онҳое, ки талош доранд дар Кӯлоб ба президент дарди дил кунанд, мардуми мӯҳтоҷи хонаву замин ва хонаводаҳое ҳастанд, ки, ба гуфтаи онҳо, додгоҳҳо наздиконашонро бегуноҳ ба маҳбас бурдаанд.

Як гурӯҳи дигаре дар минтақаи Кӯлоб, ба мисли Ҷӯрахон Кабиров, сокини ҷамоати Кӯлоби шаҳри Кӯлоб ва Шамс Зарипов, сокини ноҳияи Восеъ солҳо боз талоши вохӯрӣ бо президентро доранд, аммо ба иқрори худашон қабл аз сафарҳои президент ҳушдор мегиранд ва рӯзе пеш аз сафар ҳабси хонагӣ мешаванд.

Мақомот: “Гурӯҳе, ки аризанависӣ шуғлашон аст”

Аммо як масъули Раёсати умури дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо масъули амнияти раиси ҷумҳур ҳастанд ва иҷозат намедиҳанд афроди тасодуфӣ ба назди президент роҳ ёфта, барномаи кории ӯро вайрон кунад.

Ӯ гуфт, барои бархе аз сокинон аризанависӣ ва шкиоят ба президент мисле як машғулият шудааст, дар асл иддаои онҳо ҳеҷ асосе надорад. Ин масъули умури дохилӣ гуфт: “Даъвои аксари онҳо барои далел надоштанашон тасдиқи худро наёфтааст. Масалан, мегӯянд, раиси ҷамоат аз онҳо барои замин пул гирифтааст, аммо на шоҳид доранд ва на далел. Худашон бо ин даъвояшон, ки пора додаанд, намефаҳманд, ки гунаҳкоранд. Агар ба президент ҳам шикоят кунанд, супориш мешавад, то мақомоти маҳаллӣ онро санҷад ва боз ҳам бинобар далел надоштан корашон бетағийр мемонад.Аризанависӣ барои як гурӯҳи дигар як шуғл шудааст ва президент ҳам дигар, ба фикрам, вақти беҳуда надорад, ки гапҳои беасоси онҳоро гӯш кунад”, гуфт ӯ.

“Ба президент мегӯям, ки ӯро фиреб медиҳанд”

Қарор аст, охири моҳи августи соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб сафари корӣ анҷом диҳад. Аз ҳоло мақомот барои сафари президент омодагӣ мегиранд ва Шӯъбаҳои фарҳанг тибқи рӯйхат бо афроде, ки бояд назди президент сӯҳбат кунанд, кор мебаранд. Охирин бор моҳи октябри соли 2013 қабл аз баргузории маъракаи интихоботӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба президенти Тоҷикистон ба минтақа сафар карда буд.

Дар ин сафар ҳудуди даҳ тан аз афроде, ки талоши сӯҳбат бо президентро доштанд, дар Шӯъбаи корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ шуданд ва гурӯҳе аз занонро дар ноҳияи Фархор, ки шиква аз тақсими нодурусти замин доштанд, мақомот нагузоштанд, ки ба маҳалли вохӯрии президент бо сокинон наздик шаванд. Акрам Сабзалиев, як сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, тасмим гирифтааст, то ин бор ҳатман бо президент сӯҳбат кунад. Ӯ мегӯяд, аксари онҳое, ки мехоҳанд президентро бубинанд, мушкилоти шахсӣ доранд, аммо ӯ мехоҳад, аз мушкилоти мардуми минтақаи Кӯлоб ҳарф бизанад. “Мехоҳам ба президент бигӯям, ки ӯро фиреб мекунанд ва дар минтақаи Кӯлоб ҳеҷ корхонаи фаъол нест. Аксари ҷавонон бекор ҳастанд ва ба Русия рафта, аз он ҷо ба Сурия мераванд. Дар сафари пештарааш даҳҳо корхона кушод, аммо ҳоло ҳеҷ кадоми онҳо кор намекунад, яъне ӯро масъулони маҳаллӣ фиреб кардаанд. Он замон президент корхонаи пойафзолбарориро кушод, корхонаи истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш ва чанди дигарро боз кард, аммо инҳо ягон маҳсулот то ҳол истеҳсол накарданд”, – мегӯяд Акрам Сабзалиев.

Саид Раҳмон, нависандаи муқими Кӯлоб, ки соли 2013 дар ҳузури президент суханронӣ карда буд, мегӯяд, аз қабл онҳое, ки бояд бо президент сӯҳбат кунанд, омода карда мешаванд. Вай гуфт: “Аз даҳ комиссия мегузарӣ, то бо президент сӯҳбат кунӣ. Тарзи нутқ кардан, мантиқи суханҳо, тарзи либоспӯшӣ - ҳама аз пеш омода карда мешавад. Ин тавре, ки хеста ҳарчӣ аз пеши худ ба президент бигӯӣ имкон надорад”.

Маъмулан, тавре шабакаҳои давлатӣ намоиш медиҳанд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафарҳояш ба минтақаҳо бо мардум сӯҳбат мекунад, аммо аксари он сӯҳбатҳо дар васфи президент садо медиҳанд. Агарчи мушкили мардуми корафтода, аз ҷумла бехонагиву бекорӣ ва ҳукми додгоҳҳо бештар ба сохторҳои ҳукуматӣ рабт дорад, аммо мушкилоти тӯлонии мардум метавонад дар як лаҳза ҳал шавад, агар онҳо ба ҳузури раиси ҷуҳмур роҳ ёбанд ва дарди дилашонро гуфта тавонанд. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 бетанаффус раҳбари Тоҷикистон буда солҳои ахир бештар нақши пешворо иҷро мекунад. Ин нақш бовареро дар зеҳни мардум ҷой кардааст, ки “президент чизе гуфт, ҳамон мешавад”.