Омори гуногуни илтиҳоби шуш, COVID-19 ва маргумир дар Хатлон

Омори гирифторони илтиҳоби шуш ва COVID-19 дар Хатлон аз тарафи чанд ниҳод бо ададҳои гуногун гузориш мешавад. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, оморро онҳо ба ниҳодҳои мухталиф медиҳанд ва фарқ шояд ба дер расидани ҳисобот бастагӣ дошта бошад. Вале ин фарқ бештар ақидаҳоеро ба миён меорад, ки омор дасткорӣ мешавад.

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон рӯзи 23-уми июл шумораи онҳоеро, ки аз бемории илтиҳоби шуш вафот кардаанд, 202 нафар эълон кард, вале Идораи омори вилоят ҳангоми ҷамъбасти шашмоҳа фавтидагон аз бемориҳои зуком, ОРВИ ва илтиҳоби шушро дар нимсолаи аввал 451 нафар номид. Дар баъзе ҳолат бемориҳои гуногун якҷо зикр мешаванд ва рушан нест, аз як намуди муайяни касалӣ чанд кас мурдааст.

Илёсиддин Саидов, як масъули раёсати тандурустӣ шумораи умумии гирифторони илтиҳоби шушро аз рӯзи бақайдгирии коронавирус 5566 нафар гуфт, аммо шумораи онҳоеро, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, номбар накард.

Дар робита ба гуногунии омор ӯ гуфт, ки рақамҳо иваз намешаванд, чанд ниҳоди расмӣ аз онҳо рақами дурустро пайдо мекунанд: “Ҳамаҷоба як рақам аст, дар ҳукумати вилоят, дар амният, омор, додситонӣ. Онҳо аз мо мегиранд, шояд дертар нишон медиҳанд.”

Ҳафтаи гузашта Додситонии вилояти Хатлон вобаста ба бемории сироятии короновирус гуфта буд, ки то 11-уми июл дар вилоят 1192 нафар сироятшудагони ин намуди беморӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 13 нафарашон фавтидаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамон рӯз раёсати тандурусти шумораи фавтидагон аз коронавирусро дар вилоят 15 нафар гуфт.

Ба гуфтаи додситонӣ, шумораи гирифторони илтиҳоби шуш 2407 нафар буда, вале бино бар эълони раёсати тандурустӣ дар чанд рӯз шумораи гирифторони илтиҳоби шуш ба 5566 нафар расид. Ин ҷо ҳам шарҳ дода намешавад, ки чаро омор гуногун аст.

Як ниҳод шумораи фавтидагон аз илтиҳоби шушро 199 нафар меномад, ниҳоди дигар 202 ва савумӣ 451 ва ҳамаи ин дар фосилаи чанд рӯз. Аммо дар додситонӣ гуфтанд, ки ҳар рӯз омори гирифторони илтиҳоби шуш зиёд мешавад, вале дигар омори беҳдоштӣ аз омори ниҳодҳои дигар фарқият надорад. Аммо адади чаҳорум низ вуҷуд дорад. Миралӣ Раҷабов, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта гуфт, ки зиёда аз 300 корманди соҳаи тандурустии вилоят гирифтори илтиҳоби шуш шудаанд ва 26 нафари онҳо фавтидаанд. Вай афзуд: “Ваъзият бад нест, вале мардум эҳтиёткор нестанд, ниқоби тиббӣ надоранд ва ҳатто нафароне, ки бемор ҳастанд, ниқоб намепӯшанд.”

Ҳадсу гумон, ки шумораи фавтидагон баъди хуруҷи бемории коронавирус бештар аст, зиёд шунида мешавад, вале мақомоти беҳдошти вазъиятро феълан хуб мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки бемории илтиҳоби шушро аз COVID-19 бояд фарқ кард. Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳарду бемориро як донистанд ё ба камияш илтиҳоби шушро натиҷаи коронавирус мешуморанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои узваш хостааст, ҳар як фавти марбут ба COVID-19-ро ба қайд гиранд ва ошкор гаштааст, ки ин беморӣ метавонад дарду касалиҳои куҳнаро шиддат диҳад. Дар Русия, аз ҷумла, сактаи дилро низ як сабаби ангехтаи коронавиирус мешуморанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Хатлон 6577 нафар фавтидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 700 адад бештар аст.