Омодагӣ ба таҷлил аз Соли нав дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоӣ дар инҷост

Арчаҳои ороста, Бобои Барфӣ, дӯконҳои муҷалло ва роҳгузарони туҳфа ба даст симои чанд рӯзи пеш аз таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, фарорасии соли навро мунтазир ҳастанд, чун барояшон иди хурсандӣ ва хотирмон мебошад. Иддае дигар гуфтанд, аз ҷашнгирии Соли нав худдорӣ мекунанд.

Мавзут Султонов, сокини ноҳияи Ванҷ, рӯзи 24-уми декабр нақл кард, ки одатан Соли навро ҳамроҳи набераҳояш бо сурудхонӣ пешвоз мегирад: “Соли навро дар хона, чи хеле ки дар ҳамин шаҳр таҷлил мекунанд, ҷашн мегирем. Арча мемонем ва бо набераҳо дар гирди он хушҳолӣ мекунем. Ман мутриб ҳастам, менавозам ва бачаҳову набераҳо месароянд. Ҳамин тавр, хурсандӣ мекунем.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо аз шаҳри Душанбе, Амина Нагаева, яке аз фарҳангҳои таҷлили Соли нав тақдими туҳфаҳо ба ҳамдигар, аз ҷумла аъзои хонавода аст, ки ӯ ва наздиконаш онро ҳифз кардаанд: “Одатан, дасторхон меороем, якҷоя нишаста, ҷашн мегирем ва баъзан бо ҳам барои тамошо ба берун мебароем. Туҳфаро ҳатман тақдим мекунем”.

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки соли навро дар хонаҳои худ таҷлил намекунанд ва ин идро ба фарҳангу мазҳаби худ бегона мепиндоранд. Абдусаттори Абдуҷаббор, сокини Душанбе, рӯзи 24-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Пеш ҷашн мегирифтанд, ҳозир не. Ман ҳам ҷашн намегирам. Сабабаш? Мегӯянд, ки дар ислом дуруст нест. Барои ҳамин ҷашн намегиранд.”

Ҷашн гирифтани иди Соли нави мелодӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи баҳс будааст. Ҷонибдоронаш онро ҷашне барои оғози солшумории мелодӣ ва баҳонае барои хурсандӣ медонанд. Мухолифонаш мегӯянд, “он як иди мазҳабӣ ва бегона аст”.

Дар гузашта мавридҳои оташ задани арчаи солинавӣ ва куштори як нафар бо либоси бобои барфӣ низ сабт шудааст. Куштани Парвиз Давлатбеков бо либоси “Бобои Барфӣ” дар шаби Соли нав аз хабари пурсарусадо дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ буд, ҳарчанд мақомот эълон карданд, ки ин ҳодиса ҷанбаи мазҳабӣ ва маҳаллӣ надорад.

Имсол дар Душанбе дар баробари шаҳраки солинавӣ, ки дар майдони “Истиқлол” ташкил шудааст, дар чанд гӯшаи дигари пойтахт, аз ҷумла, дар маҳаллаи маъруф ба “Профсоюз”, дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Сирки давлатии Тоҷикистон арча гузошта шудааст.

Рӯзи 1-уми январ дар Тоҷикистон расман истироҳат аст. Вазорати маориф ва илм хабар дод, ки имсол хонандагони мактабҳои миёна аз якуми январ то ҳафтуми ҳамин моҳ дар таътил хоҳанд буд.