"Омодаам барои дарки ҳақиқат ҳама чизро қурбон кунам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф ва яке аз намояндагони шинохтаи театри тоҷик дар хориҷа, 65-сола шуд. Ин коргардон барои ошкорбаёниаш ва бахусус пас аз манъи намоишномаи "Девонагӣ. 93" дигар дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон кор карда наметавонад. Солҳои охир дар Қазоқистон аст.