Олмон паноҷҳӯи тоҷик Дилмурод Эргашевро ихроҷ мекунад

Дилмурод Эргашев

Мақомоти Олмон раванди ихроҷи Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсӣ ва паноҳҷӯйи 40-соларо шуруъ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки чандин созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Ҳелсинкӣ аз ҳукумати Олмон хостаанд, Эргашевро ихроҷ накунад.

Рӯзи 5-уми ноябр дӯстони Эргашев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти олмонӣ ба вай дастур додаанд, ки ба Шуъбаи истирдоди Боздоштгоҳи муҳоҷирон ворид шавад ва омодаи ихроҷ бошад.

Пештар хабар расида буд, ки мақомоти Олмон гуфтаанд, Дилмурод Эргашев бояд аз 5 то 7-уми ноябр бозпас ба ватанаш, Тоҷикистон фиристода шавад.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, рузи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилмурод Эргашев аз дохили боздоштгоҳ тамос гирифтааст, ки ҳамаи омодагиҳо барои истирдодаш шурӯъ шудааст ва дар назар аст рузи 6-уми ноябр ӯро бифиристанд.

"Сарфи назар аз муроҷиатномаҳову эътирозҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба мақомоти Олмон барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Дилмурод, мутаасифона, Олмон ба эътибор нагирифт. Чунин амалҳо аз ҷониби Олмон низоми худкомаро дар кишвар таҳким бахшида, фазои тарсро миёни фаъолони сиёсӣ эҷод мекунад. Мо инчунин гумон мекунем, ки байни Тоҷикистон ва Олмон дар бораи ихроҷи маҷбурии фаъолони мо созишнома вуҷуд дорад, ки ҳадафи ин саркӯб кардан мухолифони режим ҳаст,"- мегӯяд Шарофиддин Гадоев.

Фарҳод Одина, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин рӯз бо Дилмурод тамоси телефонӣ дошт ва воқеан ба ӯ гуфта шудааст, ки бо либосу ашёяш омодаи сафар бошад .

"Бо вуҷуди ин ки ба мақомоти Олмон расонидем, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун эҳтимоли боздошту шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш ҳаст, натиҷа надод ва кишвари демократии аврупоӣ сарфи назар кард,"-мегӯяд Фарҳод Одина.

Пулиси Олмон Дилмурод Эргашевро рӯзи 28-уми октябр дастгир ва дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷойгир кард. Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "интизор меравад, аз 5 то 7-уми ноябр истирдод кунанд". Ба нақли Эргашев, дар ин бора қарори Додгоҳи шаҳри Клеве низ баромадааст.

"Дар мурофиа гуфтанд, ки тайи ин муддат дар Олмон мақоми паноҳандагӣ нагирифтам ва дигар ҳаққи дар ин ҷо буданро надорам. Вакили мудофеъ ба Додгоҳи олӣ ариза навишт, ки аз фиристодани ман ба Тоҷикистон пешгирӣ шавад," – афзуд ӯ.

Кӯшиши Радиои Озодӣ барои тамос бо вакили мудофеи Дилмурод Эргашев ва гирифтани шарҳи расмӣ бенатиҷа буд.

Дилмурод Эргашев мегӯяд, бино ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд набудааст.

"Аксу наворҳоеро, ки дар гирдиҳамоиҳо дар Олмон будам, пешниҳод кардам. Мегӯянд, ин кофӣ нест ва ба ҳамин сабаб мехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод кунанд," – гуфт ӯ.

Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.

Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд.