Мунтахаби Олмон дар бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳӣ бар тими миллии Венгрия ё Маҷористон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, иштироки худро дар плей-оффи мусобиқот кафолат дод. Голҳоро Ҷамол Мусиала дар дақиқаи 22-юм ва Илкай Гюндоган дар дақиқаи 67-ум ба самар расониданд.
Бозии дигари гурӯҳи А байни дастаҳои мунтахаби Швейтсария ва Шотландия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Ба голи бозигари мунтахаби Швейтсария Мактоминей дар дақиқаи 13-ум, футболбози шотландӣ Шокирӣ дар дақиқаи 26-ум посух дод.
Бозии аввали даври дувум дар гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Албания бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Дар ин дидор бозигари мунтахаби Албания Лячи дар дақиқаи 11-ум ҳисобро кушод. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 74-ум Крамарич, бозигари мунтахаби Хорватия, ҳисобро баробар кард – 1:1.
Баъди ду дақиқа Гясула, бозигаи Албания, тӯбро ба дарвозаи дастааш зада, ҳисобро ба суди хорватҳо намуд. Аммо баъдан Гясула, ки дар замони изофа (90+5) голи дувуми мунтахаби Албанияро ба самар расонид, худро сафед кард ва дастаашро аз бохт наҷот дод.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дувум дар ҷадвали гурӯҳи А мантахаби Олмон бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Мунтахаби Швейтсария, ки чаҳор имтиёз гирифтааст, дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Шотландия, ки як имтиёз дорад, дар зинаи севум ҷойгир шудааст. Мунтахаби Венгрия бидуни имтиёз дар зинаи охирин мавқеъ дорад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Олмон 23-юми июн бо Швейтсария ва Венгрия бо Шотлиндия рақобат мекунанд.
Дар ҷадвали гурӯҳи В пас аз мусовии Хорватия ва Албания тағйирот ба амал наомадааст. Албаниҳо дар зинаи севум ва хорватҳо дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудаанд. Ҳарду дастаи мунтахаб якимтиёзӣ гирифтаанд.
Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Испания ва Италия бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол кардаанд. Бозии даври дувум миёни тимҳои Испания ва Италия шаби 20-ум ба 21-уми июн доир мегардад.
Инчунин 20-уми июн ду бозӣ дар гурӯҳи C байни тимҳои миллии Словения – Сербия ва Дания – Англия сурат мегирад.
Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои чаҳорум ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 14-уми июл дар Берлин баргузор мешавад.
Бояд зикр намуд, қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Италия дар бозии ниҳоӣ 11-уми июли соли 2021 дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон мунтахаби Англияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дода буд.
Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024
Таркиби гурӯҳҳо:
Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия, Швейтсария.
Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.
Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.
Гурӯҳи D: Полша, Нидерланд, Австрия, Фаронса.
Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.
Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.
Даври аввал
14 июн, ҷумъа
Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1
15 июн, шанбе
Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3
Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0
Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1
16 июн, якшанбе
Гурӯҳи D, Полша – Нидерланд – 1:2
Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1
Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1
17 июн, душанбе
Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0
Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1
Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1
18 июн, сешанбе
Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1
Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1
Даври дуюм
19 июн, чоршанбе
Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2
Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0
Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1
20 июн, панҷшанбе:
Гурӯҳи C, 17:45, Словения - Сербия
Гурӯҳи C, 20:45, Дания - Англия
Гурӯҳи B, 23:45, Испания - Италия
21 июн, ҷумъа:
Гурӯҳи E, 17:45, Словакия - Украина
Гурӯҳи D, 20:45, Полша - Австрия
Гурӯҳи D, 23:45, Нидерланд - Фаронса
22 июн, шанбе:
Гурӯҳи F, 17:45, Гурҷистон - Чехия
Гурӯҳи F, 20:45, Туркия - Португалия
Гурӯҳи E, 23:45, Белгия - Руминия
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.