Манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 аз хориҷа, боиси боло рафтани арзиши ин навъи мошинҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон шудааст. Дар бархе ҳолатҳо ин афзоиш беш аз 20 дарсадро ташкил медиҳад.
Зафар Кӯлобиев, тоҷире, ки 12 соли ахир зиндагиашро аз роҳи тиҷорати мошин мечархонад, ин шабу рӯз ду мошини тоза ба бозор ворид кардаашро ба истиқболи харидорон ороста мекунад. Ӯ дар мошинбозори навбатӣ ду мошини «Опел»-и соли истеҳсолаш то 2004-ро ба фурӯш мегузорад. Мутмаин аст, ки дар нахустин рӯзи савдо мошинҳояш харидори худро пайдо мекунад. Зафар бо таваҷҷӯҳ ба бозори гарми ин навъи мошинҳо дар ҳафтаву моҳҳои гузашта мегӯяд: “Як рӯз зиёд намеистанд. Тайёр карда медарорем, зуд мегиранд. Талабот ҳаст. Ин мошинҳо соддатар, ки ҳастанд, аз ҳамин ҳисоб, харидори зиёд дорад.”
Мошинҳои кӯҳнатар аз соли 2005, хусусан тамғаи “Опел” ва “Мерседес” дар Тоҷикистон аз ҳама хушхарид ва мавриди писанди ронандагон мебошанд. Аммо дар як соли ахир пас аз манъ шудани воридот ба Тоҷикистон, нархи ин навъи мошинҳо дар бозор беш аз 20 дар сад гарон шудааст.
Дар мошинбозори Душанбе, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ташкил мешавад, нархи “Опел”-и истеҳсолаш то соли 2001-2002 ба беш аз 40 ҳазор сомонӣ расидааст. Қаблан ин мошин то 30 ҳазор сомонӣ ба фурӯш мерафт. «Мерседес»-ҳое ҳам, ки қаблан бо арзиши 80 ҳазор сомонӣ харидуфурӯш мешуданд, ҳоло беш аз 100 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.
Зафар Кулобиев, тоҷири мошин сабабашро дар нисбатан кам ва мушкил шудани дарёфти чунин мошинҳо медонад. “Сабабаш ин ки дигар нестанд. Аз ҳарҷо, ҳатто хона ба хона кофта ҷамъ карда меорем, қисмҳои эҳтиётии нав мезанему мефурӯшем. Ин «Опел»-и соли 1997-ро 30 ҳазор сомонӣ нарх мондем. «Опел»-и соли 2004 - 50 ҳазор сомонӣ аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон феврали соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-ро манъ кард. Сабаби ин қарор ҳифзи муҳити зист гуфта шуд. Мақомот гуфтанд, мошинҳои куҳна дуди бештар хориҷ мекунанд, ки боиси олуда шудани фазои атмосфера мешавад. Баъд аз ин қарор, ба гуфтаи тоҷирон, нархи ин мошинҳо боло рафт. Ҳарчанд бархе аз тоҷирон мегӯянд, ҳанӯз ҳам ин навъи мошинҳо бо роҳҳои дигар, аз ҷумла дар шакли қисмҳои эҳтиётӣ вориди Тоҷикистон мешаванд.
Ҳоло, бо вуҷуди манъ будани воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба кишвар, дар мошинбозори Душанбе мушоҳида мешавад беш аз нисфи мошинҳои фурӯширо чунин мошинҳо ташкил мекунанд. Тоҷирон мегӯянд, бозори ингуна мошинҳо ҳам ба фарқ аз мошинҳои нав ва гаронбаҳо гармтар аст.
Ба бовари тоҷирону ронандагон ба фарқ аз мошинҳои нав дар шароити Тоҷикистон истифодаи мошинҳои куҳна қулай ва камхарҷ аст. Харидорони асосии ин навъи мошинҳо ҳам қишри миёнҳоли аҳолӣ ҳастанд. Мошинҳои соли истеҳсолашон баъди 2005 ба бовари афроди огоҳ аз ин бозор, дар истифода нозук ва серхарҷанд.
Абдулатиф як корманди мошинбозор аст. Ӯ мегӯяд: “Мошинҳои “Опел караван”-ро аксаран сокинони хоҷагидор мехаранд. Боз шахсоне ҳастанд, ки мошинҳои суръатнокиаш баланд ва комфорташ хубро дӯст медоранд ва ба ин навъи мошинҳо бартарӣ медиҳанд.”
Дӯстдорони мошинҳои нав ва замонавӣ бештар ба мошинҳои истеҳсоли Корея бартарӣ медодаанд. Нархи ин мошинҳо дар қиёс ба мошинҳои кӯҳна дар як соли ахир бетағйир боқӣ мондааст. Тоҷирон мегӯянд, як сабаби гарон нашудани нархи мошинҳои нав ҳам ин аст, ки боҷи гумрукӣ барои ин навъи мошинҳо дар як соли ахир поин рафтааст.
Ширинбек, ҳам дар бозори мошинҳо интизори харидор барои мошинҳои замониавиаш аст. “Бисёртар “КИА”-ро мегиранд. Нархаш арзонтар аст. Ҳамин 180 ҳазор сомонӣ аст.”
Аксари харидорон орзуи доштани мошини наву замонавиро мекунанд, аммо ҷайбашон имконияти онҳоро маҳдуд мекунад, аз ин рӯ, дар ниҳоят ҳангоми харид ба мошинҳои камхарҷу куҳнатар бартарӣ медиҳанд. “Агар ман имкон дошта бошам, «Опел» мехарам, он барои ман маъқул аст. Аз он ҷиҳат, ки қисмҳои эҳтиётиаш дастрас аст. Ҳам каммасраф аст,” - мегӯяд Умед, як ронандае аз Душанбе.
Ба Тоҷикистон аксаран воситаҳои нақлиёти дасти дуввум ва сеюм ворид карда мешавад, ки арзиши гумрукии онҳо нисбат ба мошинҳои нав хеле паст аст. Нақлиёти автомобилӣ асосан аз кишварҳои назди Балтика, Дубай ва Куриёву Иттиҳодияи Аврупо ворид карда мешаванд.
Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, дар се моҳи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон бо маблағи андаке беш аз 99 миллион доллар воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии онро ворид карда шуд. Масъулин мегӯянд, воридоти мошин аз соли 2018 инҷониб дубора афзоиш ёфтааст. Ин вазъият ҳам ба имтиёзҳое рабт дода мешавад, ки ҳукумат барои воридоти мошинҳои нав додааст. Ҳамчунин ду соли охир ширкатҳои зиёди хадамоти таксӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ фаъол шудаанд, ки низ талабот ба мошинҳои навро ба вуҷуд оварданд. Бархе барои он ки дар ин ширкатҳо ҷойи кор пайдо кунанд, кӯшиш мекунанд, мошинҳои нисбатан нав бихаранд.
Дар ҳамин ҳол, биноба иттилои бархе аз тоҷирони бозори мошин, манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 масири тиҷорати бозори мошинро ҳам то ҷое тағйир дод. Агар қаблан аксаран мошинҳои дасти дувум аз кишварҳои Аврупо - тавассути Литва ва Латвия ба Тоҷикистон меомаданд, ҳоло ин мошинҳо аз Амрико ҳам ба Тоҷикистон ворид мешаванд.