Хадамот аз ҳукумат хост, ба воридоти мошинҳои кӯҳна иҷозат диҳад

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ҳукумат хостааст, ба таври истисноӣ воридоти беш аз 1300 мошини истеҳсолашон то соли 2005-умро ба қаламрави кишвар иҷозат бидиҳад. Ин миқдор мошин дар истгоҳи гумрукии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд се моҳ боз дармондааст.

Бино маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2017 ба Тоҷикистон бо маблағи 216,3 миллион доллар мошин ворид гардидааст.

Дар Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба хотири иҷозат додани воридоти ин мошинҳо ба қаламрави гумрукии кишвар як ҳафта қабл ба унвонии ҳукумат мактуб навиштанд.

Як масъули ин хадамот ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "ҳоло интизори ҷавоби ҳукуматем. То ҳанӯз ба мактуб ҷавоби мусбат ва ё рад нагирифтем. Ҳавасмандем, ки барои воридшавии мошинҳо иҷозат бидиҳанд. Чунки агар иҷозат шавад, аз 15 то 20 миллион сомонӣ пардохти гумрукӣ ба буҷет ворид мешаванд. Ҳоло ин маблағҳо "ях карда" мондаанд", - гуфт ҳамсӯҳбати мо дар ин раёсат.

Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи январи имсол бо қароре воридоти мошинҳои соли тавлидашон то 2005-ро ба қаламрави кишвар манъ кард. Ин қарор аз 15-уми феврал ба ҳукми иҷро даромад. Сабаби ин иқдом ҳам ҳифзи муҳити зист гуфта шуд.

Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист моҳи январи соли равон гуфтанд, мошинҳои кӯҳнаву фарсуда беш аз ҳама ҳаворо ифлос мекунанд. Аз ин рӯ, кумита ба ҳукумат пешниҳод кард, воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-умро ба кишвар манъ кунад.

Аз эълони манъи воридоти мошинҳои куҳна то ба иҷро даромадани он тақрибан ду ҳафта гузашт ва аз ин рӯ бисёре аз тоҷирони мошин замоне аз он огоҳӣ пайдо карданд, ки мошинҳои харидаашон аз Аврупо дар роҳ ба Тоҷикистон қарор дошт.

Абдулло Раҳимов, як ҷавони тоҷик, ки аз соли 2013 ба тиҷорати мошин машғул аст, гуфт, замоне аз маҳдудият дар воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 огоҳ шуд, ки аллакай 12 мошинро аз қайди кишварҳои Аврупо хориҷ карда, ба Тоҷикистон мефиристод.

Ӯ мегӯяд, инак чаҳор моҳ боз 12 мошини фиристодаи ӯ дар истгоҳи гумрук дармондааст ва намедонад чӣ кор кунад: "Арзиши мошинҳо аз 40 ҳазор доллар бештар аст ва пули ман, инак, ҳудуди чаҳор моҳ боз дармондааст. Ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ҳам равонӣ азоб мекашем", - афзуд ӯ.

Ин тоҷири тоҷик гуфт, умед дорад, ҳукумат ба таври истисноӣ воридоти ин мошинҳоро иҷозат медиҳад. Вай афзуд, дар сурати фурӯхтани мошинҳояш дигар аз ин тиҷорат даст мекашад. "Чунки тиҷорати мошин бо маҳдудиятҳои нав чандон гарму судовар нахоҳад буд", - гуфт Абдулло Раҳимов.

Ӯ афзуд, "мардуми мо қобилияти харидории мошинҳо истеҳсолашон аз 2005 навтарро надоранд. Ба ҳисоби миёна ин гуна мошинҳо то ба Тоҷикистон 55-60 ҳазор сомонӣ (6000 доллар) нарх хоҳанд дошт. Мошини миёнаи мардуми мо 1-1500 доллар аст. Аз куҷо ин хел пул ёфта мошин мехаранд? Дар мо мисли дигар кишварҳо бонкҳо ҳам қарзҳои боимтиёз намедиҳанд, ки мардум бо қарзи бонк мошин гиранду кам-кам ҳар моҳ пулашро дода соф кунанд."

Абдулло Раҳимов мегӯяд, бинобар паст будани қобилияти харидории мардум, дигар тиҷорати мошин чандон судовар нахоҳад буд ва қарори нав воридоти мошинро аз садҳо адад дар моҳ то ба 20-30 поин хоҳад бурд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук дар соли 2017 ба Тоҷикистон бо маблағи 216,3 миллион доллар амрикоӣ мошин ворид гардидааст. Ба гуфтаи ин хадамот, воридоти мошин дар нисбати соле қабл аз ин, 15 дарсад бештар шуд.

Ба Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти дасти дувум ворид карда мешавад, ки арзиши гумрукии онҳо нисбат ба мошинҳои нав хеле паст аст. Нақлиёти автомобилӣ асосан аз кишварҳои назди Балтика ва Иттиҳодияи Аврупо ворид карда шуда, воридоти мошинҳои боркаши калонҳаҷм бошад, аз Ҷумҳурии мардумии Чин сурат мегирад.

Хадамоти гумурук мегӯяд, афзоиши воридот дар соли гузашта пеш аз ҳама аз ҳисоби мошинҳои боркаши калонҳаҷме, ки барои иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мамлакат истифода мешаванд, вобаста аст.