Нерӯҳои мусаллаҳи Русия зарфияти маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” дар Тоҷикистонро тақвият додаанд. Ҳамакнун онҳо имкон доранд дар масофаи беш аз 50 ҳазор километр ҳама тағйироте дар фазои кайҳониро таҳти назорат қарор дода, аз маркази назоратии худ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҳуҷумҳои кайҳонии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Ҳадафи аслии Русия аз тақвияти зарфияти маркази назоратии “Окно”сабқат бо кишварҳои ғарбӣ аст, ки аз тавонҳои бештар бархурдор ҳастанд.
Муовини фармондеҳи нерӯҳои кайҳонии Русия сарҳанг Андрей Ивашин ба хабаргузориҳои Русия, аз ҷумла ба “ТАСС” ва “РИА Новости” 26 ноябр гуфтааст, чунин тақвияти зарфияти маркази кайҳонии “Окно” имкон медиҳад амнияти бештари парвозҳои мушакҳои кайҳонии Русияро таъмин кунад. Вай афзуд, ки ҳоло ин марказ қодир аст аз бархурди мушакҳои кайҳонӣ бо ҷуссаҳои кайҳонии майда низ ҷилавгирӣ кунад.
Баъд аз пурзӯр кардани таҷҳизоти кайҳонӣ дар маҷмааи мавсум ба “Окно”-и Тоҷикистон, Русия имкон пайдо кард, ки тамоми ҳаракатҳои ҷуссаҳои то якметра дар фазои кайҳонӣ дар масофаи беш аз 50 ҳазор километрро ошкор кунад. Қаблан ин марказ метавонист танҳо дар масофаи то 40 ҳазор километр кайҳонро таҳти назорат қарор дошта бошад.
"Окно" - василаи дигари сабқат бо Ғарб
Коршиносон маркази назоратии низомии кайҳонии “Окно”-ро як ҷузъи муҳими сипари ҳавоӣ ва кайҳонии Русия арзёбӣ мекунанд. Тибқи иттилои вазорати дифои Русия, аз соли 1999 ин марказ беш аз 5 ҳазор ҷирмҳои нави кайҳониро ошкор кардааст. Ҳамчунин таҷҳизоти ин маркази назоратӣ беш аз 500 партоби мушакҳои кайҳонӣ ва 200 тағйири масири ҳаракати мушакҳои кайҳонии хориҷиро ошкор сохтааст.
Вале соҳибназарон бар ин назаранд, ки ҳадафи аслии Русия аз тақвияти зарфияти маркази назоратии “Окно”сабқат бо кишварҳои ғарбӣ аст, ки аз тавонҳои бештар аз Русия бархурдор ҳастанд.
Рашид Ғани Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик рӯзи 28 ноябр дар сӯҳбат бо Радио Озоди гуфт, ки чунин тақвияти зарфияти маҷмаии “Окно” дар чаҳорчӯби рақобатҳои низомии миёни Русия ва Амрико сурат мегирад.
Нуралӣ Давлат, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, ки марказҳои назорати кайҳонии мисли “Окно” дар ҷаҳон ҳамагӣ 4 адад аст ва се маркази дигар моли давлати Амрико мебошад, ки дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҷойгир шудаанд. Аммо ӯ мегӯяд, "вуҷуди чунин маркази назорати низомии кайҳонии Русия дар қаламрави кишвари мо ба суди Тоҷикистон нест. Зеро кишварҳои ғарбӣ бо дарназардошти вуҷуди чунин марказ Тоҷикистонро ҳаргиз кишвари ҳамшарики худ эътироф намекунанд. Ин марказ танҳо ба хотири амнияти Русия фаъолият карда, навъи сипари кайҳонияш мебошад ва аз он Тоҷикистон ҳеҷ баҳра намегирад".
Объекти стратегии Русия дар қаламрави Тоҷикистон
Маркази “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд, дар ағбаи Шар-Шар дар баландии беш аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар кӯҳистони мавсум ба Санглох бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст. Дар соли 2004 ин пойгоҳи назоратии кайҳонӣ ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Тибқи созишномае, ки он вақт раисони ҷумҳуриҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар як сол то соли 2042 ба иҷора гирифта шудааст.
Зимнан, ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ поягузорӣ шуда, моли давлати Тоҷикистон дониста мешуд. Вале таъмини ҳифозати ҳудуди ин маркази назорати кайҳониро тӯли ин солҳо сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.