Полиси Ереван аз эътирозгарон талаб кард, ки пароканда шаванд

Дар Арманистон ҳазорҳо эътирозгар даъвати полисро барои қатъи гирдиҳамоӣ дар майдони марказии хиёбони Бағрамяни Ереван нодида гирифта, намехоҳанд пароканда шаванд.

Дар Арманистон ҳазорҳо эътирозгар даъвати полисро барои қатъи гирдиҳамоӣ дар майдони марказии хиёбони Бағрамяни Ереван нодида гирифта, намехоҳанд пароканда шаванд. Раиси полис Владимир Гаспарян аз эътирозгарон шоми 28 июн даъват кард, ки ҳадди ақалл маҳалли эътирозро дигар карда, ба майдони Озодӣ бикӯчанд. Аз ин пеш полис ба онҳо таҳдид кард, ки 30 дақиқа фурсат медиҳад, то майдонро тарк кунанд, вагарна полис "худ тартибу интизомро таъмин мекунад". Вале аксари эътирозгарон ин ҳушдори полисро нодида гирифтанд ва эътирози "нишастаи" худро идома доданд.

Ширкатдорони эътирози ба истилоҳи рамзии "Электромайдон" беш аз як ҳафта аст, ки дар майдони рӯбарӯи қасри раёсатҷумҳурии Арманистон таҷаммӯъ карда, зидди нақшаи 16 дарсад боло бурдани қимати нерӯи барқ эътироз мекунанд. Ҳукумат тасмим гирифт, аз 1 август қимати барқро боло барад, вале бо назардошти ин ки ин сеюмин мавриди афзоиши қимати барқ дар ду соли охир аства дар маҷмӯъ 60% афзоиш ёфтааст, ин масъала боиси норизоияти шадиди сокинони Арманистон шуд.

Дар миёни эътирозгарон шумори занону кӯдакон ҳам хеле зиёд аст, дар дасти баъзе атфол навиштаҷот ва шиорҳо ба чашм мехӯрад. Кор ба ҷое расид, ки полис дар муроҷиат ба волидон хост, ки кӯдаконро аз майдон берун кунанд.

Дар як изҳороташ муовини раиси полиси Ереван гуфт, ки дар дасти эътирозгарон маводи тарканда вуҷуд дорад, ҳарчанд аз шарҳи ин иттиҳом худдорӣ кард. Ба гуфтаи мақомоти полис, дар миёни эътирозгарон "дасисабоз" ё иғвогарон низ ҳастанд, ки мехоҳанд ба ин эътирозҳо "ҷомаи сиёсӣ" пӯшонанд. Полис ҳамчунин аз кормандони матбуот даъват кардааст, ки маҳалли эътирозро тарк кунанду ба кори полис халал нарасонанд.

Дар изҳороти сафорати ИМА дар Ереван аз “таниш дар маркази Ереван” изҳори нигаронӣ шудааст. Дар номае, ки дар саҳифаи ин сафорат дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудааст, аз сокинони кишвар даъват шудааст, ки фазои сулҳомезро ҳифз карда аз рафторе, ки боиси халалдор шудани арзишҳои демократӣ мешавад, худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, чанд вакили парлумон, чеҳраҳои маъруфи ҳунар ва ҳам сиёсатмадорон ба майдон омада, талош доранд дар байни эътирозгарон ва полис қарор гирифта пеши роҳи хушунатҳои эътимолиро бигиранд.

Вакили парлумон Никол Пашинян гуфт, ки полис ҳеҷ баҳонае барои пароканда кардани гирдиҳамоии сулҳомез надорад.

Дар баробари садҳо эҳтирозгар, дар майдон шумори зиёди ходимони полисро дидан мумкин аст, ки паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, талош доранд, майдонро дар ҳолати муҳосира нигоҳ доранд.

Шоми шанбе президент Серж Саргсян эълон кард, ки сокинони Арманистон набояд аз рӯи таруфаҳои нав нархи барқро бо қимати баландтар пардохт кунанд. Президент гуфтааст, ки ин қарор то замони анҷоми таҳқиқи кори ширкати “Нирӯи барқи Арманистон” идома мекунад ва ин санҷиш бояд зарурати боло бурдани нархи барқро то 16 % собит кунад. То он замон хароҷоти боқимондаро ҳукумат пардохт мекунад. “Нирӯи барқи Арманистон” марбут ба ширкати «Интер РАО»-и Русия аст.

Эътирозе, ки беш аз як ҳафта аст идома дорад, рӯзи 23 июн бо бархӯрди шадиди полис рӯбарӯ шуд. Бо кӯшиши пароканда кардани мардум, полис аз мошинҳои обпош истифода кард, дар натиҷа 20 нафар маҷрӯҳ ва 240 нафар барои кӯтоҳмуддат боздошт шуданд. Бо ин вуҷуд, эътирозгарон майдонро тарк накарданд.

Маҳалли эътироз дар пахши зинда: