Ширкати ҳолландии ”Stichting VB Vagobel”, ки мебоист ҳанӯз то 30 ноябр қарордоди 67 миллион доллар сармоягузориаш ба риштаи истихроҷи нафт дар Тоҷикистонро бо ширкати швейтсарии MNP Petroleum имзо мекард, барои ниҳоӣ кардани ин тавофуқ то 19 феврал фурсат хостааст. Дар ин бора MNP Petroleum рӯзи 31 декабр дар сомонааш хабари алоҳидаеро мунташир кардааст.
MNP Petroleum тавассути ширкати DWM Petroleum AG ширкате бо номи “Somon Oil” таъсис дода, 90 дарсади майдонҳои нафти Ғарбӣ ва Шимолуғарбӣ дар вилояти Суғдро дар даст дорад. Ин ширкат ҳамчунин ҷиҳати анҷоми корҳои иктишофӣ дар 8 майдони нафтии фаъол дар Тоҷикистон тааҳҳуд супурдааст ва мунтазири тасмими ”Stichting VB Vagobel” аст, ки оё кай ба созишномаи сармоягузорӣ имзо мекунад ва роҳ барои ихтисоси 67 миллион доллар барои идомаи фаъолиятҳояш дар риштаи истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ҳамвор мешавад.
Ширкати швейтсарии “Somon Oil” қаблан гуфта буд, бо анҷоми корҳои сейсмо-иктишофӣ ба кандани чоҳҳо дар ду майдони “Сӯфатоғи ғарбӣ” дар марзи ноҳияи Ашт бо Узбакистон ва дар кони “Қайроқум Б”, ки дар зери обанбори Қайроқум ҷойгир будааст, омодагӣ мегирад.
Мирзошариф Исломиддинов, мудири кулли “Сомон Ойл” моҳи сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кандани ҳар чоҳ дар шароити Тоҷикистон 22 миллион доллар сармоягузориро талаб карда, дастикам 8 моҳро дар бар мегирад: “Кандани чоҳ як кори хеле гаронарзиш аст ва ҳар рӯзи кори ширкати чоҳкобӣ то 50 000 долларро талаб мекунад. Аз ин рӯ, таваққуф дар ин марҳала ба зарари ширкат аст ва мо бояд ба ҳар роҳе дар 8 моҳ корро тамом кунем. Барои танҳо лӯлаҳои мустаҳкамкунандаи ҳар як чоҳ то 850 тонна лӯла лозим аст. Барои пурра сохтани як чоҳ – тақрибан 1000 тонна.”
Умеди “Somon Oil” маҳз ба 67 миллион долларест, ки дар сурати имзои созишнома байни MNP Petroleum – ва ”Stichting VB Vagobel” бояд ба Тоҷикистон барои идомаи корҳои истихроҷи нафт сарозер шавад. Ба гуфтаи Мирзошариф Исломиддинов, “ширкатҳои чоҳкобӣ зиёданд. Ширкатҳои Чин мунтазир нишастаанд, ширкатҳои амрикоии мустақар дар Қазоқистон низ чашм ба роҳанд, ки мо кай кандани чоҳҳоямонро шурӯъ мекунем? Баъдани кандани “Қайроқум Б” ва “Сӯфатоғи ғарбӣ” мо барои кандани чоҳи дуюм ба Қайроқум бармегардем.”
Тақрибан 5000 километри мураббаъ аз қаламрави шимоли Тоҷикистон низ ба ҳудуди нафтхези маъруф ба “халиҷи Фарғона” шомил мешавад. Дар ин қаламрав 4 кони нафти, ба қавли коршиносон, “ояндадор” вуҷуд дорад:
- Майдони “Шарқӣ” - дар ҳудуди ноҳияи Исфара ва қисми шарқии ноҳияи Конибодом;
- Майдони “Ғарбӣ” (минтақаҳои “Навобод”, “Овчӣ- Қалъача”) - дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, як қисми Ғончиву ғарби Конибодом;
- Майдони “Шимолӣ – Ғарбӣ” – дар қисми шимолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ғарби ноҳияи Ашт ва зери обанбори Қайроққум;
- Майдони “Шимолӣ – Шарқӣ” – дар қисмати шарқии ноҳияи Ашт, дар марз бо Узбакистон.
Аммо ба сурати умум, Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳамсояи ҷанубиаш – Афғонистон – манобеи фаровон ва бузурги нафту газ надорад ва дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба ин ду навъи муҳими маводи сӯхтро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. Чунин вобастагӣ ба газу бензини воридотӣ иқтисоди кишварро дар як ҳоли хеле осебпазир қарор медиҳад.
Аз соли 2008 батадриҷ маҳдуд шудану аз соли 2012 пурра қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро маҷбур кард, ба таври хеле шитобзада дар фикри гузарондани тавлидоташ ба навъҳои дигари энержӣ ва асосан ба ангишт шаванд. Ҳамин тавр, эъмоли боҷи гумрукии Русия рӯи содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон дар соли 2010 боис шуд, ки нархи бензину солярка ва мазут дар Тоҷикистон ба шиддат боло биравад ва ба сурати силсилаӣ мунҷар ба афзоиши низ башиддати нархи қариб тамоми анвои дигари маҳсулот дар бозорҳои ин кишвар шавад.
Дар соли 2013, бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 миллиону 928 ҳазор метри мукааб газ ва 27 532 тонна нафт тавлид кардаанд. Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, барои пурра ва бидуни ягон каму кост чархондани иқтисодаш солона ба тақрибан 1 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, бо шумули бензин, солярка, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ ва ба тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад.