Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кашфи чанд таълимгоҳ хабар дод, дар он хурдсолон дар шароити «ғайрисанитариву ғайригигиенӣ» ба таълими динӣ фаро гирифта шудаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми июн ба "Озодӣ" гуфт, ки кормандони гуруҳи фаврии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор дар ҷамоати «Сомон»-и ҳамин ноҳия Мансур Маҳмудовро, ки бо тахаллуси «Шайх Мансур» маъруф аст, боздошт кардаанд, ки даҳҳо тан аз ноболиғонро дар манзили зисташ дар шароити ба қавли Вазорати корҳои дохилӣ «ғайрисанитариву ғайригигиенӣ», таълим медодааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин бо нишондоди сокини ноҳияи Шаҳринав Абдусалом Раҷабов, ки дар рабудани Муҳамадҷон Тоштемирови 5 сола ( 9 уми июн) даст дошт, маълум шудааст, ки дар ноҳияи Шаҳринав низ як рӯҳонӣ бо номи «Қорӣ Мубин» (Ҳодиев Мубинхон) шаш нафар ноболиғро дар манзили зисташ дар "шароити нокифоя барои таълим", дарс медодааст. Ин руҳонӣ ҳамакнун аз ҷониби мақомот боздошт шудааст.
Дар ҳамин ҳол Содирхон, яке аз наздикони Мубинхон Ҳодиев мегӯяд, ки ин наврасон бо ризояти падару модарон ва таҳти назари волидонашон, ки аслан ҳамсояҳову наздикон ҳастанд, дарси забони арабӣ ва улуми ибтидоии исломӣ мегиранд: «Онҳо дар утоқи алоҳида рӯи фарши тамизшуда ва мизҳои тоза барои як соат ва ё ду соат дарс мегиранду боз ба назди волидонашон бармегарданд.»
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ҳоло дар ҳамаи навоҳии кишвар ва шаҳри Душанбе теъдоди домуллоҳо ва бибимуллоҳое, ки дар манзили зист ба ноболиғон дарси ислом медиҳанд, бештар шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз сокинони даъват кардааст, ки фарзандони худро аз рафтан ба ин гуна таълимгоҳҳо боздоранд. Тибқи қонуни нави масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, падару модар бояд аз равуои фарзандони ноболиғи худ ба муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо ҷилавгирӣ намоянд.