Хунсо шудани "гурӯҳи террористӣ"-и Аламурод Маханов дар Душанбе

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як гурӯҳи 6-нафариеро боздошт кардаанд, ки қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти ин кишварро доштааст.
Аммо дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дармавриди ин боздоштҳои пурсарусадо бо як эълони кӯтоҳ дар ин бора ки “23-юми сентябри соли 2013, соати 21:00 ба воситаи Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон барномаи махсуси телевизионӣ, вобаста ба дастгиршавии гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки тариқи пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, қасди содир намудани амали террористиро доштанд, намоиш дода мешавад.» иктифо кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 6 "террорист" ба раҳбарии Маханов



Мақомоти ин вазорат зоҳиран мехоҳанд ҷузъиёти ин амалиёти боздоштро барои барномаи махсуси худ дар телевизиони давлатӣ нигоҳ бидоранд ва аз ҳар навъ шарҳи қазия ба хабарнигорон то 23 сентябр худдорӣ мекунанд. Аммо як мақоми баландпоя дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, дар маҷмӯъ 6 нафар дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, «як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки раҳбараш Аламурод Маханов низ боздошт шудааст, дар пойгоҳҳои террористон дар Покистон тамрин гирифта, дар маҷмӯъ иборат аз 6 нафар буд ва барои як силсила аъмоли террористӣ дар Душанбе дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ омодагӣ мегирифт.»

Манбаъи «Интерфакс» ҳамчунин гуфтааст, «ҳангоми боздошт аз ин афрод далоили шайъӣ мусодира шуда ва алайҳи онҳо бо иттиҳоми «терроризм» парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.»

Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи 6 ноябр таъйин шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар пешбарии номзадҳо идома дошта, то имрӯз 6 нафар, аз ҷумла раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки зоҳиран барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат вориди мубориза хоҳад шуд, ва фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи мухолифин расман пешбарӣ шудаанд.

Дар арафаи тақрибан ҳар маъракаи сиёсии муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар пешорӯи интихоботҳояш вуқӯъи як ё якчанд таркиш, ягон ошӯби маҳдуд ва «идорашаванда» ваё гузоришҳои мақомот дар бораи хунсо кардани талоши «ҳамлаҳои террористӣ» ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни муҳокимаи парвандаҳои вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо ҷароиме сангине, чун «терроризм» ва «хиёнат ба ватан» аввалӣ ба муддати 15 сол ва дувумӣ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла иддао мешуд, ки онҳо дар пиёда кардани чунин таркишҳо дар остонаи интихоботҳо дар поёни солҳои 90 даст доштанд.

Аммо дар маҳофил бо таҷриба аз маъракаҳои таблиғотии моҳҳои охири мақомоти расмӣ, ки як қартаи асосиаш ҳушдор додани мардум аз эҳтимоли такрори нооромиҳои даврони ҷанги шаҳвандист, эҳтимоли нақши омили таблиғ дар ин хабари ахир дар бораи хунсо шудани «як гурӯҳи террористӣ»-ро сарфи назар намекунанд. Вале аз тарафи дигар, ба гуфтаи як мусоҳиби мо, бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон то як соли дигар ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ансоруллоҳ, ки дар Интернет дар бораи фаъолиятҳои ҷангиаш ҳатто як сомонаи вижа бо забони тоҷикӣ боз кардааст, ин эҳтимолро, ки гурӯҳҳое метавонанд ба ноором кардани вазъи Тоҷикистон дар остонаи интихоботаш иқдом кунанд, низ наметавон комилан аз эътибор соқит кард.


Ду ҷангии ҲИУ дар Афғонистон

Дар ин робита аз ҷумла ба хабари рӯзи ҷумъаи 20-уми сентябри Радиои Озодӣ истинод мекунанд, ки аз қавли мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегуфт, дар набардҳои ахир алайҳи ҷангиёни Толибону Ал-Қоида дар дараи Вардучи ин вилоят як бахши ҷангиён аз қаламрави Тоҷикистон омада будаанд.
Бино ба иттилои манобеъи амниятӣ, ин афрод бо худ тазкира (шиноснома)–и афғонӣ доштаанд. Манбаъи Озодӣ гуфт, онҳо шиносномаҳояшонро аз вилояти Бағлони Афғонистон гирифта, номҳои худро ҳам тағйир додаанд, то дар ҳолати кушта шудан шинохта нашаванд.

Чанд рӯзи қабл Урдуи миллии Афғонистон дар дараи Вардучи Бадахшон амалиёти густардаи зидди Толибон ва ёрони онҳо аз Ал-Қоидаву Ҳаракати исломии Узбакистон(ҲИУ) ва ҷамоати Ансоруллоҳро ба анҷом расонд. Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки дар ин амалиёт 44 ҷангӣ кушта шудаанд ва дар миёни онҳо атбоъи хориҷӣ низ ҳастанд, вале шахсияти кушташудаҳо мушаххас нашудааст. Аммо дар сомонае, ки иддао дорад, аз “Ансоруллоҳ” аст, талафоти нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо дар набардҳои ахир дар Бадахшон “60 аскар кушта, 70 тан захмӣ ва 14 тан асир, 100 мил силоҳ ғанимат” иддао шудааст.

Амалиёти ахир дуввумин амалиёти бузурги нерӯҳои амниятии Афғонистон дар дараи Вардуч тайи соли равон буд. Амалиёти аввал, ки моҳҳои марту апрел пиёда шуд, ба гуфтаи мақомоти афғон, 16 пулис ва ҳудуди 100 ҷангиро кушта ба ҷо гузошт.