Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ҳадди аксари ҷиноятҳои коррпусионӣ дар пойтахти Тоҷикистон рух медиҳанд. Рӯзи 4 феврал дар Душанбе боз як маъмури андоз ҳангоми гирифтани 4000 доллар пора дастгир шудааст.
Маъмурони Оҷонсии зидди фасод соати яки рӯзи 4 феврал дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт як корманди идораи андози шаҳри Душанберо ҳангоми ситонидани ришва ба маблағи 4 000 доллар боздошт карданд. Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҷумъахон Холов - мутахассиси шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони раёсати андози шаҳри Душанбе ҳангоми ситонидани 4000 доллар аз соҳибкор Мирзокаримов Р.С. дастгир шуд.
Оҷонсӣ мегӯяд, маъмури андоз моҳи август ҳангоми тафтиши фаъолияти ин соҳибкор аз ӯ барои кам нишон додани андозаш 50 000 сомонӣ ба сифати ришва талаб кардааст. Рӯзи 3 феврал ӯ аз Мирзокаримов дар ивази дубора насанҷидани кораш 5 000 доллар талаб карда, 1000 долларашро ҳамон рӯз мегирад. Соҳибкор баъди ин ба Оҷонсӣ муроҷиат кардаааст ва нозири андоз рӯзи 4 феврал ҳангоми ситондани 4000 доллари боқимонда аз «ҳақ»-аш ба даст афтод.
Феълан алайҳи ин корманди идораи андози пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар боздоштгоҳи мувақатии Оҷонсии зидди фасод ба ҳабс гирифта шудааст.
Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, маъмуронаш дар моҳи январ низ ду корманди дигари бахши андозро ҳангоми гирифтани ришва боздошт кардаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти оҷонсӣ, корманди нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо номи Ҳайдар ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 доллари амрикоӣ дастгир карда шуданд ва 21 январ сармутаххасиси нозироти андози ноҳияи Ҳисор Бобохон Ҳисайнов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 850 доллари амрикоӣ боздошт шуданд.
Чаро фасод дар марказ бештару бузургтар шудааст?
Боздошти 3 ходими андоз дар ҳамагӣ 35 рӯзи соли 2014 дар ҳолест, ки рӯзи 4 феврал раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ аз боло рафтани сатҳи фасод ва ҳаҷми пора дар шаҳри Душанбе изҳори ташвиш кард.
Абдулфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов) дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли рӯзноманигоре гуфт, ки пурсид, «чаро ходимони давлатӣ хеле хашин шудаанд ва бидуни пора бо коруфтода муомилае намекунанд?», гуфт, далели асосии боло рафтани сатҳи фасод дар пойтахти Тоҷикистон ба боло рафтани даромади мардум бастагӣ дорад: «Мардум, ки доро шуд, агар қаблан ба духтур як сомонӣ медод, ҳоло 2, 5 сомонӣ медиҳад. Инро касе инкор карда ҳам наметавонад. Ҳоло агар ба сатҳи ноҳияҳо равем, шиддати коррупсия он қадар, ки дар марказ аст, ин тавр нест. Ҳамон муаллим, духтур, корманди милиса ва ҳар масъуле, ки набошад, дар рӯ каме шарму ҳаё дорад. Инсоф ҳаст. Лекин дар пойтахт нест.»
Абдулфаттоҳи Ғоиб дар ин маврид оморе наовард, аммо дар ин ниҳод ба Озодӣ гуфтанд, ки агар солҳои 2008 – 2010 як духтур бо 100 сомонӣ ё як муаллим бо 50 сомонӣ дастгир мешуд, ҳоло бо 200 – 300 доллар боздошт мешаванд. Ба қавли ин манбаъ, агар довталаб барои тариқи пора ба кор даромадан ба ягон ниҳоди «равғанӣ» солҳои қабл 1000 – 2000 доллар медод, ҳоло бо 10 - 12 ҳазор доллар боздошт мешаванд. Аммо дар посух ба ин, ки мақомҳо низ хиридуфурӯш мешаванд ва ҳатто сухан дар бораи садҳо ҳазор доллар меравад, кормандони ин ниҳод гуфтанд, дар ин бора маълумоте надоранд.
Ва ин ҳама ҷиноятҳои коррупсионӣ на дар музофот, балки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иттифоқ меафтанд. Фирӯз Саидов, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар тамоми дунё пойтахтҳо макони ҷароими бузурги молӣ ва ҳам фасод ҳастанд: «Агар аз рӯи даромад гирем, шаҳри Душанбе дар қиёс бо навоҳӣ фарқи калон дорад, музди меҳнаташ ҳам зиёд аст. Аз ин хотир, додани ришва ҳам зиёд аст. Дар музофот як нафар он қадар даромаде надорад, к як маблағи ҳангуфтро пора диҳад. Ин таносуби даромади миёни вилоятҳо ва пойтахт аст.»
Коршиносон ҳамчунин мавориди зиёди коррупсиониро ба аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодии пойтахти Тоҷикистон рабт медиҳанд. Маҳз ин ҷо маболиғи кишвар тақсим мешаванд ва ҳам тамоми ниҳодҳои марказӣ дар ин ҷо ҷойгиранд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон, имсол ҳам вазорати маориф бо 151 мавриди ҷинояти коррупсионӣ дар садри ҷадвали вазоратҳои Тоҷикистон меистад. Ба дунболи он, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва собиқ энерживу саноат меистанд, ки аз 60 камтар ҷинояти коррупсионӣ содир кардаанд.
Аммо ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, азбаски «имзо» дар дасти ҳукуматиҳоест, ки дар Душанбе менишинанд, корафтодагони музофотӣ маҷбуранд барои гирифтани он ба пойтахт оянд ва маблағи пораро ҳам ин ҷо оранд. Вай афзуд, мақомот дар бораи ҳазору даҳ ҳазор доллар суҳбат мекунанд, танҳо «қуллаи пирях» аст, дар асл маблағҳо зиёданд ва онҳое, ки барои содир кардани ҷинояти коррупсионӣ дасти боз доранд, маълуманд:
«Азбаски мардум асосан дар заминаи хешутаборӣ соҳиби мансаб мешаванд, усули «як бому ду ҳаво» татбиқ мешавад. Танҳо барои ҳисобот онҳое боздошт мешаванд, ки ба ин ё он авлоди муайян, маҳалли муайян ва доираҳои муайяни дигар робитае надоранд. Маҳз онҳо барои гирифтани пора муҷозот мешаванд.»
Мунтақидон аз ҷумла аз қазияи Зайд Саидов ёдовар мешаванд ва мегӯянд, ба фарқ аз ӯ, даҳҳо нафари ба ҳукумат наздик бо вуҷуди ҳадсу гумонҳо дар бораи даст доштанашон дар фасоди густарда аз масъулият эмин мондаанд.
Абдулфаттоҳи Ғоиб мегӯяд, Оҷонсии зиддифасод бо вуҷуди муборизаи беамон наметавонад ҳамаи онҳоеро, ки даст ба ҷинояти коррупсионӣ мебаранд, паси панҷара нишонад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин сурат дар зиндонҳо ҷой нахоҳад монд.