Дафтари ҲНИТ-ро муҳр заданд

ҲНИТ мегӯяд, мақомоти шаҳри Хуҷанд бо бастани дафтари вилоятии ин ҳизби мухолиф ҳадафмандона монеъи баргузории нишасти хабарии муовини раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва вакили мудофеъ Юсуф Дониёров шудаанд.
Масъулони ҳизб мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ дафтари ҳизб дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷандро пурра мӯҳр заданд. Интизор мерафт, ки Саидумар Ҳусайнӣ, ки феълан бо маъмурияти вижае дар вилояти Суғд қарор дорад, баъд аз зӯҳри 23 январ ҳамроҳ бо Юсуф Дониёров дар бораи қазияи узви ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев, ки рӯзи 19 январ ба таври мармуз дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузашт, нишасти хабарӣ доир кунанд.

Субҳи 23 январ гузориш шуд, ки хатти барқи дафтари вилоятии ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар маркази вилояти Суғдро қатъ кардаанд. Илҳом Ёқубов, раиси бахши вилоятии ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз аз идораи барқи Хуҷанд омада, хатти барқи дафтари ҳизб, воқеъ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷандро бидуни огоҳӣ қатъ карданд.

«Баъд аз намояндагони шӯъбаи барқ боз ходимони идораи сӯхторхомӯшкунӣ ба дафтар омада, дари ошёнаи сеюм ва толори маҷлисгоҳро маҳкам карда рафтанд. Ҳоло фақат дари утоқи ман боз асту тамом. Онҳо ба пурсишҳои мо дар бораи сабабҳои ин иқдомашон аслан ҳарфе назаданд,» - меафзояд Илҳом Ёқубов. Ӯ зӯҳри 23 январ хабар дод, ки дафтари ҳизбро пурра бастанд.

ҲНИТ мегӯяд, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд бо хомӯш кардани барқи дафтар ва бастани дари маҷлисгоҳаш амдан нагузоштанд,ки нишасти хабарии муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ, вакили мудофеъ ва наздикони марҳум Умедҷон Тоҷиев бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардад.

Юсуф Дониёров масъулияти ҳимояи Умедҷон Тоҷиевро, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави Ансоруллоҳ айбдор мешуд, бар ӯҳда дошт. Мақомот мегӯянд, ки иллати марги Тоҷиев сактаи қалб буд. Вале пайвандонаш ба ин фарзия бовар надоранд ва мегӯянд, ки ӯ аз замони боздошташ дар таърихи 30 октябр таҳти шиканҷа қарор дошт ва ҳатто дар авоили моҳи ноябр худро аз қабати дувуми шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун андохт. Мақомот дар шарҳи он қазия гуфта буданд, ки Умедҷон Тоҷиев қасди фирор дошт.

Мақомоти ҳукумати вилояти Суғд сабабҳо ҳамзамон ба тафтиши қароргоҳи ҲНИТ фиристодани намояндагони идораи сӯхторхомӯшкунӣ, шӯъбаи санитарию эпидемиологӣ ва маъмурони умури дохиларо шарҳ намедиҳанд.

Вале як намояндаи шӯъбаи санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ дар вилояти Суғд, ки нахост номаш ифшо шавад, хеле кӯтоҳ гуфт, ки намояндагони онҳо шароити беҳдоштии дафтари ҳизби наҳзатро муоина карда, ба ин натиҷа расидаанд,ки то замони беҳтар шудани вазъи санитарӣ баргузор кардани ҷамъомадҳо бо ширкати мардуми бисёр дар ин толор номумкин буда, дари маҷлисгоҳ ба ин далел баста мешавад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки онҳо мӯҳри худро дар дари маҷлисгоҳ расман насб кардаанд.




Аммо намояндаи ҲНИТ Илҳом Ёқубов мӯътақид аст, ки сабаби аслии ин иқдоми идораҳои шаҳр имкон надодан ба баргузории нишасти хабарии имрӯза буд. Вай афзуд, онҳо аз дирӯз хабарнигоронро барои ширкат дар нишасти хабарӣ, ки мебоист имрӯз соати 14 00 баргузор шавад, даъват карда буданд. Мушкилоти пешомада, ба гуфтаи Ёқубов, боис шуд, ки ин нишастро то вақти дигар ба таъхир андозанд.

Дар моҳи сентябри соли 2013 низ қароргоҳи бахши вилоятии ҲНИТ дар вилояти Суғд бо дастури идораи амният аз сӯи тамоми идораҳои назоратӣ, бо шумули идораҳои барқу об ва санитарӣ, тафтиш шуда буд. Як фаъолии ин ҳизб дар ноҳияи Ашт аз он шикоят карда буд, ки мақомот даҳҳо нусха китоби фурӯширо аз дӯкони хурди китобфурӯшии ӯ бо баҳонаи "хатар доштанаш ба саломатии муштариён" мусодира кардаанд.

ҲНИТ, ки шумори аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар мегӯяд, баъд аз ҳизби ҳокими халқиву демократӣ дувумин ташаккули бузурги сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин ҳизб дар парлумони кунунӣ ду вакил дорад, вале масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки таъқибу фишори аъзо ва ҳаводоронаш дар солҳои охир башиддат афзуда, мақомот ҳатто маъракаи вижаеро алайҳи онҳо пиёда кардаанд, ки дар матбуоти маҳаллӣ бо номи «маъракаи анти-наҳзат» маъруф шудааст.