Таҳқиқи OCCRP: Имтиёзҳои оила

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи "Зумрад". Соли 2017.

OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод як шабакаи ҷаҳонии хабарнигорон ва муборизони зидди фасод аст, ки соли 2006 аз тарафи Дрю Салливан (Drew Sullivan) ва Пол Раду (Paul Radu) таъсис ёфта, то ин замон наздики 100 таҳқиқоти журналистиро ба нашр расондааст ва дар саросари ҷаҳон зиёда аз 90 миллион хонанда дорад. Пажуҳишҳои гузаштаи ин созмон дар бораи Тоҷикистон дар ин сафҳа мунташир шудаанд. Рӯзи 27-уми декабри соли 2019 ин созмон дар сомонаи худ матлаби наверо дар бораи Тоҷикистон бо имзои OCCRP-Tajikistan ва Олга Гейн мунташир намуд, ки фишурдаи онро бознашр мекунем:

Дар ҷараёни як суханронӣ дар моҳи майи соли 2019, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна ба шумор меравад, мансабдорони давлатиро барои фасоди густарда ва ончи бемасъулиятӣ хонда буд, қотеъона сарзаниш кард.

Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон ҳамеша бо камбуди буҷа рӯбарӯст, зеро баъзе аз масъулони гумрук ва марзбонӣ бо “бемасъулиятӣ ва беамалӣ” қочоқи миллионҳо сомонӣ молу колоро дар саросари кишвар нодида мегиранд.

Ӯ дар ҷаласаи масъулони давлатӣ гуфт: “Мо буҷаро аз куҷо пур мекунем? Куҷо нигоҳ мекунем? Садҳо миллион, миллиардҳо сомонӣ ба буҷа ворид намешавад.”

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 сол боз дар сари қудрат аст, ҳар қадар бихоҳад, метавонад мансабдоронро накӯҳиш ва танбеҳ кунад, аммо санаду ҳуҷҷатҳое, ки Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод (OCCRP) ба даст овардааст, нишон медиҳад, шиорпароканиҳои ӯ дар бораи риояти қонун гӯё ба хешовандони худаш ҳеч рабт надорад.

Дар моҳи марти соли 2019 қароре содир кард, ки тибқи он се ширкат аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод шуданд. Дуто аз ин ширкатҳо ба хонаводаи худаш мустақим иртибот доранд. Ин ширкатҳо барои ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ барои бозсозии меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, аз ҷумла миллионҳо тонна арматур, унитаз, кошӣ ва паркет ва ғайра аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шудаанд.

Акс аз OCCRP

Дар моҳи июли соли гузашта низ вай бо судури қароре ин ширкатҳоро аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ барои воридоти масолеҳи дигар, монанди мебел ва чӯбу тахта, озод кард. Ширкатҳое, ки ба хонаводаи раисҷумҳур рабте надоранд, ҳангоми ворид кардани ин масолеҳ муваззафанд андоз ва боҷи гумрукиро бипардозанд.

Порсол OCCRP пажӯҳишеро дар бораи фаъолиятҳои тиҷории густардаи Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон интишор дода буд. Ин пажӯҳиш баёнгари он буд, ки Соҳибов аз пайванди хонаводагӣ бо раисҷумҳур фоидаву сармояи фаровоне ҳосил кардааст. Манфиатҳои тиҷоратии ӯ асосан аз тариқи ширкати бузурги “Фароз” таъмин мешавад – ширкате, ки арсаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистонро дар қабзаи худ гирифта ва рақибонашро аз роҳи фишору маҳдудият аз саҳна хориҷ мекунад.

Ҳоло OCCRP аз фаъолияти ду ширкати дигар парда бардошта, ки ба хонаводаи Соҳибов тааллуқ доранд ва барои бозсозии осоишгоҳҳои худ бо қарори худи раисҷумҳур аз пардохти андоз озод шудаанд. Асноди имзошуда аз сӯи Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ва истисноии ӯро ба хешовандонаш ба намоиш мегузорад.​

Тарака ва мероси Шӯравӣ

Осоишгоҳи «Зумрад» соли 1970 дар канори рӯди Исфара дар шимоли Тоҷикистон сохта шуд, ки дар маконе зебоманзара ва дар наздикии марзи Узбекистону Қирғизистон воқеъ аст. Ин осоишгоҳ ҳамон замон дар саросари Осиёи Миёна ба хотири обҳои маъданӣ ва гилҳои шифобахшаш машҳур шуда буд.

Ҳоло дар ин осоишгоҳ 500 муштарӣ метавонанд дар як замон бо пардохти аз 11 то 25 доллар дар шабонарӯз истироҳат кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки маоши миёна дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 135 доллар аст, бештари шаҳрвандон барои истироҳат дар ин осоишгоҳ пули кофӣ надоранд.

Дар моҳи апрели 2015 ҳукумат аз хусусисозии ин осоишгоҳ хабар дод ва арзиши онро 1,1 миллион доллар таъйин карда буд. То охири сентябри ҳамон сол ширкати “Сомон-Суғд”, саҳоми ин осоишгоҳро ба қимати 950 ҳазор доллар ва 600 ҳектар замини атрофи онро ба қимати 91 ҳазор доллар харид. Моликони ин ширкат ду домоди президенти Тоҷикистон ва раиси он бародари онҳо Нарзулло Соҳибов аст.

Нарзулло Соҳибов аз соли 2014 ба ин сӯ дар як ниҳоди давлатӣ муовини раис аст ва бар асоси қонуни зиддифасоди Тоҷикистон ба унвони як мансабдори давлатӣ ҳаққи машғул шудан ба тиҷорат ва сармоягузории хусусиро надорад.

Осоишгоҳи “Зумрад”, ки ҳоло пурра дар ҳоли бозсозӣ шудан аст, тибқи дастуру қарорҳои тасвибшуда дар моҳҳои март ва июли соли 2019 аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ барои воридоти масолеҳи сохтмонӣ озод шудааст.

“Шоҳамбарӣ” осоишгоҳи дигаре бо собиқаи дурахшон аст, ки моҳи июни соли 2016 ба маблағи 395 ҳазор доллар ба ширкати “Рӯҳафзо-2015” фурӯхта шудааст. Ин ширкат низ ба хонаводаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад.

Осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ". Акс аз OCCRP

Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” соли 1950 дар доманаи кӯҳҳои Ҳисор сохта шуд, ки фосилаи роҳаш то пойтахти кишвар 45 дақиқа аст. Инҷо бештар касоне, ки аз бемориҳои меъдаву рӯда, устухонҳо ва асаб ранҷ мебаранд, бо истифода аз ҳаммоми оби маъданӣ ва имкониятҳои дигар муолиҷа мешаванд. Ин муҷтамаъ аз 500 утоқ барои ҳудуди 1000 нафар иборат аст. Арзиши ин осоишгоҳ дар замони хусусисозӣ мушаххас нест.

Молики нави осоишгоҳ ширкати “Рӯҳафзо-2015” аст, ки яке аз муассисони он Зайнулло Соҳибов, бародари ду домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муассиси дигари он ширкати “Самоҳ” аст, ки соҳибаш маълум нест. Вале ин ширкат соли 2016 ҳамроҳи Соҳибов ширкати дигаре ҳам бо номи “Фараҳноз-1” таъсис додаанд.

Мисли “Зумрад”, ширкати “Рӯҳафзо-2015” низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ барои ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ барои бозсозии “Шоҳамбарӣ” озод шудааст.

Тибқи гузоришҳо ва ба гуфтаи коргарони маҳаллӣ, Маҳмадзоир Соҳибов, ки бо духтари бузурги раиси ҷумҳур издивоҷ кардааст, пайваста аз осоишгоҳҳои “Зумрад” ва “Шоҳамбарӣ” хабар мегирад ва бо умури сохтмонӣ ошно мешавад. Аксҳое, ки торнамои раиси ҷумҳур интишор дода буд, нишон медиҳанд, ки Маҳмадзоир Соҳибов худаш хусурашро дар осоишгоҳи “Зумрад” ҳамроҳӣ мекунад.

OCCRP

Севумин ширкате, ки аз пардохти молиёт озод шудааст, “Дарё-2015” ном дорад, вале иртиботи он бо хонаводаи президент Раҳмон рӯшан нест. Ин ширкат сохтмони як меҳмонхонаи 11-ошёнаро дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи президент, ба уҳда дорад. Худи раисҷумҳур санги аввали ин биноро дар соли 2016 гузошта буд.

Сарвати "худодода"

Бино бар ҳуҷҷатҳои бадастомада хонаводаи раисҷумҳур дар иқтисоди Тоҷикистон ҳузур ва нуфузи густардае дорад. Ширкати «Фароз», вобаста ба домоди бонуфузи раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов, бисёре аз бахшҳои иқтисоди кишварро дар қабзаи худ гирифта ва дар ҳамаи умур аз имтиёзоте нисбат ба рақибонаш бархурдор аст.

Масалан, соли 2015 “Фароз” ҳаққи истифода аз замин дар ягона муҷтамаи лижарониро бо тахфифи зиёд харид. Баъди як сол худи раисҷумҳур дар расми баҳрабардорӣ аз ин муҷтамаъ аз “тоҷири ватандӯст” барои иҷрои ин тарҳ ситоиш ва қадрдонӣ кард, ҳарчанд аз домодаш ном набурд. Соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон ба бахши гардишгарӣ имтиёзҳо дод, ки ин муҷтамаъро ҳам дар бар мегирад.

Дар аввалҳои соли 2016, баъд аз он ки ширкати “Фароз” мактаби ронандагӣ таъсис дод, ҳукумати Тоҷикистон наздик ба ду севуми мактабҳои ронандагиро ба баҳонаи сатҳи пасти омӯзиш баст. Бақияи ин мактабҳо маҷбур шуданд, ки бо пардохти пул аз автодром ё пойгоҳи озмуни ронандагии ширкати “Фароз” истифода кунанд.

Осоишгоҳи "Зумрад". Соли 2017. Акс аз сомонаи расмии президенти Тоҷикистон

Ҳамчунин, “Фароз” танҳо ширкатест, ки бо дарёфти иҷозатнома ҷамъоварию фурӯши шираи камолро ба монополияи худ даровардааст. Аз ин гиёҳ дар таббохӣ ва тибби суннатӣ фаровон истифода мешавад. То соли 2008, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварию фурӯши озодонаи онро мамнуъ кард, бисёре аз хонаводаҳои фақир аз ҷамъоварӣ ва фурӯши он зиндагии худро пеш мебурданд.

Дар моҳи августи гузашта, мудири омили ширкати “Фароз”, Азамат Қосимов, дар номае ба ҳукумат ва Кумитаи андози Тоҷикистон аз барҳам додани ин ширкат ба далели муфлисшавӣ хабар дод. Аммо бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки ин ширкат мехоҳад бо таҷдиди сохторӣ номи ширкат ва ҳамчунин собиқаи онро ба фаромӯшӣ супорад.

Аъзои хонаводаи Раҳмон акнун метавонанд осоишгоҳҳои “Зумрад” ва “Шоҳамбарӣ”-ро ҳам ҷузъи сарватҳое ба шумор оваранд, ки осон ба чангашон омадааст. Ин ду осоишгоҳ ба феҳристи тӯлонии амволу дороиҳои онҳо дар бахшҳои варзиши зимистонӣ, омӯзиши ронандагӣ, ҷамъоварӣ ва фуруши гиёҳҳои дармонӣ, бонкдорӣ, истихроҷи маъдан, терминалҳои мусофирбарӣ ва гумрукӣ изофа шудааст.

Онҳо, албатта, бояд шукронаи имтиёзҳои молие ҳам кунанд, ки ҳукумат ба манзури бозсозии осоишгоҳҳо барояшон арзонӣ доштааст.