Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як паёми видеоӣ ҳамаи касонеро, ки дар саросари ҷаҳон иди Наврӯзро таҷлил мекунанд, табрик гуфт. Барак Обама, ки суханронии худро бо лафзии форсии "Наврӯз муборак!" оғоз кард, гуфт, барои ҳазорон сол хонаводаҳо ва дӯстон дар канори ҳам ба истиқболи Наврӯз мерафтанд.
Обама бо ишора ба ҷашни Наврӯз, ки ҳафтаи гузашта дар Кохи Сафед бо ибтикори ҳамсараш Мишел Обама баргузор шуд, ёдовар шуд, "мо ҳатто ҳафт сини худро таҳия кардем, ки намоёнгари умедҳои мо барои соли нав аст." Вай афзуд, "паёми ман ин аст, ки бояд бо ҳамдигар барои ояндае, ки дар пайи он ҳастем, пойфишорӣ кунем."
Раисиҷумҳури Амрико дар паёми наврӯзии худ хитоб ба мардуми Эрон ва раҳбарони он гуфт, "дар ҳоле ки дар атрофи ҳафт син мешинед, аз Теҳрон то Шерозу Табрез, аз соҳилҳои баҳри Хазар то каронаҳои Халиҷи Форс, барои баракатҳое, ки доред, шукр гузоред ва ба оянда нигаред. Имсол мо беҳтарин фурсатро дар чанд даҳаи ахир барои пайгирии ояндаи дигар барои кишварҳоямон дорем."
Оқои Обама паёми наврӯзии худро бо хондани ин байти Ҳофизи Шерозӣ хотима дод, ки гуфтааст: "Навбаҳор аст дар он кӯш, ки хушдил бошӣ, Ки басе гул бидамад, боз ту дар гил бошӣ."
Дар солҳои охир президентҳои Амрико ба муносибати оғози соли нави хуршедӣ паёмҳои шодбошии наврӯзӣ мунташир кардаанд ва ҳафтаи гузашта Мишел Обама, ҳамсари президенти Амрико дар Кохи Сафед меҳмонии наврӯзӣ баргузор кард.
Мишел Обама рӯзи 11 март дар суханронии тақрибан шашдақиқаии худ Наврӯзро фурсате барои андешидани он чи дар соли гузашта иттифоқ уфтодааст ва барномарезӣ барои оянда донист. Ӯ дар оғози суҳбаташ ибораи “Наврӯзатон муборак”-ро бо забони форсӣ баён кард ва дар идома гуфт, "ин бино, яъне Кохи Сафед, хонаи мардум аст. Ҷое, ки рангорангии фарҳангӣ ва суннатӣ, ки ҳувияти моро шакл медиҳад, ба намоиш мегузорад. Наврӯз яке аз ҳамин суннатҳост."
Бонуи аввали Амрико дар идома афзуд, "беш аз се ҳазор сол аст, хонаводаҳо ва ҷомеаҳо дар Ховари Миёна, Осиё ва дигар гӯшаҳои дунё, аз ҷумла Амрико Наврӯзро, ки нишонаи оғози баҳор аст, ҷашн мегиранд. Наврӯз фурсате барои аз пеши назар гузарондани он чи дар соли гузашта иттифоқ уфтодааст ва барномарезӣ барои оянда мебошад."
Созмони Милал дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Ин ид соли нави қавмҳои эронинажод аст, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад ва дар кишварҳои зиёде, ба монанди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.
Нахустин давраи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Эрон баргузор шуд ва раҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ ва вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия дар он ҳузур доштанд. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ солӣ 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор гардид.
Бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли гузашта дар Кобул, тақрибан 700 нафар раҳбарони маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон иштирок доштанд.