Имрӯз бештар гуфта мешавад, ки “хирадмандии деринаи миллати тоҷик”, “ҳисси ифтихори миллӣ”, “мардуме бо фарҳанг ва таърихи қадима будани тоҷикон”, “ҳисси нигаҳдошти давлати миллӣ” ва омилҳое монанди инҳо сабаб шуданд, ки ду тарафи ҷанги хонагии Тоҷикистон аз апрели соли 1994 сари миз нишинанд ва мушкилоти байниҳамии худро бо гуфту шунуфт ҳал кунанд.
Талоши зиёде мешавад, ки ин сулҳ меваи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ҳамдигар, яъне як амалкарди ихтиёрии тарафҳо намудор карда шавад. Аммо асли воқеа ин буд, ки ҳарду тараф вориди як бунбаст шудаву маҷбур ба эътирофи ҳамдигар ва қатъи ҷанг гаштанд.
Дар ин барнома хоҳед шунид, ки чӣ омилҳое ду тарафро ба сулҳ мойил кард ва кадоме аз тарафҳо бештар аз шарикаш хостори сулҳ буд ва онро чӣ гуна дидан мехост? Кӣ ба он биниши худ расид ва кӣ нарасид? Тарафҳои савуму чаҳорум киҳо буданд ва онҳо чӣ мехостанд? Ҳамроҳ нигоҳе кунем ба воқеаҳои гузашта ва назари ширкатдорону шоҳидону тасмимгирандагони он рӯзҳо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад