Генерал Назаров: “Агар ДИИШ бо Толибон ҳамкорӣ кунад, хатари ҷиддист” ВИДЕО

Нуралишоҳ Назаров

Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, дар сурате ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бо Толибон дар Афғонистон ба ҳам биоянд, хатарашон ҷиддӣ хоҳад шуд. Назаров ин нуктаро ҳангоми суҳбати солинавӣ бо Радиои Озодӣ баён дошт ва таъкид кард, ки ин нуқтаи назари шахсии ӯст.

Вай рӯзи 30-юми декабр, дар остонаи соли нави 2018, гуфт, “гарчӣ дар Сурия ба терроризми байналмилалӣ зарбаи сахта заданд, баъзеи гуруҳҳо аз ҳар тариқ ба кишвари ҳамсояи мо Афғонистон хоҳанд омад. Медонед, ки Афғонистон суботи комил надорад. Ҳар рӯз ҷангу таркиш аст. Агар ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар инҷо бо Толибон ҳамкорӣ кунанд, дар ҳақиқат, хатар доранд.”

Генерал Нуралишоҳ Назаров дар ин суҳбати худ ба шеваи ҷалби ҷавонон ба хидмати артиш, мушкили маориф, ҷойи кор ва муҳоҷирати тоҷикон ба Русия низ дахл кард. Тафсилотро дар ин навори видео бибинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нуралишоҳ Назаров дар бораи ДИИШ, хидмат ва муҳоҷирати тоҷикон ба Русия