Нуқра Раҳматова: Дили инсон бояд нуре дошта бошад

Нуқра Раҳматова, овозхони маъруфи тоҷик

Сарояндаи машҳури тоҷик Нуқра Раҳматова ду дафъа ба Радиои Озодӣ мусоҳиба додааст. Дар онҳо чанд нуктаи пурарзиши таърихӣ, ҳунарӣ ва инсонӣ ҷой доранд.

Саршор аз паёмҳои некӣ, покӣ, ишқу муҳаббат, эҳтиром, қадрдонӣ, лутфу эҳсон, хушгӯӣ ва ширинкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, якдилӣ, тафоҳум, меҳнату заҳмат, масъулиятшиносӣ, сидқ ва самимият ва фаросати бузурги инсонӣ будани ин гуфтугӯҳо онҳоро ҳолати абадӣ медиҳанд ва ҳам симои сарояндаро бароямон ҳувайдо месозанд.

Мусоҳибаҳо дар солҳои 2006 ва 2009 аз тарафи хабарнигори маъруфи Радиои Озодӣ, пажуҳишгари зиндаёд, бунёдгузори пойгоҳи итилоотии адабию иҷтимоии “Рӯзгор” Султони Ҳамад ва ҳамкори дигари мо Сафаргул Олимӣ сабт шуда, дар ганҷинаи тилоии мо нигаҳдорӣ мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нуқра Раҳматова: Дили инсон бояд нуре дошта бошад